РУШДИ САЙЁҲӢ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН
- Details
- Published on Wednesday, 05 October 2022 09:39
Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён” ‐и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумаҷид Раҳимов мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони сохторҳои вилоятӣ, масъулини соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва субъектони хизматрасонӣ иштирок намуданд.
Дар баромади Абдумаҷид Раҳимов қайд гардид, ки дар ҳудуди вилоят 1 фурудгоҳи байналмилалӣ, 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ истироҳатӣ, хонаи истироҳатӣ ва 1 базаи истироҳатӣ, 1 базаи сайёҳӣ, 40 ширкати сайёҳӣ, боғ, ошхона, тарабхона ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамаи ин барои рушд додани инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки феълан теъдоди сайёҳон дар кишвар меафзояд. Ҳабибулло Амирбекзода муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самти туризм ва имкониятҳои таърихию фарҳангӣ ва хатсайрҳои нав барои хориҷиён сухан кард. Инчунин аз мушкилот ва зарурати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҳарф зад. Зеро ҳар сайёҳе, ки аз хизматрасонии хуб бархурдор мегардад, хоҳиши бори дигар омадан мекунад.
Ҳамчунин ҷиҳати хизматрасонии нақлиёти таксӣ сухан гуфта, зикр намуд, он сайёҳоне, ки айни замон ба Тоҷикистон омада истодаанд, давлатҳои Аврупоро дида омадаанд. Ба ин хотир ба меҳмон сифати хизматрасониро беҳтар ва меҳмоннавозии тоҷикона кардан лозим аст. Албатта, барои сайёҳони омада баъзе мушкилот ҷой доранд, аз ҷумла ивази асъор, мушкилоти зист, даромадан аз сарҳад, вале мо бояд то тавонем, кӯмак намоем, то нуфузи кишварамон байни сайёҳон коҳиш наёбад.
Абдукарим Қурбонов ‐намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартариятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан кард. Мавсуф аз мавзеъҳои тамошобоб ва таърихиву фарҳангии кишвар маълумот дода, қайд кард, ки то соли 2010 ба Тоҷикистон сайёҳон аз 50‐60 киншвари ҷаҳон меомаданд. Ҳоло бошад, аз 150 мамлакати хориҷа сайёҳон омада истодаанд.
Дар идомаи семинар инчунин аз дурустии омори сайёҳӣ ва дурнамои туризм баромадҳо шуд. Дар фарҷом масъулин масъалаҳои мубрами соҳаро тариқи саволу ҷавоб бо иштирокчиён баррасӣ намуданд.
Инчунин, аз ҳар як сокини кишвар ва намояндагони корхонаву идораҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар робита бо ташрифи сайёҳон муомилаи хуб ва кӯмак то ҳадди имкон расонида шавад. Чунки сайёҳ ҳам меҳмонест, ки ба фарҳангу тамаддуни кишвар мо баҳо медиҳад ва ба ақсои олам мебарад.
Суман ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”