Ҳарифе, ки аз вай наёзурд кас
- Details
- Published on Tuesday, 21 November 2023 10:06
Аён аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. То ин лаҳза ин иқдоми бонуфуз садҳо ҳазор нафарро ба олами илму адабиёт ворид кард.
Салобати хосаи озмун дар он аст, ки аз хонандагони синфи якум то табақаи болоии қишри аҳолӣ метавонанд, иштирок намояд.
То ба имрӯз, тавре шоҳид шудем, афроде иштирок намуданд, ки синну солашон ба 90 наздик буд.
Чанд рӯз аст, ки Китобхонаи миллии пойтахт фазои идона дошт ва баҳори сабзпӯшро ба оғӯш кашида. Зеро илму дониш кӯчаҳои Душанбешаҳрро давр мезанад.
То имрӯз, тибқи иттилои дастрасгардида, аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ чандин нафар фаъолон сазовори унвони баланди “Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардиданд. Яке аз онҳо ҷавони воқеан донишманд Абдуҷалил Саидалиев аст. Ӯ аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик байни хонандагони синфҳои 5- 11 сазовори ҷойи аввал гашт. Ин дастоварди арзандаро ба ҳар сокини вилоят таҳният мегӯем.
Дар ҳошияи гуфтаҳои болоӣ бо Абдуҷалил Саидалиев суҳбате доштем, ки манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.
- Абдуҷалил, ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хуҷаста бод. Бигзор, ин аввали дастоварди бузургатон бошад.
-Миннатдорам ҷиҳати таманниёти некатон.
- Ба адабиёт чӣ гуна вобаста шудед. Чун аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунам, матолиби зиёде вобаста ба ин соҳа мегузоред.
- Бале, воқеан аз хурдӣ орзу дорам, адабиётро амиқ омӯхта, фаъолияти хешро дар ин раванд идома диҳам. Дар ин роҳ пайваста дарсҳои иловагӣ меомӯзам, то дар оянда ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нагардам.
Чун ба адабиёт руҷӯъ мекунем, пеши назарамон ҷаҳони андеша намудор мегардад. Одобро меомӯзад ва ҳаёти зебову рангинро бароятон туҳфа месозад. Яке аз сабабҳои асосии пайванд гаштани ман ба соҳаи адабиёт маҳз ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ буд. Аз рӯзи аввали таъсиси озмун омодагиро шуруъ намуда, пайваста идома додам. Вақтҳои омодашавӣ ба озмун ва канори дӯстон будан беҳ аз сад ғолибият аст.
- Шоира Адибаи Хуҷандӣ қайд карданд, ки ҳар гоҳ ба Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ меравам, Абдуҷалилро он ҷо мебинам. Китобхона дар ҳаётатон чӣ нақш дорад?
Китобхонаҳои маъмули шаҳри Хуҷанд амсоли хонаи худамон гаштаанд. Ҳар нақши он дар хотираам хуб сабт гаштааст. Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки ҳаёти ман бе китобхона маъное надорад. Ҳоло мехоҳам, ба кулли кормандони китобхонаҳо, ки барои дониш гирифтани ман мусоидат кардаву китобҳои заруриро муҳайё менамуданд, миннатдории хешро расонам.
- Нақши ин озмун дар ҳаётатон чӣ гуна буд ва чӣ навгониҳоро дохил кард?
- Ташаккури зиёд. Дар боло чуноне, ки қайд намудам, лаҳзаҳои омодабошӣ ба озмун беҳ аз сад ғолибият аст. Аҷибаш ин аст, ки шумо ҳамарӯза машғулияте доред ва аз корҳои беҳуда канорагирӣ мекунед. Рӯзе набуд, ки даҳ маротиба номи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро вирди забон нагирам.
Волидонам, устодони нуктасанҷу нуктабинам, пайвандону дӯстонам ҳама бо чашми чор ғолибияти маро дидан мехостанд. Вақте ба шумо сахт бовар мекунанд, масъулиятро он гоҳ дарк мекунед. Маҳз барои боварии онҳо даҳчанд кӯшиш мекардам. Гоҳо то соатҳои ду сеи шаб фаъолияти ман идома меёфт.
Вақте бори нахуст бо маслиҳати муаллимаи азиз номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мавҷуда Ӯрунова ба назди устод Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ба факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” рафтам, ҳаёти рангинам ҳусни ибтидо гирифт. Чун аллакай устод даҳҳо шогирдонро канори худ гирифта, ба ин озмуни ҷумҳуриявӣ омода мекунониданд. Баъди андак ҳамсуҳбат шудан бо кулли довталабон унс гирифтам ва баъдтар дӯстии мустаҳкаме бунёд намудам. Байни ҳамдигар баҳсҳои илмӣ ташкил мекардем, ғалатҳои якдигарро ислоҳ намудаву ба озмун ҳамаҷиҳата омода мешудем.
Тибқи низомномаи озмун шахсоне, ки дар даври ниҳоӣ сазовори мақомҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, ба ихтисоси интихобкардаи худ ройгон дохил мешаванд. Ин иқдом низ беҳтарин роҳи ҳавасмандгардонист.
Баъди ғолиб омадан ман низ акнун метавонам, бе имтиҳон ба тариқи ройгон ба боргоҳҳои олии кишвар дохил шавам. Мақсади ман дар роҳи идомаи таҳсил устувор аст.
- Озмун бе рақиб намешавад ва маҳз рақобати илмӣ инсонро ба мақсуд мерасонад. Назари хешро оиди ин масъала иброз доред, хуб мешуд.
- Воқеан бе рақиби муносиб дониши мукаммал гирифтан нашояд. Дастовардҳои ӯро мебинед ва кӯшиш мекунед, аз ӯ пештар бошед. На танҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, балки ҳангоми иштирок дар дигар озмунҳо бо шахсоне рӯ ба рӯ гаштаам, ки воқеан дониши мукаммал доранд. Аммо шумо кӯшиш мекунед, аз ҳама пешсаф бошед.
Афроде мегӯянд, асос иштирок аст. Ман ба ин фикр он қадар розӣ шуда наметавонам. Чаро? Соли қаблӣ ҳам иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ будам ва нашидаи ғолибиятро чашида натавонистам. Агар ҳолати он давраеро, ки ба ман рух дод, гӯям, касе бовар намекунад. З- ин рӯ барои нашикастан бояд мақомеро ишғол кард. Вақте аз аввал фикри “муҳим иштирок” дар сар ҷой медиҳед, хуб омода шуда наметавонед. Ҳатман бояд ба худ бовар кард.
Рақиб то гузаштани озмун аст ва баъд бунёди дӯстии мустаҳкам ба вуҷуд меояд. Имрӯз метавонам, даҳҳо нафарро мисол орам, ки рӯзе ҳамроҳаш рақобат мекардем, аммо ҳоло дӯсти қаринем. Набояд ба касе бухл дошта бошем. Танҳо сари муваффақияти хеш кор кунем.
- ...Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.
Воқеан ҳамнишини хуб инсонро ба беҳбудӣ талқин медиҳад. Мехоҳам, дар бораи чанд нафаре, ки барои ғолибият ва густариши маърифати шумо нақшгузинанд, ҳарф занед.
- Воқеан ҳамсуҳбати оқил шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тавре зикр намудам, пеш аз ҳама устодам Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва боз чанд нафари дигар устодони факултети филологияи тоҷик, муаллимаи азизам Мавҷуда Ӯрунова барои ман шароитҳои хубу созгорро фароҳам оварданд, то комёб гардам.
Дар сомонаи интернетии “WhatsApp” гурӯҳе дорем бо номи “Фурӯғиён”, ки наздик ба 15 нафар иштирокчиёни озмунро ба ҳам ҷамъ оварда, фазои илмиро ташкил додааст. Ба дастоварди ман саҳми ин дӯстони интернетиам ҳам басо бузург буд.
- Чун ғолиби номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ҳастед, бигӯед, ки аз осори кадом адибон бештар мехонед ва ҳифз мекунед?
- Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳеҷ китоб бар зарари инсон нахоҳад буд. Ҳар китоб андешаро тақвият мебахшад ва ба ҷаҳони нек роҳбаладӣ мекунад. Ман зиёдтар асарҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Баҳманёр ва дигаронро мутолиа мекунам. Аз назм бошад, ба ашъори Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш, Озар таваҷҷуҳ дорам. Шахсиятҳоеро, ки дар боло ишора карам, ҳама бо забони шево асар эҷод намудаанд.
- Ташаккур барои суҳбат, боварӣ дорам, роҷеъ ба адабиёт фаъолияти хешро идома медиҳед. Сафи дастовардҳоятон афзун бод!
- Албатта, барои ман адабиёт ҳаёт аст, нусратманду саодатофар бошед.
Мусоҳиб Сӯҳроб ОТАЗОДА
“Ҳақиқати Суғд”