Асолати забони тоҷикиро нигоҳ бояд дошт

Имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста-оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ мубаддал гардидааст.

Бале, забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият басо такмил ёфт  ва ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлол табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт.

Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо- тоҷикон  чун шири модар муқаддас мебошад”.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик–Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ–миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдорист. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи нек оварда расонад.

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Бинобар ин, муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо аст.

Мунира БЕРДИМУРОДОВА,

омӯзгори МТМУ №3-и

ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh