Исфара. Барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Исфара барои афсарону сарбозон дастархони идонаи наврӯзӣ густарда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хизматчиёни ҳарбиро аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно кард.

Таъкид гардид, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат имрӯз ба нерӯи бузург табдил ёфтааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд.

Ба қисмҳои низомӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh