Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар

Бонувони арҷманд!

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи бонувону хоҳарони арҷмандро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “... арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад. Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад”.

Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори Модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем.

Бузургдошти Рӯзи Модар дар кишвар аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Боиси таъкид аст, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи эҳтироми Зан – Модар таваҷҷӯҳ намуда, аз ҷумла таъкид сохтаанд: “Ба нақши Зан – Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек кулли модарону бонувони арҷмандро ба Рӯзи Модар - иди баҳору шукуфоӣ, хуррамӣ ва нишот, ки оғози баҳори қалбҳост, таҳният гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша тансиҳат бошеду баҳори шукуфарез бароятон ва аҳли оилаатон рӯзҳои сабзу хуррам, саодатмандии бепоён ва тавфиқи пайваста ато намуда, ба зиндагиву фаъолиятатон сафову зиё ва нусрату шукӯҳмандӣ ҳадя оварад. 

  Ҷашн муборак, модарону бонувони арҷманд!

Add comment


Security code
Refresh