САРФАРОЗ АЗ МУҲАББАТИ ТАМОШОБИНОНИ ЎЗБЕКИСТОНӢ

Ансамбли фолклориву этнографии “Бибиҳо” имсол ҳабдаҳсола шуда, бо роҳбарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева фаъолият мебарад ва миёни мухлисон ҳаводорони зиёд дорад. Ин ансамбл соли 2005 бо қарори Раиси вилояти Суғд таъсис шуд ва наздик ду даҳсола барои эҳё намудани сурудҳои фолклорӣ, муаррифии анъана ва урфу одатҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҳайати ансамбл пайваста дар ҷустуҷӯи сурудҳои халқӣ мебошад. Дар манотиқи гуногуни кишвар ва берун аз он ҳунарнамоӣ намуда, дар муаррифиву зинда намудани сурудҳои милливу фолклории халқи тоҷик саҳми бориз дорад. Чунончӣ моҳи майи соли равон дар Фестивали байналмилалии “Бойсун баҳори”‐и шаҳри Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Фестивали “Бойсун баҳорӣ” аз замонҳои қадим дар мавзеи хушбоду ҳавои Бойсун баргузор мешавад ва масъулон иброз медоранд, ки ин ҷашнвора аз асри XVII идома меёбад.

Гуфтанист, баргузории ҷашнвораи бонуфуз дар ноҳияи Бойсун бо арзиши беназир ва мероси ғании фарҳангии ғайримоддии хеш маънои амиқ дорад, зеро соли 2001 фазои фарҳангии Бойсун ба ЮНЕСКО ҳамчун “шоҳкори мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият" ворид карда шуд. Моҳи майи соли 2002 дар ноҳияи Хушманзара аввалин ҷашнвораи кушоди фолклории ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардида буд. Дар доираи фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои миллӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ, консерту сайругашти оммавӣ низ доир мегарданд.

Дар фестивали имсола ҳунармандон аз 30 давлати дунё иштирок доштанд. Аз ҷумла, ансамбли фолклориву этнографии “Бибиҳо” низ кишвари моро дар радифи ҳунармандони Британияи Кабир, Фаронса, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайраҳо намояндагӣ карданд. Боиси хушнудист, ки дар фестивали имсолаи “Бойсун баҳори” ансамли “Бибиҳо” миёни намояндагони сӣ давлати дунё ба гирифтани ҷои дувуми фестивал ва мукофотпулӣ ба ҳаҷми 2,5 ҳазор доллар сазовор шуданд. Барнома аз ҷониби ҳакамон ва ҳам аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Тибқи низомнома сурудҳои халқӣ‐анъанавӣ, аз ҷумла “Ёр‐ёр”, “Алла”, “Лапар”, оҳанг ва урфу одатҳои қадимӣ, ки мутаассифона, аз байн рафта истодаанд, намоиш дода шуд. Барномаи ансамбли “Бибиҳо” мисли намоишнома пешниҳод шуд, ки ба иштирокдорон бисёр мақбул гардид. Дар фестивал вазири фарҳанги Ӯзбекистон, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон Озодбек Назарбеков ҳузур дошт ва бо дархости вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва ташаббуси роҳбари ансамбл Сайрам Исоева барномаи ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Оҳангарон, Намангон, Хӯқанд ва Чуст пешниҳоди тамошобинони ӯзбекистонӣ шуд. Барномаҳо ба тарзи ширу шакар пешниҳод гашта, истиқболи гарму самимӣ пайдо кард ва шоми дӯстӣ дар ин шаҳрҳо басо хотирмон сурат гирифт.

Барномаи ҳунарӣ бо ду забон пешниҳод гашта, баромадҳои ҳунарманди мардумӣ Сайрам Исоева, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Неъматҷон Дӯстматов, Малоҳатхон Абдушукурова, ҳунарманди маҳбуб Мирзоумари Мирзоаҳмад, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Ниёзова, сурудҳои овозхон Офият Масаидова, Шаҳноза Юсупова, Шаҳодат Ҷӯраева, Маликабону Эргашева, Насиба Каримова, Шарифабону Қирғизоваро тамошобинон хеле гарм истиқбол гирифтанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh