ЭЪҶОЗИ ҲУНАРИ БОНУВОН-ПЕШКАШИ ИШТИРОКДОРОНИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, 2018‐2028», ки рӯзҳои 6‐7‐уми июни соли равон дар пойтахти мамлакатамон‐шаҳри Душанбе доир гардид, сарвари Маркази ҳунаромӯзии ба номи Зулфия Баҳриддиноваи маркази вилоят Мавҷуда Ҳакимова дастранҷи ҳунармандони шаҳри Хуҷандро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла меҳмонони аз 75 мамолики дунё дар ин ҳамоиш ширкатдошта бо матои миллии атласу адрас, пироҳан ва армуғонҳо аз ин матоъҳо‐болин, ҷузвдон, сӯзанӣ, куртаҳои дӯхти миллӣ, мӯҳрабофӣ, гарданбанд ва дигар навъи ҳунармандӣ ошно гардиданд ва ба завқашон писанд омадаро харидорӣ намуданд.

Чунонки сарвари марказ иброз дошт, ҳунармандони марказ имрӯзҳо бо бофтани матоъҳои адрасу атлас, дӯхтани куртаҳои миллӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тайёр кардани армуғонҳо аз матои атласу адрас машғуланд. Алҳол ҳафтдаҳ нафар ҳунарманд бо кор фаро гирифта шуда, ҳамаи амалҳо рангубордиҳӣ, абрбандӣ, нусхабандӣ ва бофтани матоъҳо дар марказ баҷо оварда мешавад. Бонувони марказ аллакай дар ҳунари худ устод гашта, маҳсулоташон харидоргир аст. Устоди ҳунармандии абрбандии атласу адрас Алиҷон Осимов, рангубору нусхабандӣ Насимҷон Орифов ва Мансур Наҷмиддинов сари вақт ресмону риштаҳоро ба бофандагон тайёр карда медиҳанд, то ки кор аз суръати доғаш нафарояд.

Ҳунармандони асили атласу адрасбофи Марказ Иноят Орифова ва Назокат Ҳоҷиева дар Маркази ҳунаромӯзии «Дугонаҳо»‐и ноҳияи Бобоҷон Fафуров маҳорату малакаи худро баланд бардоштаанд. Ин адрасбофон сулолавӣ буда, аҳли хонадонашон низ косибони атласу адрасбоф буданд. Ҳамин тавр Лутфия Файзибоева, Мухбира Воҳидова, Гулсара Каримова, Замира Шерматова ва дигар ҳунармандон вазифаи ҳаррӯзаи хешро бомасъулиятона ба иҷро мерасонанд ва матоъҳои хушрангу барахт омода менамоянд. ‐Дар коргоҳ мо ду нафар бонуи маъюбро ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила ёфтани ризқи аҳли оила ҷалб намудаем. Инҳо бонуи кару гунг Зулола Муталлибзода ва зани аъзояш фалаҷгашта Гулбаҳор Каримова мебошанд, ки бо вуҷуди маъюбӣ пешаи бофандагиро бо тамоми сирру асрораш азхуд намуда, имрӯз дар ҷойи нишасташон атласу адрасҳои хуштарҳу замонавӣ мебофанд ва он тани занону духтаронамонро ороста мегардонад.

Ҳунармандони марказ асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва аксарашон аз маҳаллаҳои Масҷиди Савр, Раззоқ, ки дар ин маҳаллаҳо аз қадим косибон истиқомат доштанд, мебошанд. Матоъҳои бофтаи бофандагону тарҳи омоданамудаи дӯзандагону моделейрони марказ ҳамчунин барои ширкат дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои берун аз кишвар пешниҳод карда мешаванд ва дар чандин озмунҳо матоъ ва сарулибоси омодакардаашон соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Чунончӣ дар озмуни байниҷумҳуриявии ба қарибӣ дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузоргардида бо матои бофтаи худ ҳунарманди марказ соҳиби ҷойи дуюм, бо пироҳани омоданамудаи моделейри марказ донишҷӯи Донишкадаи техникии донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷанд соҳиби Шоҳҷоиза шуданд, ки ин шарафу ифтихори мост,‐мегӯяд сарвари марказ. Чунонки ӯ зикр намуд, то имрӯз бо эъҷози дастони ҳунармандони марказ чандин ҳазор метр матои адрасу атлас ва бештар аз 550 метр матои якранг бофта шудааст.

Агар атласу адрас зеби тани занону духтарон бошад, матои якранг ба моделейрон зарурист, ки доимо баҳри истеҳсоли он ниёз доранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ашёи хомро баҳри истеҳсоли матоъҳо аз коргоҳҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Олим текстайлз»и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамчунин аз коргоҳҳои ресандагии шаҳри Душанбе дастрас менамоянд. – Аввали моҳи июн, мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова,бо Корхонаи Муштараки Тоҷикистону Хитой «Ҷунтай», воқеъ дар шаҳри Данғара барои дастрас намудани ашёи хом шартнома бастем. Ва ин ҳамкории мо, албатта, баҳри пешрафти фаъолияти кормандони марказ мусоидат хоҳад кард. Тавре сарвари марказ изҳор дошт, нақшаҳои дурнамои бонувони пурҳунари марказ калонанд.Мехоҳем, бо маҳсулоти худ ба бозори ҷаҳонӣ бароем. Ҳоло бо бонумоделйери ҳунарманд Шаҳло Пӯлодова нақшаҳои минбаъдаамонро тарҳрезӣ намуда истодаем, ки ҳам бо истеҳсоли матоъ ва ҳам бо пироҳанҳои хуштарҳу замонавии миллӣ, инчунин армуғону дигар маҳсулотамон қадам ба бозори ҷаҳонӣ гузорем. ‐Мо идомабахшони ҳунари волои Рассоми Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, мусаввири мониқалам, сӯзанидӯзи гулдаст, рӯймолдӯзи пурэъҷоз Зулфия Баҳриддинова мебошем ва кӯшишу талошамон баҳри он аст, ки меросбарони ҳақиқии ин бонуи эъҷозкор бошем,‐мегӯяд сарвари марказ.

Воқеан, Зулфия Баҳриддинова, ин фарзанди барӯманди Тоҷикистони азиз бо ҳунари худ, ки дар кунҷи ҳуҷрааш нишаста, эъҷози санъати волотаринро меофарид, бо ҳунари худ на танҳо ба дилҳои мардуми сарзамини худ макон гузид, балки дар тамоми мамлакати шӯравӣ обрӯву эътибор пайдо карда буд. Вай дар синни шонздаҳсолагӣ дар рӯи матоъ бо донаҳои гандум нақши Сарвари давлати абарқудрати Шӯравӣ Сталинро ба тасвир дода, бо ин асари санъаташ иштирокчии Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардида буд. Ва имрӯз ҳунармандони маркази ба номи ин бонуи отифа бо пайроҳаи устоди худ равонанд…

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh