“ВАЛСИ САПЕДИ ОФТОБ”
- Details
- Published on Tuesday, 24 May 2022 09:27
«Валси сапеди офтоб». Аҷаб номи зебо ва муосир интихоб кардааст муаллимаи сухангустари мо! Ин китобро Сурайё Ҳакимова бо соядасти худ бароям ҳадя кард. Росташро гӯям, умедвори ин ҳадя будам, чун ҳамеша ташнаи шеърҳои ноби муаллима ҳастам.
Дар ин китоб чакидаҳои қалами муаллиф дар қолаби гуногуни жанрҳо, аз қабили ғазал,рубоӣ, дубайтӣ ва дигар анвои шеърӣ гирд омадааст. Ҳамчун як ҷавони навқалам мехоҳам, чанд андешаамро дар ин бобат арза кунам. Ҳар гоҳе тариқи шабакаи иҷтимоӣ шеърҳо ё андешапораҳои муаллимаро мехонам, эҳсос мекунам, ки тамоми ҷанбаҳои зиндагиро ба назар гирифта, шеър менависад.
Шеърҳое, ки Сурайё Ҳакимова эҷод мекунад ба ҳар синну сол, ба ҳар табақаи иҷтимоӣ илҳому неруи тоза мебахшад.
Махсусан, шеърҳое, ки дар васфи ишқ, танҳоӣ, вафову умедворӣ ва ё бевафоӣ менависад, ба дили ҳар дилдода амсоли доруи таскиндиҳанда мемонад.
Шеъру таронаҳояшро мутолиа мекунаму нохудогоҳандешаҳоям мусофир шуда мераванд ба диёри орзуву омолҳои ҷавонӣ. Оре, шеърҳояш бароям бегонаву дурнест,чунон аз нигоҳи мо, ҷавонон, бо тасвирҳои нотакрори баландмазмун навишта мешаванд.
Китоб тариқи нашриёти “Хуросон” бо дастгирии молии ТҶ “Зан ва замин” нашр шудааст.
Суман ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»