Идомаи корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд шинос шуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем  Қалъаи Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ ҳифз карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома дорад.

Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид хоҳад шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз нақши иншооти фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh