ФУРСАТИ НОЗАНИНИ ШЕЪР ДАР ХИЁБОНИ ДИЛИ ШОИР

(Назаре ба бозтоби маонӣ  ва ҷилваҳои ҳунарии шеъри Илҳоми Насафӣ, дар ҳошияи китоби “Муғаннии ишқ”, Душанбе, 2023)

Шеър зодаи ҳиссу тафаккур аст ва шоир ин андешаву эҳсосро ҳунармандона интишор медиҳад, нафарест, ки нигоҳи мутафовит аз дигарон дорад, метавонад, ҳамин нигоҳи фарқкунандаро дар олами тахайюли хеш  ба тасвир кашад, аммо чунон ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона таъкид мекунад, “ҳуруфи дили худро ба забони шарифи ниёкон мавзун намудан ҳунари одиву маъмулӣ нест. Ин иқдом маҳорату ҷасорати  азим мехоҳад”.

Илҳоми Насафӣ низ аз ҷумлаи нафаронест, ки бо ҷасорат аз ин  маҳорати хеш дарак дод ва имрӯз аз “машъалдорони забони тоҷикист, ки дар куҳаншаҳри пуровозаи Тирмиз” ба шеър ишқ меварзад, ба забони модарии хеш садоқат  дорад. Шеъри Илҳоми Насафиро устоди сухани порсӣ Фарзона “маҳкаму қавибунёд” шинохта, ӯро “шоири муҳаққиқ на сухансози муқаллид” медонад ва таъкид дорад, ки “шеъри нағз мегӯяд”.

Ошноӣ бо китоби нави Илҳоми Насафӣ “Муғаннии ишқ”, ки соли 2023 тариқи нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе дастраси хонандагон ва ҳаводорони шеъри тоҷикӣ гашт, ин андешаҳоро тақвият медиҳанд, ки ашъори ӯ “бо забони нобу хушоби модарӣ ва ишқу ормону таманноҳои бузурги милливу башарӣ” эҷод шудаанд. Паёми муҳаббат ва садоқат ба ишқ, ба миллат, ба Ватан ва башарият дар ашъори шоир танинандоз аст. Шоир аз муҳаббат ба шеър ифтихор мекунад ва ин ишқро меҳрубонии Худованд меҳисобад ва шеърро наҷотбахши руҳу тани хеш:

Ҷуз шеър, касе дарди диламро нашинохт,

Аз марҳамати Худост мегӯям шеър.

Шоир бо камоли майл  дар олами муқаддаси шеър ҳунарварӣ дорад ва эҷодро рисолати бунёдии руҳи хеш мешиносад, ки аз гули ёс бар тани сухан пираҳан медӯзад:

Даст ба домани сухан мекунам аз камоли майл,

Аз гули ёс пираҳан мекунам аз камоли майл.

Дар маҷмӯаи “Муғаннии ишқ”  ғазалу рубоиву дубайтӣ ва фардбайтҳои шоир гирд оварда шудаанд. Аз ашъори гирдомадаи шоир маълум аст, ки ӯ ба қолабҳои суннатӣ муҳаббат дорад, аз изҳори муҳаббат лаззат мебарад ва ишқ барояш муқаддас аст. Дар китоби “Муғаннии ишқ” 150 ғазал ҷой дода шудааст ва фарогири паҳлӯҳои гуногуни зиндагонӣ будани мавзӯи ғазалҳои шоир шоистаи таъкид аст. Ғазалҳо аз  ҷиҳати  теъдоди  байтҳо  гуногун  аст. Дар маҷмӯа ғазалҳо аз 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11,13 байт иборат мебошанд, аз  нигоҳи  устухонбандӣ низ тарҳи  якхела  доранд ва бо риояти  анъанаи ғазалсароии гузаштагон эҷод шудаанд. Дар ғазалҳо пайванди “мадхал” “руҷуоти  шоирона” ва “хулоса” бо риояти пайдарҳамӣ муҳтавои комилро пешниҳоди хонанда месозад. Бояд бигӯем, ки “шеъри арӯзӣ кӯҳна нест, балки шакли миллии шеъри тоҷикист” ва имрӯз низ ғазал аз маҳбубтарин навъи шеъри форсист. Ба андешаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулманони Насриддин, “аз омилҳои муҳими маҳбубияту дерзистии ғазал низ ҳамин фазилат аст, ки дар пирояи худ мазмунҳои зиёдеро фаро гирифта, сифатҳои мумтози анвои дигари адабиро дар худ ҷамъ кард” .

Аксари ғазалҳои Илҳоми Насафӣ дорои  мавзӯи  воҳиданд, ягонагиву якпорчагии  дарунмоя таъмин шудааст. Васфу ситоиши Ватан, муҳаббати модар, ситоиши зан, ифтихор аз забони модарӣ ва гузаштагони хеш, тараннуми ишқу муҳаббат аз мавзуъҳое мебошанд, ки дар ғазалиёти шоир бо камоли ҳунарварӣ васфу ситоиш шудаанд.

Шоир аз ҳубби Ватан, аз Истиқлол мегӯяд ва ҷони шоир аз ишқи Ватан табли шодӣ мезанад:

Мо фақат гӯем ”Истиқлол”-у аз ҳубби Ватан,

Бӯйи истиқлоли миллат мекунад девони мо.

Забони модарӣ ва гиромидошти он ифтихори ҳамешагии шоир аст, ки мегӯяд:

Мезанад ҷӯшу хурӯш аз шаҳраги хуни дилу...

...мағз-мағзи устухони ман забони модарӣ.

Гиромӣ донистани аҷдодон аз рисолатҳои аслии ҳар миллату халқият аст ва дар ин росто, шоирону нависандагон бештар муваззафанд, ки ҳамин ифтихорро бештар ба хонандагон интиқол бидиҳанд ва тарғибу ташвиқ созанд. Ба ин маънӣ шоир мегӯяд:

Мо зи шеъри Рӯдакӣ қадри сухан бишнохтем,

Гашт “ал-Қонун”-и Сино масдари дармони мо.

Дар  эҷодиёти шоир ишқ миёни тамоми  мавзуъҳои  меҳварӣ  мақоми  баландро  сазовор гаштааст ва, ба андешаи мо, ба  ғазал  муҳаббати бештар  доштани шоир  шояд  ҳамин  майли бештар ба  мавзӯи  ишқу  муҳаббат  бошад. Аслан, ишқ аз мавзӯоти аввалмақоми ғазал аст. Ин нуктаро  Шарифҷон Ҳусейнзода низ қайд карда, таъкид намудааст, ки  “асоси ғазал ҳамоно ишқ ва муҳаббат аст”. Муҳаққиқ Ҷ.Ҳамроев низ ёдрас мешавад, ки “таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ гувоҳ аст, ки  аз замони устод Рӯдакӣ то ба имрӯз ғазал ҳеҷ гоҳе бе ҳаллу бе рақам ва дур аз зиндагии маънавӣ ва рӯҳонии инсон набудааст”. Чун ғазал  “аз ваҳдати ҳис ва ақл иборат аст. Ҳис ва ақл якдигарро дар ғазал такмил медиҳанд. Ҳис ва ҳаяҷонҳои баланди фикр ва андешаҳои баландро ба вуҷуд меоваранд. Дар ғазалҳои шоир ишқу муҳаббат омӯзгору роҳнамоест, ки ҳама тасвирҳои вай ба ин роҳнамоӣ бастагӣ дорад ва шоир мегӯяд:

Оне, ки Муғаннии фақат ишқсаро,

Ҳаммиллату ҳамзабони ишқ аст, манам.

Худи шоир низ ба ин нукта, ки ишқ дарунмояи аслии ашъори ӯст, ишораи зебое мекунад ва мегӯяд:

 Мағз андар мағзи девонам пур аз ишқ асту бас,

 Ҷуз каломи ишқ чизеро намедонам, напурс.

Шоири ҳақиқӣ бояд, пеш аз ҳама, “истеъдоди баланд ва маълумоти васеъ дошта, ба ранҷу меҳнати эҷодӣ низ тоқат карда тавонад”. Ранҷу меҳнати эҷодӣ тасаввур, диду нигоҳ ва тахайюли шоирона аст, ки дар зеҳни шоир халқ мешавад. Дар ин росто, истеъдод, дониш ва ҷаҳонбинии муаллиф хеле муҳим аст, ки ба ин нукта адабиётшиноси шинохта  Рустам Ваҳҳобзода низ ишора намуда, қайд мекунад, ки  шоир “ба воситаи тасаввури шоирона на ин ки мавҷудотро тасвир мекунад, балки  ҷаҳонеро аз пеши худ мавҷуд месозад, ки дар муҳити пазириши мо он худ ба ҷузъи тозае аз ҷаҳони воқеъ табдил мегардад. Тасаввур ва фарзи шоирона дунёро паҳно  ва  рангинӣ  (танаввуъ)-и   бештару  бештар  ато менамояд”.

Тасаввур ва фарзи шоирона ва ҳунару истеъдоди офарандагӣ аз мазомини бикр, маонии рангин ва шаклҳои ифодаи тозаи ашъори шоир мушаххас мешавад. Ҳузури таркибҳои шоирона дар ашъори ҳар шоир низ бозгӯи ҳунар ва истеъдоди офарандагӣ аст. Тахайюл ва андешаву диди шоиронаи Илҳоми Насафӣ ибораву таркиботи зиёде офаридааст, ки аз маҳорат ва завқи баланди зебоишинохти муаллиф дарак медиҳанд ва чанд намунаеро чу муште аз хирвор меорем, ки “дили рӯзадор”, “риштаи аҳду вафо”, “мавҷ-мавҷи устухонам”, “хиёбонҳои дил”, “чароғакҳои ишқ”, “ҳиммати офтобӣ”, “бисоти ҳиммат”, “рози дили баҳор”, “шабнами ҷон”, “субҳи оҳарӣ”, “фурӯғи нигаҳ”, “фурсати нозанин”, “анқои табъ”, “суфраи шаб”, “шишаи кибру ҳаво”, “ғаввоси васл”,  “чакомаҳои намакин”, “нақби сухан”, “шишаҳои сукут”, “навори хотир”, “паймонаи ҷон”, “тифли ашк”, “сандуқи ҷон”, “тарозуи амал”, “кабӯтари нигоҳ”, “варақи тозаи дил”, “ҳамшаҳрии хуршед” аз ин шумор мебошанд.

Вазн, қофия ва радиф, аз заруриятҳои шеъри суннатист ва дар баробари ин аз муҳимотест, ки боиси аз нигоҳи зебоӣ ва ҳунарӣ пурмоя гаштани ашъор мегардад. Ин аст, ки ошноӣ бо баҳрҳои шеърии ашъори ҳар шоир дар шинохти дараҷаи ҳунар ва сувари хаёли муаллиф кӯмак мекунад, зеро интихоби баҳри шеър нишони ҷаҳонбинӣ ва гароиши маънавии шоир мебошад.

Илҳоми Насафӣ дар сурудани ғазалҳо бештар ба вазнҳои маъмулии арўз таваҷҷуҳ намудааст, ба баҳрҳои ҳаҷаз, рамал ва раҷаз афзалият додааст. Дар ашъор  шоир сурудаҳо дар баҳрҳои ҳаҷази мусаммани солим, ҳаҷази мусаддаси маҳзуф, ҳаҷази мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф, рамали мусаммани солим, рамали мусаммани маҳзуф, рамали мусаммани махбуни аслами мусаббағ, раҷази мусаммани матвии махбун бештар ба чашм расиданд.

Албатта, ғазал ифода ва оҳанги дилчаспро тақозо мекунад ва дар ин баробар, оҳанги дилангези вазни арўзӣ ба қофияву радиф низ  сахт марбут аст.  Қофия ва радифҳо дар ашъори суннатии шоир бо корбурди ҳунармандона дар маънӣ ва оҳанги дилангез хидмат кардаанд. Бавижа истифодаи радифҳои хушоҳанг маҳорати хоси гӯяндаро нишон медиҳад.

Дар илми қофия “радиф иборат аст аз калимае ё бештар, ки мустақил бошад, дар лафз  ва баъд аз қофияи аслӣ ба як маънӣ такрор ёбад. Муҳаққиқин бар ин назаранд, ки “радифи зебо на танҳо ороишу зебоии калом, балки боиси афзудани вазну оҳанги марғуб ва ҳусну баёну фасоҳати калом хизмат менамояд. Мусиқоӣ ва ҷаззобияту латофати ғазал бо коргирии моҳирона аз радиф сурат мегирад. Метавон гуфт, ки дар аксар ғазалҳо корбурди радиф ҳунармандона сурат гирифта, шоир ҳам аз радифҳои сода ва ҳам аз радифҳои мураккаб фаровон истифода кардааст. Радифҳои ғазалҳои шоир дар муассир сохтани муҳтаво ва оростагии зоҳирии ғазал нақши бориз доранд.

Зимнан гуфтанист, ки шоир радифҳои ғазалҳои хешро дар пайравӣ ба шоирони классику муосир интихоб намудааст. Ҳамзамон корбурди радифҳои нав ё нодир ва  ҳунари радифгузинии шоир низ сутуданист. Аз шумори радифҳое, ки дар ғазалиёти шоир нисбат  бар  дигар  радифҳои  бакорбурдаи  вай  навтару  тозатар аст, радифҳои “чӣ хуш”, “ин ҷо”, “наёфт”, “рашки маро меоварад”, “ боз биё, дигар марав”, “бишав”, “аз ту”, “бишканем”, “мемонам”, “биравам”, “дигар наоям”, “гиря мекунам”,  “чанд нависам”, “бинад Худоро”, “фақат туӣ”, “оҳанги рафтан мекунад”, “мудом”, “хуш аст”, “пайдо нест”, “куҷо бошад, намедонам”, “ёд хоҳам кард”, “чӣ суд”, “хоҳам монд”,  “дӯст дорамат”, “гирям, эй дӯст”, “ҳамаҷо, фақат туӣ, ту”,  “дил, эй дил”, “мешиносам ман”, “меравад оҳиста-оҳиста”,  “кардам, нашуд”, “дорам дӯст”, “буданат аз чист”,  “аммо нашуд”, “мерасад боз”,  “дорам аз ишқ”,  “меравад аз даст”, “мезанад дил”, “саломат бош”, “Худоё, мададе”, “дилам монд”-ро метавон намуна овард.

Ғазалҳои мураддафи шоир арзишҳои баланди зебоишиносӣ доранд. Зимнан бояд гуфт, ки корбурди радиф маҳорати вижаи муаллифро тақозо дорад, зеро чунон ки устод Рустами Ваҳҳоб таъкид мекунад, “шарти  аслии  эътибори  радиф  равон,  бамавқеъ,  табиӣ  ва маънодор воқеъ гардидани он мебошад. Чунин ҳам мешавад, ки  дар  баъзе  аз  ашъор  баъди  як-ду  байт  эҳсос  мекунем,  ки шоир  радифро  ба  маҳзи  риояи  қолаб  нигоҳ  медорад  ва  он робитаи қавии маънавиро бо боқии байт ва шеър гум кардааст. Дар чунин ҳол бо қофия иктифо карда, аз радиф сарфи назар кардан  (албатта,  дар  ҳамаи  шеър)  беҳтар  аст. Дар баъзе аз ғазалҳои Илҳоми Насафӣ низ дар истифодаи радиф ҳамин камбуд ба назар мерасад, ки радиф “робитаи қавии маънавиро бо боқии байт ва шеър” гум кардааст.

Шоистаи таҳсин аст, ки дар қисмати аъзами ғазалҳои Илҳоми Насафӣ  радиф бамавқеъ  ва  устодона ба кор гирифта шудааст ва “аз воҳидҳои  маънодор  иборат” гашта,  “ба нуқтаи марказии ҷазби маъниҳо ва  таркибҳои тоза ба  тозаи  шоирона” табдил шудааст.

Истифода аз санъатҳои бадеӣ аз ҷониби шоирон, пеш аз ҳама,  ба хотири ороиш ва муассирии муҳтаво роҳандозӣ мешавад. Илҳоми Насафӣ дар ашъори худ аз санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода бурда, дар истифодаи аносири тасвирсози шеър ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи касрати ташбеҳу истиора, маҷозу ташхис, такрор, тазоду талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ нишонаи он аст, ки шоир аз санъатҳои шеърӣ огоҳии комил дорад.

Ташбеҳ аз серистеъмолтарин навъи санъати бадеист, ки дар ашъори шоирон, аз ҷумла дар ашъори Илҳоми Насафӣ фаровон истифода шудааст. Миёни васоити тасвири бадеӣ ҷойгоҳи ташбеҳ ва истиора – ин ду рукни муҳими маҷозро метавон махсус қайд кард. Дар ғазалҳои шоир ҳар ду навъи асосии ташбеҳ – кушода ва пӯшида бисёр ба чашм мерасанд. Аммо нуктае, ки дар мавриди ташбеҳоти ғазалҳои шоир метавон таъкид кард, ин ибтикороту навовариҳои вай дар мавриди мазомини нави ташбеҳсозии мафҳумҳою ашё ба ҳисоб меравад, ки дар ҳар ду навъи ташбеҳ фаровон мушоҳида мешаванд. Ташбеҳоти навъи пӯшида дар ғазалҳои шоир қиёсан зеботару тозатар эҷод шуда, дар мазмунсозию образофаринӣ нақши бештар доранд:

Хатсайрҳои баставу маҳдудаҳои вақт,

Оре, парандаи ба қафас мустақар шудем.

Истифодаи касрати санъати бадеии тазод  низ ба хотири  муассирии муҳтаво аз мумтозии  ҳунари шоир дарак медиҳад:

Шӯҳрату шони ту аз авҷи сабақхонии мост,

Чеҳрахандонии ту  аз дидагирёнии мост.

Талмеҳ низ чун воситаи тасвири бадеӣ зинати дарунии ғазалҳои шоирро муҳайё сохтааст. Дар корбурди анвои васоити тасвир, аз ҷумла санъати бадеии талмеҳ дар бисёр мавридҳо аз истиқлоли фикрии шоир огоҳ мешавем. Талмеҳоти шоир мағзи суханро пурмоя сохтаанд. Чун вазифаи бадеии талмеҳ исботи сухан тавассути ишорот бар ашхоси таърихӣ, мазмуни калом, қиссаҳо ва мафҳумҳову ашё мебошад, шоир аз номҳои таърихии шоҳону ҳокимон, паёмбарону шахсиятҳои дигари маъруф, номи ҳакимону донишмандон, номҳои ҷуғрофӣ зиёд истифода кардааст.

Муъҷазбаёнӣ, ҷанбаи ахлоқиву тарбиявӣ ва илмиву фалсафӣ бахшидан – инҳо аз асоситарин хусусиятҳои санъати бадеии талмеҳ ба ҳисоб мераванд. Талмеҳ дар ғазалиёти  Илҳом Насафӣ аз ҷиҳати мавзуъ ва мундариҷа гуногун буда, дар онҳо ишораҳо бар мавзуоти мухталифи таърихиву фарҳангӣ мушоҳида мешавад:

Гаҳе Маҷнунаму гаҳ Қорун,

Чӣ савдое, чӣ ҳолат дорам аз ишқ.

Шоир тавассути ирсоли масал барои тақвияи фикри худ аз ҳаёти иҷтимоӣ ва амалияи зиндагии шахсӣ мисол меоварад. Шоир аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе  айнан ва гоҳе мазмунан истифода кардааст, ки ба вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър ва муассирии муҳтаво бетаъсир намондааст:

Зи ҷавфурӯшиву гандунамоӣ безорам,

Ба дӯстдории ту як гувоҳ пайдо нест.

Мусаллам аст, ки ҳар шоир дар коргоҳи эҷодии хеш вожаҳои дӯстдоштаи хешро дорад, ки огоҳона  ва ё ногоҳона бо ин вожаҳо тасвирофарии бештар дорад. Илҳоми Насафӣ низ аз ин шумор вожаҳои дӯстдоштанӣ дорад, ки “ишқ”, “дил”, “офтоб”, “субҳ”, “оина” аз ин қабиланд.

Ба вижа вожаи “оина” ва корбурди он дар тасвирсозиву маъниофарӣ шоистаи зикр аст. Мушоҳидаи мо мушаххас месозад, ки шоир дар бештари маврид вожаи “оина”-ро чун бозтоби ҳақиқату воқеият ба кор гирифтааст. Аслан, дар адабиёт оина намоди огоҳӣ, фарзонагӣ, покӣ ва андешаи илоҳӣ мебошад. Ин аст, ки “оина” дар ашъору матнҳои шоирон ба таври густарда истифода мешавад. “Оина” дар ғазалҳои Илҳоми Насафӣ барои васфи зебоӣ,  дили бекинаи ошиқ  ва дар мавридҳои дигар, чун намоди покиву ҳақиқат ба кор меравад:

Ба ҳама яксон назар месозад аз лутфу карам,

Ҳеҷ як ойина айби зишту зеборо наёфт.

***

Мисли фаришта покхӯ, модари маънавии мо,

Оинақалбу субҳрӯ, модари маънавии мо.

Оинаро дар намунаҳои боло метавонад ба унвони намоди матраҳ шинохт, ки шоир онро ба шакли мунҳасир ба фард ба кор гирифтааст. Оина дар ин намунаҳо рамзи хотироти гузашта, рамзи покӣ аст. Гоҳи дигар рамзи ботину даруни шоир мебошад. Ҳамон гуна, ки оина худ тасвир надорад ва ҳар чӣ дар муқобил ӯ зоҳир шавад, дар он намоён мешавад. Ба ин далел шоир бо тасвиргарии зебо маъниофаринӣ мекунад ва мегӯяд: “оинадори ман бишав”, “оинаи нигоҳи ту”, “фақат ошиқ дар ин дунё дили оинатар дорад”, “нигоҳи оинадори ҷилваи симинтан аст имшаб”, “акси ту дар назар фитад ойина пурҷило шавад”, “танҳо туӣ, ту танҳо оинадор, эй дил” .

Илҳоми Насафӣ муҳаббати хос ва ошноии зиёд бо адабиёти классикӣ дорад. Ин муҳаббат ба ашъори шоир бетаъсир намондааст. Таъсирпазирии  ашъори шоир аз адабиёти классикӣ навиштаҳои шоирро пуробуранг сохтааст ва ин пайвандро устод Фарзона низ таъкид намуда, қайд кардаанд, ки  шеъри ӯ  “аз ашъори Одамушшуаро Рӯдакиву Ҳакими Тӯсиву Пири Балхиву Ҳофизу Бедил ангезаҳои мунири руҳониву равонӣ бардоштааст ба ҳадде ки  саросари шеъраш зарабони шеъри Мавлои Балху Ҳофизу Бедил садо медиҳад. Аммо ин падида тақлиду рӯбардор нест. Ӯ зоҳирнигари аразандеши суратбин нест, балки жарфнаварди ботиншикофи ниҳоношноест, ба ҷавҳари андешаи бузургон сафар кардааст ва нобтарину нодиртарин армуғони маънавиро аз эшон баргузидаву тасмим гирифтааст, ки  дар чакомаҳои худ ба руҳу ҷони тоза муҷаддад намояд .

Масалан, аз назми хаёли Ҳофиз ва нигоҳи зебои Ҳилолӣ “рӯҳу ҷони тоза” дармеёбад:

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,

Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.

(Ҳофиз)

Маст зи бӯи бодаам, дар хуми май фитодаам,

Ман ба пиёла дидаам акси рухи нигорро.

(Илҳом Насафӣ)

Миёни ғазалҳои шоир ғазалҳое вомехӯранд, ки нигоҳи забонӣ ва диди шоирона мавлавиоҳанг мебошанд, дар зарби оҳанги ғазал шӯри мавлавиёна эҳсос мешавад. Дар ин ғазалҳо ҳузури такрорҳо, тазодҳо, муродифҳои мавлавиёна андешаи моро таквият медиҳанд. Худи шоир низ ин муҳаббатро ёдрас шуда, мегӯяд:

Хостам, бо сабки Мавлоно ба лаҳни порсӣ,

Сад тарона, сад ғазал иншо кунам, аммо нашуд.

Бардоштҳои шоир аз Мавлоно бо “руҳи муҷаддад” баёни зебо пайдо кардаанд:

Сурати ҷисму ҷон манам, нусхаи бенишон манам,

“Пир манам, ҷавон манам” олами сирру роз ман.

Муҳаббати шоир ба ашъори Камоли Хуҷандӣ сутуданист ва таъсирпазирии  ӯ низ дар ғазалҳо таснифоти зебо дорад:

 Ёр гуфт: аз ғайри мо пўшон назар, гуфтам: ба чашм!

 В-он гаҳе дуздида бар мо менигар, гуфтам: ба чашм!

(Камол)

 ***

Аз баҳри ину он гузар, “аз ғайри мо пӯшон назар”,

Ин олами чуну чаро рашки маро меоварад .

Чунончӣ, дар ин абёт ишора шуд, Илҳоми Насафӣ таркиби Хоҷа Камолро дар нохунак ҷой медиҳад, ки  ин нукта маҳзи эътирофи ў нисбат ба ҳунар ва мақоми ин шоир аст.

Дар байти зер низ аз мазомини Камол бардоште дорад ва бо ҳунармандӣ бо тарҳҳои дигар навишта:

«Гуфтам: «Давои дарди диламро хате навис»,

Гуфто: «Давот чун бинвисам, ки давот нест».

(Камол)

Эй ёр, тафсилоти диламро хате навис,

Ин ҷо мани шикастақалам гиря мекунам .

(Илҳом Насафӣ)

 “Хурдтарин жанри шеърӣ байт ё фард аст, ки он аз ду мисраъ иборат буда, ҷамъ онро муфрадот мегӯянд”. Дар китоби “Муғаннии ишқ” фардбайтҳои зебову хотирмон пайдо кардан мумкин аст:

Дар бахши “Чорзарби дил” мо бозарабони рубоиёти шоир ошно мешавем, ки ҳамагӣ бо ҳунари баланд ороста шудаанд. Дар рубоӣ нисбатан мавзуъгирии ў озод аст ва рубоиҳои шоир дар доираи анъанаҳои пешин суруда шудааст.  Дар қисмати “Садбарги ишқ” накҳати дубайтиҳои шоир димоғи хонандаро муаттар ва таъби ӯро болида месозад.

Метавонем бигӯем, ки Илҳоми Насафӣ  ба ҳайси як шоири ҳунарманд аз падидаҳои сабкӣ бахубӣ истифода бурда, талош дорад, дар раҳи эҷод сухани хешро бигӯяд. Азм дорад, дар кохи муҳташами шеъри форсӣ хиште аз хеш ба ёдгор гузорад, ки дар ин ҷода барояш тавфиқ ва комёбӣ таманно дорем.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh