ТАЪРИХИ ТОҶИКОН ҒАНОВАТМАНД АСТ

Шинохти бештари асрҳову замони муайян, пайдо кардани маълумоти дақиқу мушаххас дар ҳама давру замон аз омӯхтани таърих сарчашма мегирад. Ба таври фарогир таҷассум ёфтани воқеоти давр бошад, дар китобҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки вобаста ба таърихи ҳамон кишваранд. Аз ҷониби дигар, сабақҳои таърих сабабгори рушди ҷомеа хоҳанд гашт. Аз ин рӯ, бо назардошти арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид. Зеро ба гуфти Сарвари давлат «…рӯҳу тавонои фарзанди фарзонаи халқ академик Бобоҷон Fафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушду тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зарра‐зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум ҳастанд».

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» чун дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ метавонанд тамоми мардуми фарҳангдӯсту таърихшинос ва тамаддунофар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантону унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, маҳорати худро санҷанд. Чун аз рӯи тартиби Низомномаи озмун бармеояд он аз чор давр иборат буда, даври якум моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронида шуд.

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилшодзода Файзуллои Сулаймон иброз медорад, ки одамони китобхон андеша ва ақидаи дигар доранд, ҳамеша онҳо ба дӯстонашон маслиҳати муфид ва созанда медиҳанд, дунё аз нигоҳи одамони китобхон дигаргуна ҷило медиҳад ва зеботар аз он аст, ки дигарон мебинанд. – Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби пурарзиши «Тоҷикон» и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар тақдим карда шуд. Ин иқдоми неки созанда ва ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ташаббуси наҷибест бахшида ба 115 – солагии Бобоҷон Ғафуров.

Ин ташаббус аҳамияти илмию маърифатиро доро буда, барои аниқу дақиқ омӯхтани таърихи ниёгони худ заминагузор хоҳад шуд. Мо аз ҷавонон ва нафароне, ки дар озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» иштирок менамоянд, умед дорем, ки дар баробари омӯзиш ва иштирок дар озмун барои рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати софдилона ба Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд, гуфт Файзуллои Сулаймон. Ноҳият Бобоҷонова‐роҳбари созмони хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48‐уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чунин ибрози ақида дорад: Бебаҳотарин асари пурарзиш ва безаволи таърихӣ, ки даҳсолаҳо инҷониб арзиши худро гум накарда, то ба имрӯзиён расидааст ва дар оянда низ умри ҷовидонӣ хоҳад дид, китоби «Тоҷикон»‐и академик Бобоҷон Ғафуров аст.

Меҳнати бурдборона ва якумрии академик, ки ифодагару ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик ба шумор меравад, бешак, дар замони Истиқлолият қадр гардида, нахуст Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор донистани Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз 8‐уми сентябри соли 1997 дода шуд. Хушбахтона, имрӯз «Тоҷикон» китоби рӯимизии ҳар шаҳрванди тоҷику тоҷикистонӣ гаштааст. Таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон дар соли 2023 – юм доир гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» бошад, моро водор месозад, ки ҳамеша худогоҳу худшинос бошем, бо сарбаландӣ ва саодати ифтихор таъриху фарҳанги оламшумуламонро аз худ намоем, заҳматҳои ногузири адибону мутафаккирон, олимону донишваронро арҷ гузорем.

Ҳамчунин мебояд, ки суннату анъанаҳои неки ниёгонамонро нигоҳ дорем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, ҳамавақт барои пойдории истиқлолу озодии давлати соҳибихтиёрамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Мо, омӯзгорон тамоми кӯшишу ғайратамонро барои донишазхудкунии ҳамаҷонибаи шогирдонамон равона сохта, умед дорем, ки бо иштироки худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ насли ояндасозро рӯи саҳнаи зиндагӣ хоҳем овард, ки ҳама дӯстдору гиромидори Ватани ҷоноҷонамон – Тоҷикистон мебошанд. Моҳрӯ Ҳайдарова‐омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3‐юми шаҳри Бӯстон иброз медорад, ки таърихи худро надониста, ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст.

Китоби «Тоҷикон» ‐и мутафаккири маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи барҷастаи осори таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. «Тоҷикон» ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон низ ба табъ расидааст. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид. Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш – «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар боби таърихи халқи тоҷик академик ҳаҷми асарро ба маротиб тақмил дода, онро аз як қисм ба ду қисм расонидааст. «Тоҷикон» нахуст ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расид ва дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ падидаи бебаҳо гардид.

Яке аз бостоншиносони барҷастаи шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ А.П.Окладников дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна дар қатори дигар олимон саҳмгузорӣ намуда, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи муҳташаму бунёдии Бобоҷон Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо, тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи ватан аст». Ин некгуфтаҳои олимони барҷастаро танҳо мо, халқи бузургу соҳибтамаддуни тоҷик бо пос доштану шод гардонидани хотираи неки аллома Бобоҷон Ғафуров, мутолиаи пурраи асар ва бохабар шудан аз таърихи пурифтихору ғановатманди гузаштагони худ метавонем поянда нигоҳ дорем, гуфт омӯзгор. Хушбахтона, аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидану тақдими ҳар оилаи кишвар гардидани китоби «Тоҷикон» бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ хуш пазируфта шуд.

Ин иқдоми хирадмандона моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки аз фарҳангу таърихи хеш бохабар бошем, ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем, ватандӯсту ватанпараст бошем. Барои ҳар нафаре, ки дониши худро тавассути иштирок дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ нишон доданист, барор мехоҳем. Бошад, ки дар Тоҷикистони гулшукуфти мо сафи дӯстдорону мутолиакунандагони шоҳасари «Тоҷикон» афзун гардад ва насли имрӯз шоистаи даврон ба камол расанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh