САРОИ ҚАСРИ МО ШУД ҚАСРИ АРБОБ

Мегӯянд, Мадоин қасре буд, ки бо амру фармони Нӯшервони одил бино мешуд ва аз он ирсоли ҳамаи амру фармонҳо бар меъёри адлу адолат буд. Чун амнияти мамлакат то ба дараҷаи олӣ расид, Нӯшервон худро бемор вонамуд карда, фармуд, ки гӯё барои сиҳатии ӯ табибон хишти кӯҳна фармудаанд. Масъулон тамоми қаламрави кишварро ҷустуҷӯ карданду ягон хишти кӯҳна ё ҷои ноободеро наёфтанд. Ин хабар чун ба гӯши Нӯшервон расид, шукрона гуфт: «Мақсудам ҳосил шуд».

Ҳамон қасри Мадоин буд ва ҳамон подшоҳи одил, ки шуҳраташ аз машриқ то мағриб расида ва Муҳаммад (с) изҳори шодмонӣ карда буд, ки «дар замони ҳукмронии Нӯшервон ба олам омадааст». Аз пайроҳаи сафолакпӯш қадам мезанам. Ин роҳ маро ба баландие, ки бо табиати афсункор, майдони сабзу хуррам, гулгаштҳои зебо, фаввораҳои пуроб ва аз ҳама асосиаш, сӯи бинои муҳташаме, ки замоне аз он ҷо тамоми майдонҳои колхоз ва шаҳри Хуҷанд намудор буд, раҳнамоӣ мекунад. Дар баландӣ ҷойгир шудани ин маскани саодатовару башоратбахш бошад, таърихе дорад, басо ибратбахш.

Дар пештоқи қаср байти машҳури «Кӯш, то халқро ба кор оӣ, То ба хулқат ҷаҳон биороӣ» ро хонда, беихтиёр ба олами андешаҳо ғӯтавар мешавам. Асосгузори ин бинои муҳташаму таърихӣ ҳамон шахси азиз, пири кишоварзон, деҳқони хокпошу фурӯтан, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, эҷодкори касби деҳқонӣ, наҷотбахши заминҳои ташналаб, бунёдгари боғу майдонҳои ризқрасон Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аст. Бале, хонандаи закӣ аллакай дарк намудааст, ки сухан дар бораи Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меравад.

Ҳамон маконе, ки дар сарнавишти қисматсози давлати миллии тоҷикон нақши назаррас дорад, ҳамон қасре, ки шуҳраташ сол то сол муҳташамтар мегардад, ҳамон биное, ки барои ба ҳам омадани мардум, сарҷамъии миллат, наҷоти халқ аз маҳву нобудӣ шоҳид шудааст, ҳамон иншооте, ки гувоҳи ватандориву созандагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва муқаддас доштани арзишҳои мо гаштааст, ҳамон меодгоҳе, ки бори нахуст Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи сулҳу салоҳи кишварро ба мардум расонидааст.

ШОҲКОРИИ САНЪАТИ АСИЛ

Баъди муттаҳидшавии колхозҳои Молотов ва Ворошилови ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро халқ ба раисии колхоз пешбарӣ намуд. Соли 1935 Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамчун вакили Президиуми умумииттифоқ аз Тоҷикистон ҳамроҳи дигар иштирокдорони конфронс аз мавзеи таърихии Қасри Петергофи шаҳри Санкт Петербург дидан кард, ки ин бахти бузург дар он давр на ба ҳар кас муяссар мегардид.

Тамошои қаср деҳқони тоҷикистониро он қадар мафтуни худ гардонида буд, ки орзуи дар Ватан бунёди чунин муъҷизаи дасти меъморонро дар қалб парварид. Агарчи Петергоф қасри шоҳӣ буд, аммо тасмими Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар мавриди «дар ҳолати даст додани имконият ва дарёфти маблағи муайян» барои сохтани чунин бинои зебо баҳри колхозчиён қатъӣ буд. Боре ба Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев лозим омад, ки аз як минтақа ба минтақаи дигар тавассути роҳи мавзеи Арбоб, ки Арбобкуш ҳам унвон медоданд, убур намояд. Аз баландии теппа тамошо кардани манзараҳои атроф ба раиси колхоз хуш омад. Муддате он ҷо буд. Гирду атрофро аз назар гузаронид, дар сар нақшаҳое, кашид, ки барои дигарон номаълум буд. Ҳиссиёти шодиомезе вуҷудашро фарогир шуд. Аз баландӣ фаромаду назди котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва сарвазири вақти мамлакат Ҷаббор Расулов рафт ва андешаашро баён кард. Фикрашро пазируфтани роҳбарияти кишвар хурсандии марди деҳқонро дучанд гардонд. Ба зудӣ аз Сталинобод меъмори номӣ Ҳикмат Юлдошев ба Хуҷанд омад ва дар қабули раис масъалаи лоиҳаи бино мавриди муҳокима қарор гирифт.

Роҳбарияти колхоз тасмим дошт, ки дар теппаи Арбоб се бино: идора, клуб ва хонаи истироҳат барои колхозчиён бунёд ёбад. Дар институти лоиҳакашии шаҳри Душанбе кор авҷ гирифт, меъморон Иван Линде ва Ҳикмат Юлдошев ба лоиҳакашӣ оғоз намуданд. Лоиҳаи ҳамҷоягии се бино моҳи ноябри соли 1950 дар маҷлиси умумии колхозчиён тасдиқ гардид. Сохтмон оғоз ёфт, аммо мушкилие дошт, басо заҳматталаб. Ҳамвор кардани теппа кори осон набуд. Кор авҷ гирифт, дар сохтмони қаср мардуми маҳаллӣ низ иштирок намуданд.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо оғоз бахшидан ба сохтмони қаср ҳамчунин қалбҳои намояндагони дигар халқу миллатҳоро ба ҳам пайванд кард. Зеро агар Сергей Захаров ва ҳамсараш Мария Захарова аз шаҳри Санкт ‐Петербург ҳамчун рассом дар ороиши бино ва сақфи толорҳои чойхона саҳм гузошта бошанд, Марк Плоткини рус ҳамчун барқчӣ дар насби қандилҳо дар сақфи толор ва дигар ҳуҷраҳо хизмати арзанда ба ҷо овардааст. Валентин Раглиси латвонӣ низ ҳамроҳи барқчиёни маҳаллӣ нақши дастонашро дар бунёди ин қасри таърихӣ гузошт. Қосим Абдувалиевичи тотор ҳамчун хокшиносу заминшинос ҳеҷ бовар надошт, ки оянда замини тоҷиконро ҳамчун манзили истиқоматии доимӣ ихтиёр менамояд. Агар ба гирду атрофи Қасри Арбоб дақиқтар назар афканед, нақши дастони Лев Дорн ва Давид Келни немисро низ дида метавонед, ки шабакаҳои гармкунӣ ва панҷараҳои атрофро сохта буданд. Санаи ҳумоюнии 6‐уми ноябри соли 1957 теппаи Арбоб ба идҷои бузурги халқӣ табдил ёфт.

Бинои Қасри маданияти Арбоб, ки бо ибтикор ва ташаббуси Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев сохта, ба истифода дода шуд, маҳсули меҳнати намояндагони халқҳои гуногун: тоҷику русу тотор, немису яҳуд, ӯзбеку қирғиз буд. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ҳашар мавзеи сохтмон ба манбаи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату сарҷамъӣ ва ягонагиву рафоқат бадал ёфта буд. Маҳз ба тариқи ҳашар бунёд шудани Қасри маданият боиси сарфаи маблағи калони давлат гардид, ки дар ин ҷода низ саҳми Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бениҳоят калон буд. Охир, сараввал аз рӯи лоиҳа бояд ба сохтмону ҷиҳозонидани Қасри маданият камаш панҷоҳ миллион сӯм сарф мешуд, аммо чашмикордониву хирадмандии раиси колхоз боиси сарфи ҳамагӣ 12 миллион сӯм гардиду бас. Агарчи Қасри Арбоб аз назари бинанда ҷаззобу муҳташам ба назар мерасад, аммо дохили бино ва нақшу нигори он дунёи дигар аст. Дунёест, ки онро метавон шоҳкории санъати меъморию ороишии халқ ном бурд. Дар ҳақиқат, ороиши бино намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ аст. Бинои муҳташамро ҳуҷрае нест, ки бо гаҷкорию наққошӣ оро наёфта бошад. Нақшҳои ҳандасию мунаббатӣ, кундалу гиреҳ, ислимӣ, ислимии дубанд, ислимии ишкелак, лоламадохил ва ғайра чунон устокорона истифода шудаанд, ки чашми бинанда аз тамошояш сер намешавад. Нақшу нигор ва шаклу кандакорию гаҷкории ҳар хонаи қаср гуногун буда, дар ҳеҷ ҷой маҳсули дастони якхеларо дучор намеоем.

Албатта, ин тарзи корбарӣ маҳорати махсуси ҳунармандӣ ва эҷодкориро тақозо дошт. Кори нақшу нигор тарзе бояд ба иҷро расонда мешуд, ки вай ба шакли меъмории қаср осебе намерасонид, ё худ рангҳое, ки обу ранги санъати халқиро ифода мекарданд, бояд хусусияти миллии худро аз даст намедод. Дохили қаср бо тамоми устокориҳои санъати миллӣ оро дода шуд, ки як хона аз хонаи дигар, як гул аз гули дигар, як бахш аз бахши дигар ба куллӣ фарқ дошт.

Ба толори калону барҳавои қаср ворид мешавам ва нахуст чашмонам ба пештоқи қаср меафтад. Он ҷо намунаи санъати гаҷкориро дар мисоли меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ва боигарии асоси давлат – пахтаву гандум мебинам. Устоҳои маҳаллӣ тамоми маҳораташонро корбаст кардаанд, то толор қабои зебою мунаққашеро ба бар намояд. Дар 36 равоқи дохили толор 36 намуди гул кандакориву дар пештоқи саҳна, ки даври он 20 метр аст, гулҳои гаҷӣ кандакорӣ шудааст. Шахс бовар намекунад, агар бо чашмони сар нақшҳои гаҷии пешдевори болохонаро, ки 56 метр дарозӣ дошта, бо ҳамин миқдор хели нақш зиннат ёфтааст, набинад. Васеъ истифода шудани рангҳои гуногун ҳангоми нақшбандӣ, тарзу усули хосаи рангтайёркунӣ, ки сирри устоҳо ба ҳисоб мерафт, кафолати садсолаи таъмиру тармим нашудани нақшбандиҳои қасрро тақозо хоҳад кард. Дар маъхазҳои таърихӣ оварда шудааст, ки барои ба муҳлати зиёд нигоҳдории зебоӣ ва намуди аслии нақшҳо ба рангҳо илова кардани 50 миллион дона зардии тухм ва 1 тонна ширеши шилми дарахти зардолу истифода шудааст. Ба рангубори нақшҳо дида дӯхта, бовар бар он дорем, ки пешгӯии устоҳо ҳақиқат дорад, зеро имрӯз бо гузашти 65 сол ороишоти қаср ҳусни аввалаашонро тамоман гум накардаанд. Дар арафаи баистифодадиҳии сохтмони бинои Қасри Арбоб Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз устоҳои маҳаллӣ пурсон мешавад, ки бар ивази маҳсули меҳнаташон ҳар талабе, ки дошта бошанд, ба иҷро мерасонад. Устоҳо аз раиси колхоз хоҳиш менамоянд, ки бар ивази меҳнаташон номнавис кардани ному насабашонро дар наздикии маҳалли кор иҷозат диҳанд.

Имрӯз номи устоҳои чобукдаст – наққошони мониқалам Мақсуд Солиев, кандакорони авлодӣ падару писар Устоочил ва Абдуқаҳҳор Фаёзовҳо, рассомони номӣ Раҳимшех Раҷабов, Шодмонбек Отабеков, Абдурауф Аминҷонов ва дигаронро дар назди маҳсули меҳнаташон дида, ба ҳунари эҷодкориашон аҳсант мехонем. Зеро офаридаҳои ин ҳунармандони хушсалиқа моломоли унсурҳои миллии қадима, инъикосгари рангҳои гуногуни табиати нотакрор ва зебо буда, сол то сол шуҳрати бештар ва қадру манзалати зиёдтарро соҳиб мешаванд.

МЕОДГОҲИ ВАЪДАИ СУЛҲ

Аз роҳрави толор гузар карда, дар назди қатори дуюм қарор мегирам. Роҳбалад маро ҳушдор медиҳад, ки дар ин қатор дар нишастгоҳи №6 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари имрӯзаи давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишастаанду дар баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд. Таърихнигорон бар он ақидаанд, ки ба ҳам тавъам омадани 16 сутуни Қасри Арбоб, ба санаи 16‐уми ноябр рост омадани кори иҷлосия, 16 рӯз идома ёфтани он, дар қатори 116 –ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил, маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16‐уми ноябри соли 1994, шурӯъ аз 16‐уми ноябри соли 2016 таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президент, баъд аз соли 1930‐юм 16‐умин роҳбари давлати Тоҷикистон шинохта шудани Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санаҳои таърихӣ бесабаб набуда, ҳар яке аҳамияти таърихӣ ва сарнавиштсозро дорост. Акси 21 Қаҳрамони меҳнат дар рӯи қолине, ки бо супориши махсуси раёсати хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев соли 2021 бахшида ба 100 – солагии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев омода шудааст, маҳсули дастони ҳунармандон – қолинбофони коргоҳи Қайроққум буда, бозгӯи таърихи гузашта аст ва аз тарафи қолинбофон ба осорхонаи Қасри Арбоб тақдим гардидааст.

Осорхонаи қаср аз намунаи намуди зоҳирӣ ва дохилии хонаи деҳқон дар гузашта оғоз мегардад. Дар толорҳои давраи пеш аз инқилоби Октябр солҳои 1916 – 1918 барпошавии ҳокимияти шӯравӣ ва ташкилёбии колхозҳо, даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми колхозчиён дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва сохтмони Қасри Арбоб солҳои 1951 – 1957, дастовардҳои хоҷагии ба номи Москва (Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) дар солҳои 1942 – 1967, фаъолияти колхоз дар солҳои 1967 – 2000, давомдиҳандаҳои кори Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, толор бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бошад, тамоми фаъолияти колхозчиён дар фаъолияти колхозӣ гирд оварда шудааст. Дар толори «Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон дар масири Истиқлолият» бошад, маводи нодир ва дастовардҳои солҳои Истиқлолият ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар толор шурӯъ аз шиноснома, харита ва матни вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон то Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар «Оши оштӣ», баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, аксҳои намояндагони васоити ахбори омма, ки рафти иҷлосияро наворгирӣ мекунанду суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд ва ҳатто дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун нигораҳо толорро зеб медиҳанд. Нигораи «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба қалами рассоми мониқалам Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, акси Президенти кишвар, ки баъди ба итмом расидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо, ҳамқадами Садри кишвар гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст. Гӯшаҳои фарҳангу маориф, кишоварзию саноатӣ, сохтмону энергетика ва ғайраҳо бозгӯи дастовардҳои таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар қалби бинанда эҳсосоти пурнишотеро бедор менамояд. Имрӯз фонди осорхона аз 670 нигора (экспонат) иборат буда, ҳамчунин ба муносибати эълон шудани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои омӯзиш, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии қадимӣ, бо ҷалби духтарони маҳаллӣ ва занҳои хонанишин дар Қасри Арбоб «Маркази таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофӣ» таъсис ёфтааст.

ЧОЙХОНА МАСКАНИ ФАРОҒАТ

Имрӯз чойхонаи миллии Арбоб, ки дар шафати қаср бунёд гардидааст, ҳамчун иншооти фарҳангию фароғатӣ дар таърихи навини халқу миллати тоҷик мавқеъ ва манзалати хоси худро дорад. Ин макони фароғатию истироҳатиро айни замон нодиртарин иншооти меъморӣ дар минтақа метавон унвон кард, зеро ин қасри муҳташам маҷмӯи ҳамбастаи санъату ҳунари классикии миллӣ ва намунаҳои барҷастаи технологияи асри бистум маҳсуб меёбад.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6 уми сентябри соли 2011 – ум гузоштани санги асоси Чойхонаи миллии Арбоб ва ба истифода додани ин иншооти бо усули миллӣ бунёдёфта, ба ҳашаргоҳи ҳақиқии устоҳои ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят бадал ёфт. Чойхонаи миллии Арбоб Маҷмааи бемислу монанди санъати меъморӣ ва ҳунарӣ буда, дар он маҳсули дастони тамоми ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят дида мешавад. Намунаҳои барҷастаи санъати миллӣ: наҷҷорӣ, кандакорӣ, наққошӣ, рассомӣ, гиреҳпечӣ, оинабандӣ ва дигар намуду усулҳои ҳунарвариро дар толорҳои хурду калон, пешайвонҳои баҳорона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасониву ёрирасон дида, кас ба маҳсули дастони ҳунармандон аҳсант мехонад, зеро зебоии чашмрабояндаи чойхона табъи ҳар бинандаро болида месозад.

АМФИТЕАТР НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ПАЙВАНДИ АСРҲО

Соли дуҳазору понздаҳ барои сокинони вилоят ва мардуми меҳнатқарини халқи тоҷик фаромӯшношуданӣ буд. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани намудҳои хизматрасонӣ барои истироҳату фароғати мардум, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва барномаҳои консертӣ дар шафати рости Қасри Арбоб Амфитеатр барои 6800 тамошобин сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Амфитеатр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд, ки боиси сарфарозии тамошобинон ва сокинони вилоят гашт. Шоистаи зикр аст, ки Амфитеатри Арбоб аз лиҳози ҳунар ва назокати санъати меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омӯзиши услубҳои классикӣ, ороиши девору сутунҳо, намои муосири шукӯҳи технологияи ороишии замон аст. Амфитеатр бо истифодаи техника ва технологияи нави муҳандисии бинокорӣ қомат афрохта, онро метавон идомаи усули тозае дар санъати меъмории халқи тоҷик ном бурд. Ҳамасола дар баробари баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ маросими гусели наваскарон аз вилояти Суғд дар Амфитеатр сурат гирифта, рисолати асосии кормандони Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб» ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоид барои фароғати мардум беҳудуд аст.

РАМЗИ ИҶЛОСИЯ – НИШОНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Имрӯз низ ҳудуди Қасри маданияти Арбоб ҳашаргоҳро мемонад. Агар яке барои шинонидани чароғакҳои фаввора кӯшиш ба харҷ диҳад, дигаре дар назди даромадгоҳи асосӣ – дарвозаи қаср дар ҷунбуҷӯл аст. Сеюмӣ сафолакҳои пайроҳаро мешинонаду чаҳорумӣ дар гулзоркунии майдончаҳои боғ заҳмат мекашад. Сохтмончиёни ду ширкати сохтмонӣ: ҶДММ «Бунёди Аҷам» ва ҶДММ «Раҳмониён» имрӯз кӯшиш бар он доранд, ки дар азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии муассиса саҳми муносиб дошта бошанд. Ду фаввораи калону 8 фаввораи хурд, чаҳор айвони барҳавою бо нақшу нигори миллӣ сохташуда, роҳравҳои сафолакпӯшу бо тахтасангҳо ородода, майдончаҳои гулпӯш назаррабоянд. Дар миёнаҷои боғ рамзи даврашакли гирдгардон таҷассумгари 30 солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Сӣ китоби гирдгардон ифодагари фарҳанги волои халқи тоҷик, китобдӯсту маърифатпарвар будани мардуми мамлакатро бозгӯ аст. Ҳарчанд сӣ сол дар ҳукми таърих начандон тӯлонист, аммо дар ин муддат Тоҷикистон тавонист аз нав эҳё шавад, фазои сулҳу оромӣ дар мамлакат ҷорӣ гардад, мардум гирди дастархони мурод ва рӯзгори осоишта умр ба сар баранд, ободкориҳо дар кишвар ҷараён гирад, даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим қомат афрозанд.

Дар ин замина, Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб» ‐и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи барҷастаи шоҳкориҳои санъати асили мардуми Тоҷикистон аст. Ва месазад, ки бо мавҷудияти ин қасри муҳташам ифтихор созем, аз ҳастии мунодии сулҳ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона гӯем.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh