Аёдати афсарону сарбозон дар шаҳри Конибодом

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Конибодом аёдат карда шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба хизматчиёни ҳарбӣ табрик гуфт.

Қайд карда шуд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои хизматчиёни ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh