ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Дар пештоқи Қасри миллати пойтахти кишвар ҳаккокӣ шудани суханҳои “одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” ҳар нафари дӯстдори ин миллатро ба андеша водор месозад. Мусаллам аст, ки дӯстии халқҳо, дар ҳақиқат, музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорист. Қувваи тавоно ва файзу баракати дӯстию бародарӣ бар хусумату низоъ, ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳо ғолиб омада, сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин сабаб, дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. ин ҳисси азалии инсон ҳамеша дар ҳар асру замон ҷавон хоҳад монд.

Бештар аз ҳазор сол пеш лаззат ва аҳамияти дӯстиро Рӯдакии бузургвор хеле хуб баён кардааст:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Кишвари тоҷикон ва мардуми меҳнатқарини ин сарзамин дар баробари пайвастани риштаҳои дӯстию рафоқат бо аксари мамолики ҷаҳон пайванди ногусастание бо халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дорад. Ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович, ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, тақдиронида шудани Садри кишвари ӯзбекон бо ордени фахрии «Зарринтоҷ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрӣ бо фаъолони вилоят дар Қасри овозадору таърихии «Арбоб»-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва аз ҳама муҳимаш, кушода шудани марзҳои ду давлат ва рафтуомади халқи ба ҳам дӯсту бародар нишонаи дӯстии безаволи онҳост. Ин ҷо месазад, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои амиқ ва анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии нек, дастгирии тарафайн ва кӯмаки якдигарро дорад. Дар давраи тӯлонии таърихӣ, байни гузаштагони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ ба амал омад. Натиҷаи ин арзишҳои таърихӣ қаробати рӯҳию равонӣ дар зеҳни бисёре аз наслҳои мо амиқ реша давондани арзишҳои муштараки ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад» биоварем ва донем, ки ин некгуфтаҳо рӯз аз рӯз аҳамияти бештареро касб менамояд.

Дар арафаи рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи 110 – солагии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик ташрифи меҳмонон – шоирону адибон ва як гурӯҳ олимону рӯзноманигорони вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хурсандии аҳли қалами вилоят шодии нав афзун намуд.

- Баъди аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳоямон дар гузаргоҳи наздисарҳадӣ ҳамватанони мо бо ишораи «Роҳи сафед» моро ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун шуданд. Бе ҳеҷ мушкилот аз гузаргоҳи кишвари тоҷикон низ гузар кардем. Он лаҳзаҳо ба хотир овардам, ки ҳанӯз чаҳор сол муқаддам бо саъю талоши ҳар ду ҷониб марзҳо кушода ва хурсандию шодии мардуми дар фироқи ҳамдигарӣ ҷон балабрасида беҳудуд буд. Роҳ мо, меҳмонони ташнаи дидорро ба сӯи шаҳри Хуҷанд мебурд. Ҳанӯз баъди убури сарҳад суханони меҳромези «Хуш омадед!»- и халқи тоҷик ва истиқболи гарму самимии онҳо моро рӯҳбаланд ва қалбамонро равшан мекард.

Ҳанӯз ба манзил нарасида, аз роҳбалад хоҳиш намудем, мошинро дар соҳили дарёи Сир, ки шаҳрро ба ду қисмат ҷудо мекард, манъ намояд. Баъди тамошои манзараҳои зебо, табиати нотакрор, иншооти баландошёна ва дигар биноҳои сохтмонӣ, ки ба шаҳр ҳусни бештареро зам мекарданд, аз роҳгузаре суроғаи идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» - ро пурсон шудем. Нақлиёти мусофиркашон дар рӯ ба рӯи бинои бисёрошёнаи боҳашамате, ки дар пештоқаш «Кохи матбуот» навишта шуда буд, қарор гирифт. Моро мизбонон – раиси бахши вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён, котиби он кас Карим Шариф ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев пешвоз гирифтанд.

Кохи матбуот дар ҳақиқат кохи муҳташам буд. Аз ҳама муҳимаш, ҳамаи рӯзноманигорони вилоятро сарҷамъ мекард. Барои ҳар рӯзномаи вилоятӣ қабати алоҳида ҷудо шуда, барои эҷодкорон тамоми шароитҳои замонавӣ муҳайё буд. Диққати моро, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ба соҳаи матбуот ба худ кашид. Дар идораи рӯзномаи“Ҳақиқати Суғд” мавҷуд будани китобхонаи алоҳида моро шод гардонд ва тасмим гирифтем, ки ин иқдомро дар ватан ҷорӣ намоем,- таассуроташро аз сафар иброз дошт Рӯзноманигори хизматнишондодаи Ӯзбекистон Холида Пардабоева.

Рӯзноманигори ӯзбекистонӣ Дилором Исмадёрова чунин ибрози назар кард:

- Солҳои 80-уми асри гузашта дар факултаи журналистикаи Университети давлатии шаҳри Тошканд таҳсил мекардам. Дар қатори дигар ҳамсабақон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дугонаҳо доштам. Бахусус, ҳамсабақи ҳампартаам Зулайхо Ғоибназароваро хеле эҳтиром мекардам. Тасодуфро бинед, ки имрӯз бо ин бонуи хушзавқ вохӯрдам ва ҳамроҳ солҳои донишҷӯию таҳсилро ба хотир оварда, ёди ҷавонӣ кардем.

- Шаҳри Хуҷандро бегуфтугӯ зебову дилрабо дарёфтем. Тамошои Осорхонаи таърихию кишваршиносии ин шаҳри қадима дар замири ҳар яки мо эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ватандӯстиро бедор мекард. Тавассути нақлҳои пурмазмуни мудири шуъбаи осорхона Аслинисо Ёдгорӣ аз таърихи тамоми экспонатҳою нигораҳо бохабар шудем. Бахусус, тасвири аксҳое, ки дар чаҳор тарафи хонаи давраи асрисангӣ ба намоиш гузошта шудааст, моро ба ҳайрат гузошт. Боздид аз Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, Қалъаи Хуҷанд ва чаҳорбоғи Камоли Хуҷандӣ хотироти моро ба гузаштаи дур пайваст.

Ҳангоми аз пайроҳа убур карда, ба самти хонаи Камоли Хуҷандӣ рафтанамон мусиқии ҷаззобе садо медод. Бо шунидани сурудҳои хушоянди ҳамватанони хеш – сарояндагони маҳбуби Ӯзбекистон Таваккал Қодиров, Юлдуз Усмонова моро ба олами андешаҳо бурд. Аз роҳбаладамон пурсидем, ки «Магар ин сурудҳоро махсус барои мо шунавонида истодаанд?» ҷавоб дод, ки дар ин гулбоғ ҳамарӯза сурудҳои ҳофизони кишварҳои бародар садо медиҳанд. Ин ҷавоб бори дигар собит сохт, ки ин ду халқи покдил ҳамеша бо ҳам дӯсту бародар хоҳанд монд, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи «Ойдин йӯл» Дилором Эҳсонова.

Раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев иброз дошт, ки меҳмонон баъди тамошои мавзеъҳои таърихӣ ба ҳам омада, мулоқоти дӯстона доир намуданд. Сари як пиёла чой журналистони ӯзбекзабон бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони вилояти Сирдарё Бойжигит Абдуллоев, сармуҳарири рӯзномаҳои «Янги Сирдарё», («Сирдарёи нав») ва «Новая Сырдарья» Муҳаммад Исмоил ва дигарон суҳбати судманде анҷом доданд, ки барои пешрафти журналистикаи ҳар ду ҷониб равона хоҳад шуд.

Бале, ҳанӯз наздик шаш садсола қабл шоири ӯзбекзабон- Алишери навоӣбо Абдураҳмони Ҷомӣ робитаи дӯстӣ дошта, ба ҳамдигар шеърҳои ширу шакар менавиштанд. нависандаи тоҷик, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони ӯзбекӣ эҷод мекард. Илҳоми ин шоири шинохта асосаназ «бадое - ул - вақоеъ» - и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ сарчашма гирифта буд, ки минбаъд шоҳасари бузурги “Ёддоштҳо” офарида шуд. Аз ин бармеояд, ки дӯстию рафоқати ин ду халқи ба дил наздик аз ҳазорсолаҳо маншаъ гирифта, ҷовидон хоҳад буд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh