“МЕҲРНОМА” ЧОП ШУД

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифии китоби тозанашри “Меҳрнома” баргузор гардид. Дар китоби тозанашр аз эҷодиёти эҷодкорони ду вилояти ба ҳам дӯсту бародар, аз ҷумла Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирд оварда шудааст.

Дар муаррифи китоби мазкур дар ҳайати наздик 15 нафар меҳмонон аз вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла намояндагони Кумитаи дӯстӣ, Иттифоқи нависандагон, Маркази дипломатияи мардумии созмони ҳамкории Шанхай, адибону рӯзноманигорон ташриф оварданд. Ҷонишини раиси Маркази фарҳанги ӯзбекони вилоят Ҳакимҷон Зокиров қайд кард, ки вохӯрии мазкур дар доираи 30 солагии муносибатҳои дипломатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид.

‐Ҳадафи асосии мо, пеш аз ҳама, боз ҳам қавӣ гардонидани дӯстии ду кишвар аст, зеро аз азал мо бо ҳам робитаи хешу таборӣ ва дӯстиву бародарӣ доштем. Рӯи чоп омадани китоби “Меҳрнома” барои қавӣ гардидани фарҳанги ду кишвар мусоидат хоҳад кард ва дар оянда нақша дорем, ки боз китобҳои зиёде рӯи чоп оянд, ‐гуфт номбурда. Раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдукарим Шарифов таъкид кард, ки имрӯз иди адабиёти ду кишвар аст, зеро ба туфайли чоп гардидани китоби “Меҳрнома” эҷодкорони ду вилоят бо ҳамдигар бештар ошноӣ пайдо карданд. Дар китоб аз эҷодиёти 36 нафар адиби тоҷику ӯзбек гирд оварда шудааст.

‐Дар арафаи ҷашнгирии 30 – солагии роҳандозии муносибатҳои ӯзбеку тоҷик баргузор гардидани ин чорабинӣ фоли нек аст. Муносибатҳои вилоятҳои Суғду Ҷиззах аз ҳамон солҳо мустаҳкам буд, бо сабабҳои барои ҳамагон маълум чанд муддат дар байн каме нофаҳмӣ пайдо гардиду аз ҳамдигар дур шудем. Хушбахтона, бо ташаббуси ду шахси хирадманду роҳбари некандеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев байни ду кишвар аз нав равобит пайдо шуд, ки ин боиси хурсандии халқи тоҷику ӯзбек гардид. Равобити ду кишвар на танҳо ба соҳаи савдову саноат, балки барои алоқаи маданӣ, ки солҳои зиёд моро бо ҳам мепайваст судманд хоҳад буд, ‐гуфт Абдукарим Шарифов.

Ҷоиз ба қайд аст, ки чорабинии мазкур дар руҳияи дӯстиву рафоқат ва ҳамдилию ҳамбастагии ду кишвар доир гардида, иштирокчиён барои идомаи фаъолияти кории худ фикру ақида ва андешаҳои худро мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар заминаи китоби тозанашр боз дигар китобҳои адибону шоирони маъруф ва навқалами ду кишвар рӯи чоп хоҳанд омад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh