Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд

20 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд боздид намуда, корҳои таъмиру барқарорсозии иншотии таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи қадимаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, бомаром идома дорад.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иншооти таърихиву фарҳангӣ аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги миллӣ ҳифз карда мешавад. Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то имрӯз аксари корҳо ба итмом расонида шудааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ барои пурра нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ дар вақти барқарорсозӣ, бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда ва зиёд намудани шумораи сохтмончиён ба масъулин супоришҳо дод.

Мавриди зикр аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh