Ниҳолшинонӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
- Details
- Published on Wednesday, 06 March 2024 10:30
Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ниҳолҳои сояафкан шинонида шуд.
Иқдоми мазкур дар рӯзҳои аввали баҳорӣ ифодагари шукрона аз сарсабзиву шукуфоии кишвар буда, талқинкунандаи ободкориву тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва кабудизоркунӣ мебошад.
Алҳол мардуми Исфара тасмим доранд бо мақсади ободу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо корҳои ниҳолшинониро вусъат бахшанд. Зеро хуб дарк кардаанд, ки мутобиқи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як макони боз ҳам зебову дилнишин мубаддал гардонидани Исфара ва зеббахшии он бо намудҳои гуногуни дарахтони ороишию гулу буттаҳои зебо ва ба саломатии инсон фоидаовар буда, ба рушди сайёҳӣ таккони ҷиддӣ мебахшад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ, сарсабзу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд