Қасри сулҳу ваҳдат ва маҳбуби дилҳоӣ, Арбоб!
- Details
- Published on Tuesday, 21 November 2023 09:48
Ифтихор аз он дорам, ки бо амри тақдир роҳбарии Қасри маданияти Арбоб-Кохи таърихӣ ва басо пурарзиш барои миллатамон насибам гардидааст. Ҳарчанд дар бораи таърихи бунёди ин Кохи бегазанд бисёр шунидааму хондаам, аммо зимни суҳбат бо муҳаққиқон ва омўзиши маводи доир ба ин Кохи муҳташам гирдомада бо навгониҳои зиёде дучор омадам. Аввалан, сарфарозӣ аз он дорам, ки Кохи муҳташам бо баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари олам ҳамчун Кохи сулҳу ваҳдат шӯҳрати хоса касб намудааст.
Таърихи бунёди ин Қасрро шоҳидон ба азму иродаи ду шахси барои миллати тоҷик азизу муътабар - аллома Бобоҷон Ғафуров ва пири деҳқонони тоҷик, абармарди соҳаи кишоварзӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев мансуб медонанд.
Роҷеъ ба таърихи бунёди Қасри Арбоб марди таърихдон, шодравон Маҳкамбой Самеъбоев, ки солиёни дароз таҳти роҳбарии бевоситаи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев кор кардааст, чунин менигорад: «Бори аввал аз тарафи кӣ фикри сохтани ин бино пешниҳод карда шуд? Вақте ки колхозҳои ба номи Ворошилов ва Молотов муттаҳид шуданд, барои идора сохтани бинои хубе зарур шуда монд. Рӯзе раис Ӯрунхоҷаев аз як участка ба дигар участка ба воситаи теппаи Арбоб мегузашт. Ҳангоми гузаштан дар андешаи раис фикри дар ин ҷо сохтани клуб ва идора пайдо шуд. Дар ҳақиқат, теппаи Арбоб ҷое буд, ки аз он ҷо тамоми майдонҳои колхоз намудор буд ва як манзараи хеле завқовар ба назар ҷилвагар мешуд. Фикри худро раис ба котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва Сарвазири ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов изҳор кард. Онҳо маъқул донистанд ва сар кардани корро тавсия доданд».
Сохтмони ин қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз ёфта, санги аввали биноро моҳи апрели ҳамон сол Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштаанд. Бунёди Қаср бошад, 7-уми ноябри соли 1957 ба муносибати 40-солагии Ғалабаи Инқилоби Октябр ба охир расидааст. Роҳбари умумии сохтмони ин қаср худи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев, сармеъмори он Ҳикмат Юлдошев ва сармуҳандис Виктор Мочалов буданд.
Шоҳидон мегўянд, ки дар корҳои бунёди Кохи муҳташам ғайри сохтмончиёни асосӣ ҳамарўза аз 80 бригадаи хоҷагӣ дунафарӣ чун ҳашарчӣ ширкат мекарданд. Ба ҳисоби миёна тайи 7 сол ҳамарўза дар сохтмон аз 280 то 300 нафар кор мекарданд.
Ин Қасри бошукўҳ, ки бо меҳнати ҳалоли аҳли заҳмати хоҷагии овозадори кишвар бунёд ёфту минбаъд чун макони сарҷамъиву ваҳдати аъзои ду хоҷагӣ-колхозҳои ба номи Ворошилов ва Молотов хидмат кард, расо баъди 35 сол аз нав макони сарҷамъии миллат, макони сулҳу оштӣ, Ваҳдату ҳамдилӣ, макони раҳоии миллат аз фаношавӣ гардид. Ин Кохи бошукӯҳ макони интихоби Сарвари оқилу доно ва хирадманде гардид, ки баҳри наҷоти миллати худ борҳо аз ҷони хеш гузашт, хизмати содиқонааш ба халқу Ватан ба ин фарзанди бошарафи миллат унвони олӣ - Пешвои миллатро насиб гардонд.
Ороиши дохили бино намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморӣ мебошад. Ин бинои боҳашамат бо гаҷкорӣ зебу зиннат ёфтааст. Миниатюраҳо то ба дараҷае мураккаб ва диққатҷалбкунандаанд, ки бинандаро бемуболиға ба ҳаяҷон меоранд. Ҳамаи корҳои наққошию ороишдиҳӣ, гаҷкорию наҷҷорӣ нусхабардорию қолабӣ набуда, балки бо усули нави нотакрори эҷодӣ иҷро шудаанд.
Зимни суҳбату омӯзиши таърихи бунёди Қаср аз асарҳои нависандагон Аминҷон Шукӯҳиву Ҳилолиён Аскар - “Имзои шахсӣ” ва “Печутоби роҳҳо”, “Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев”-и профессори равоншод Усмонҷон Ғаффоров, “Арбобнома”-и иштирокчии сохтмони Қаср, равоншод Махкамбой Самеъбоев, саркорони номӣ, шодравонҳо - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Дадоҷон Тоҳиров, Механизатори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов, дорандаи ордени Ленин Абдурасул Муродов, Ҳайдарбой Олимов ва дигарон маълум шуд, ки раисбобо инсони пурдон буданд ва баробари даъвати Рассомони халқии ИҶШС, ҳамсарон Сергей ва Марина Захаровҳо аз шаҳри Санкт-Петербург, ҳунармандони мардумӣ - Устораҳимшехи наҷҷор ва наққош Устомақсуд, Устозокиру Устоочили кандакор, ки синнашон аз 70 гузашта буд, даъват карда, як толори қасрро барои ороиш бо нақшу нигори миллӣ ба ихтиёрашон вомегузорад. Наққошони рус аз сеҳри мўқалами ин ҳунармандон ба ваҷд омада мегўянд:
-Шумо ин қадар устоҳои моҳир доштаеду ҳоҷати моро таклиф кардан набуд. Беҳтар аст, ки Қаср бо тарҳи миллӣ нақшу нигор шавад.
Раисбобо бо мақсади эҳтиёт шудан аз ҳар гуна буҳтону маҳалпарастӣ аз мутахассисони рус хоҳиш мекунад, ки пешниҳоди худро хаттӣ диҳанд.
Арзиши аслии ин Қасрро муҳосибон 50 миллион рубли шўравӣ ҳисоб карда буданд. Аммо, бинобар сарфакории раисбобо он ҳамагӣ ба маблағи 12 миллион рубл бунёд мегардад.
Кохи бегазанде, ки бо дилу нияти пок ва меҳнати ҳалоли аҳли заҳмати хоҷагӣ бунёд ёфтааст, дар рўзҳои вазнини халқу миллат хидмат кард. Гумон мекунам, рўҳи поки раисбобо Саидхоҷа Ўрунхоҷаев давлати моро дастгиру муттако шуд, рўҳи поки гузаштагон, бунёдгарони Қаср заминаи сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ гардид.
Соли 2002 ба муносибати 10-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати Осорхонаи хоҷагӣ «Толори экспозитсияи Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он сол зимни нахустбоздидашон аз ин толор дастур доданд, ки нигораҳои осорхона uанитар ва осорхонаи Иҷлосия мазмун ва ҷараёни баргузории онро ифода карда тавонад. Аз тамошои он насли наврас, насли ҷавон бештар баҳра бардоранд.
Ба муносибати 30-солагии ин рӯйдоди муҳими таърихӣ бошад, Осорхона бо тарҳи наву замонавӣ азнавсозӣ шуд. Толори осорхонаи «Тоҷикистон дар масири Истиқлолият», ки бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри фарҳанги Арбоб» азнавсозӣ гардидааст, шурӯъ аз шиноснома, харита ва матни вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон то Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар «Оши оштӣ», баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, аксҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро наворгирӣ мекунанду суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд ва ҳатто дастгоҳҳои наворбардорию аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёҳое, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун нигораҳо толорро зеб медиҳад.
Ногуфта намонад, ки ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат, маҳз бо дастур ва супориши Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди муассиса боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 7 гектар ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Боғи навбунёдро дарахтони ороишӣ, гулу гулбуттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва ғайра зеб медиҳанд. Дар маркази боғ муҷассамаи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қомат афрохтааст, ки баландиаш 38,5 метр мебошад.
Қариб ҳафтод сол мешавад, ки Қасри мӯҳташами Арбоб ба мисли як зумра иншооти нодири ҷаҳон чун мавзеи таъриху фарҳангӣ ба қадамҷои бузургони сиёсат, илму маърифат, аҳли адабиёту санъат ва зиёратгоҳи сайёҳон аз мамолики дуру наздики ҷаҳон ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистони азизамон маълуму машҳур гардидааст.
Меҳмонон-сафирону роҳбарони давлатҳо дар як вақт аз ҳунари волои ҳунармандони тоҷик ангушти ҳайрат мегазанд. Аксари онҳо дар дафтари Осорхона болидарўҳии худро аз тамошои Қаср ва Осорхонаи Иҷлосия бо самимияти том ифода кардаанд. Масалан, вақте моҳи июни соли равон ба Арбоб як гурӯҳ сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Қирғизистон, Қазоқистону Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқу Фаронса, Федератсияи Русияву Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Куриё ташриф оварданд.
Аҳли муассисаамон барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати мавзее, ки он ба шарофати баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб гардидани Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии кишвар шуҳрату маҳбубияти волоро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардидааст, тамоми саъю талоши худро равона намудаанд. Бо ин мақсад тасмим гирифтаем, ки бо ҷалби олимону муҳаққиқон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта, ба оламиён пешкаш намоем.
Имрӯз дар замоне, ки авзои ҷомеа хеле мураккаб гардида, муноқишаю даргириҳо ақсои оламро фаро гирифтааст, омӯхтану паҳн намудани таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон хеле муҳим аст. Бо ин мақсад бо ҷалби аҳли зиё, олимон, сиёсатмадорон, собиқадорони ҳифзу меҳнат, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ташкилу баргузории ҳамоишҳои муҳташами байналмилалӣ, суҳбатҳои атрофи мизи мудаввар, конфренсияҳои илмӣ-амалӣ ва ғайра дар назар дошта шудаанд. Ҳамзамон, ният дорем, мактабиён, донишҷӯёнро ҳарчӣ бештар ба осорхонаҳои муассиса ҷалб намоем, дар тарбияи онҳо аз хурдӣ дар рўҳияи сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию рафоқат саҳм гирем.
Инчунин, тасмим гирифтаем Маркази илмии омӯзишии “Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”-ро ба кор андозем, ки воҳидҳои кориву Оинномаи он тасдиқ шудаанд. Дар як вақт маҷаллаи илмӣ-оммавӣ-фарҳангиро бо номи “Арбоб” ташкил карданием. Бо ин ҳама мақсад дорем, олимони ҷавон, унвонҷӯён Мактаби бузурги давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро омӯзанд, тадқиқот баранд, дар пайравии он зиндагӣ намуда, ба ҷаҳониён собит созанд, ки халқи тоҷик аз қадимулайём сулҳхоҳу сулҳдӯст ва ваҳдатоин аст. Амалисозии ин тадбирҳо шурӯъ шудаанд ва онҳо минбаъд вусъати тоза касб мекунанд.
Имрӯз теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ ва онҳое, ки барои тамошо ва истироҳат ба ин мавзеи дилкушо меоянд, хеле афзудаанд. Ин ҳолат масъулияти мо - кормандони муассисаро дар мавриди баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ҳарчӣ зебову дилрабо гардонидани боғ афзун менамояд.
Аҳли муассиса наuз мефаҳманд, ки танҳо саъю талоши содиқонаю софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонад.
Осим КАРИМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии вилоятии
“Қасри маданияти Арбоб”,
доктори илмҳои таърих, профессор