“Муъҷиза”

Чунин ном дорад китобе, ки рӯзноманигори шинохта Туҳфа Расулӣ ба хотираи неки ҳамсараш – журналист ва адиби соҳибуслуб Абдураҳмон Расулӣ (1-уми сентябри 1949 – 17-уми январи соли 2017) омодаи чоп намудааст.

Ин маҷмуа аз ҳикояҳо, таронаҳо, ҳаҷвияю латифаҳо фароҳам омадааст. Бештари ҳикояҳои ин асар хусусияти тарҷумаҳолию саргузаштӣ доранд. Ба ин ҳикояҳои “Муъҷиза”, “Шабе бо маҳбус”, “Радиочаи Назар”, “Марги тӯтӣ”, “Радди маърака”, “Муборакбодӣ дар ҷаноза”, “Шаш зани Орзубек”, “Хаймаи Ҳусейн”, “Чақ-чақи ҳамсояҳо”, “Ишқи сӯхта”, “Зарари партов”, “Мурад камбағалӣ” мисол шуда метавонанд. Мазмунан ҳикояҳо асоси ҳаётӣ дошта, бо як маҳорати баланд ва услуби хосаю забони содда навишта шудаанд.

Бояд гуфт, ки пештар низ Туҳфа Расулӣ маҷмӯаҳои “Духтари офтоб”, “Суҳбатҳои таги тути балхӣ”-ро ба хотираи неки ҳамсараш мураттаб карда буд. Асари навбатӣ низ соли 2023 аз тарафи нашриёти “Адиб” ба чоп расидааст.

Умедворем, ки ин асар низ хонандагони хешро ба ҳам меоварад ва ҳар як хонанда аз маҳорату қобилияти эҷодии адиби ҳамвилоятамон огоҳ мегардад.

Ҳазорон офарин ва раҳмат ба чунин мураттиби хушзавқ ва вафодор ба шавҳар, ки бо вуҷуди калонсолияш то ҳол навиштаҳои марҳумро эҳтиёткорона нигоҳ медораду боз ба чоп онҳоро омода мегардонад.

Алиҷон Олимов,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh