Ба ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2023» 160 000 сомонӣ супорида шуд

6 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2023» баргузор гардид.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони озмунро табрик карда, ба 42 нафар рӯзноманигорону кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят 160 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳои пулӣ супорид. Зимни супоридани туҳфаҳо Раиси вилоят аз ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо воситаҳои ахбори омма ёдовар шуда, илова намуд, ки роҳбарияти вилоят ҳамеша аз иқдомҳои созандаи аҳли қалам дастгирӣ менамояд.

Озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2023» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ эълон гардида буд.

Озмун тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 июли соли 2023, №222 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2023» гузаронида шуда, тибқи муқаррарот қабули маводҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, беш аз 60 нафар журналистон дар номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)”, “Беҳтарин нашрияи маҳаллӣ”, “Беҳтарин наворбардор” маводҳои худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

Тибқи банди 5 ва зербанди 14 –и низомномаи тасдиқшуда озмун аз ҷониби ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh