САДРИДДИН АЙНӢ ВА МУҲАББАТИ Ӯ БА “ҲАҚИҚАТИ СУҒД”

Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик, аз оғози фаъолиятихеш барӯзнома варӯзноманигорӣ эҳтиром ва эътиқоди вижа дошт. Нависандаи маҳбуби тоҷик дар мавриди арзиш ва муҳимияти мавқеи рӯзнома дар ҷомеа андеша намуда, қайд карда буд, ки “рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшонаст. Ҳар қавме, ки рӯзномана дорад, гӯё ки забон надорад”. Бо дарки ҳамин маънӣ устод Айнӣ бо васоити ахбори омма ва ба вижа матбуот ҳамкориҳои пайвастаро ба роҳ монда буд.

Садриддин Айнӣ то охири ҳаёти хеш ин ҳамкориро идома дода, рӯзномаро чун минбарисозгор барои тарғибу ташвиқи сиёсат, фарҳанг, адабиёт ва илму ҳунар мешинохт. Ошноӣ бо бастаҳои рӯзномаҳои он давр собит месозанд, ки ин ҳамкориҳо воқеан ҳам, пурбор ва барои ҷомеа манфиатбор будаанд. Гуфтанист, ки ҳамкории Садриддин Айнӣ бо рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” аз ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ оғоз гашта, минбаъд нависанда дар солҳои гуногун мақолаҳои хешро дар саҳифаи ин ҷарида нашр намудааст. Омӯзиши мо мушаххас сохт, ки аввалин хабару мақолот роҷеъ ба Айнӣ ва навиштаҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар шумораҳои солҳои 1934-1935 ба чашм мерасанд.

Ҷолиб аст, ки рӯзнома бахшида ба 30-солагии фаъолияти Садриддин Айнӣсаҳифаи махсус омода сохтааст. Дар шумораи №152 (652) аз 26-уми ноябри соли 1935 рўзномаи «Болшевики Хуҷанд» (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) бахшида ба ҷашни 30-солагии фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ акси Садриддин Айниро бо шеъри «Тарона» - и устод инчунин, аз баргузории тантана хабар нашр кардааст. Порчае аз боби 13- уми романи «Дохунда» бо номи «Аҷина асар кардааст» низ дар ҳамин саҳифа дарҷ гаштааст. Ин бахши рўзнома бо суханҳои «Саломи оташин ба нависандаи забардасти Шўравӣ Садриддин Айнӣ» оғоз шуда, хабар дода шудааст, ки як рўз пеш,(яъне 25-уми марти соли 1935.С.Ҳ.) дар Театри давлатии Лоҳутӣ ба шарафи эҷодиёти адабии Садриддин Айнӣ маҷлиси ботантана баргузор гашта, дар ин маҳфил оид ба фаъолияти адабии Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил ва Пазиниг маърўза кардаанд.

Дар маводи «Ҷашни устоди забардаст», киба қалами Раҳим Ҷалил тааллуқ дорад чунин омадааст: «Ҷашни 30-солагии фаъолияти адабии нависандаи бузург, устоди санъаткор, нависандаи асарҳои «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва даҳҳо асарҳои баланднавис Садриддин Айнӣ ҷашни ғалабаи адабиёти шўравии миллии шакли сотсиалисти мазмуни тоҷик аст. Фаъолияти адабии ин устод саҳифаи бисёр ҳам аҷиби таърихи адабиёти тоҷикро ишғол мекунад. Ятими бепарастори айёми кўдакӣ, хидматгорӣ дар тагидарибоён ва муллоён, муборизаи ҷасурона бар муқобили амир ва истибдод дар саркӯб ва дарраҳои ҷаллодони Амири Бухоро ба ҳафтоду панҷ чўб ҷасурона тоқат кардан, бо вуҷуди ҳамаи ин ҷафоҳо бо тамоми овоз суруд барои озодии халқи меҳнаткаш сурудан аз таърихи Айнӣ порчае мебошад.

Айнӣ дар достони «Одина» ва дар романи «Дохунда»-аш бо тамоми устодӣ ва  санъаткорӣ кирдорҳои ваҳшиёнаи Амир ва мансабдорони он, фиребгарӣ, ҳаромхўрии муштзўрон, муллоён, аз номи дину шариат халқи меҳнаткаши тоҷикро тороҷ кардани босмачиён, тибҳои фидокори халқи меҳнаткаши тоҷик гаштани занони ҷабрдида, қаҳрамониҳои аскарони сурхи моро тасвир намудааст. Шеърҳои самимӣ ва санъатноки вай вирди забон, суруди коргар ва колхозчиёни мо аст. Дар рўзи 30- солагии фаъолияти адабиаш ба устод бо тамоми ифтихормандӣ нидо мекунем: Устоди забардаст, санъаткор рафиқ Айнӣ! Бисёр солҳо зинда мон, бо қалами санъаткорат бо душмани сотсиализм боз ҳам ҷасурона биҷанг, барои боз ҳам гул-гул шукуфтани адабиёти шўравии тоҷик кор бикун».

Соли 1936-ум бахши адабии рўзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» хеле фаъол буда, дар шумори адибону нависандагониҷумҳурӣ, шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳои ҷолиби Садриддин Айниро низ мунтазам нашр мекард. Чунончи саҳифаи аввали шумораи 192 (864) рўзномаи «Бо роҳи Ленинӣ», ки санаи 22-юми сентябри соли 1936 нашр шудааст, ба зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ ихтисос шудааст. Ин шумора бо шиори «Шараф ва ҳурмат ба нависандаи бузург С.Айнӣ» нашр гардида, ба муносибати ташрифи Сайдриддин Айнӣ ба Хуҷанд бахшида шудааст. Дар шумораи 195 (867)-уми “Бо роҳи Ленинӣ” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) аз 27-уми сентябри соли 1936 бошад, маводи «Рафиқ Айнӣ дар колхози Айнӣ»-ро мутолиа кардан мумкин аст. Очерки Садриддин Айнӣ «Тирози ҷаҳон» дар шумораҳои 252 (924) аз 22-юми декабри соли 1936, 253 (925) аз 23 декабри соли 1936, 257 (929) аз 29 - уми декабр нашр шудааст, ки онро С.Айнӣ баъд аз сафари Хуҷанд иншо намудааст ва бисёр очерки хонданӣ ва дорои аҳамияти ғании таърихӣ мебошад. Дар соли 1940 низ робитаи Садриддин Айнӣ бо рӯзнома бештар гашта, нависандаи дӯстдоштаи халқ дар саҳифаи рӯзнома мақолаҳои ҷолиберо дарҷ кардааст.

Аз ҷумла Садриддин Айнӣ соли 1940 мақолаи муфассалеро роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ” навиштааст, ки он соли 1940 дар шумораҳои 30, аз 5-уми июл ва 31 аз 8-уми июли рӯзномаи “Стахановчӣ ” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) нашр шудааст. Садриддин Айнӣ дар ин мақола Камоли Хуҷандиро бо сифатҳои "шоири бузурги тоҷик", "адиби бузург", "устоди бузурги забон" муаррифӣ карда, дар шинохти КамолиХуҷандӣ миёни хонандагони рӯзнома саҳми боризе гузоштааст. Ин шумораи рӯзнома имрӯз дар адабиётшиносӣва нақди муосир ба сифати манбаибоэътимод шинохта шудааст.

Мақолаи “Канали Марғедар”, ки дар шумораҳои 124,125,126,127- уми рӯзномаи “Стахановчӣ” нашр шудааст, аз мақолаи бисёр хуби устод Садриддин Айнӣ буда, дар ташвиқу тарғиби ҳаёти иҷтимоии давр хидмати мондагор намуда, ба сифати манбаи хуби таърихӣ низ муаррифӣ мешавад. Мақоли Садриддин Айнӣ «Чингизи асри ХХ» ҳам, ки яке аз муҳимтарин мақолаи ватанхоҳонаи устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад, дар рўзномаи «Стахановчӣ» (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”), шумораи №195(343) аз 15-уми августи соли 1941 нашр шудааст.

Давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рўзнома дар баробари хабару мақола, тавассути ашъори адабӣ, ба вижа шеъру достон ва ҳикояҳои пуртаъсир дар тарғибу ташвиқи ватандориву ҳимояи марзу бум саҳм мегузошт. Навиштаҳои Садриддин Айнӣ низ дар қатори навиштаҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳиддин Фарҳад ва дигарон меҳри Ватан ва садоқат ба марзу бумро тараннум мекард.

Бахшида ба 70-солагии зодрӯзи нависандаи маҳбуб Садриддин Айнӣ рӯзнома маводи Никита Аликсев “Садриддин Айнӣ”-ро нашр карда, ӯро ба муносибати сарфароз гаштанаш ба мукофоти олӣОрдени Ленин муборакбод намудааст. Дар мақола аз хидматҳои арзандаи Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёт ёдрас шуда, муаллиф қайд мекунад” халқи тоҷик Садриддин Айниро устоди забардасти адабиёти худ меномад ва бо ӯ ифтихор мекунад”. Воқеан, миллати сарбаланди тоҷик аз доштани фарзандони фарзонае чун Садриддин Айнӣ ифтихор менамояд ва гиромидошти онҳоро аз саодати ҳамешагии хеш медонад. То ба имрӯз идома ёфтани нашри мунтазами мақолаҳо роҷеъ ба зиндагиву эҷодиёт ва саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” низ аз ин муҳаббат ва садоқати ворисон сарчашма гирифта, рӯзнома тарғибу ташвиқ ва муаррифии ҳарчи бештари заҳматҳои Садриддин Айниро ба насли ҷавон аз вазифаҳои муқаддаси хеш меҳисобад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд“

Add comment


Security code
Refresh