Пайванд ва ҳамкориҳои 90 солаи “Ҳақиқати Суғд” ва “Согдийская правда”

Соли равон рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” 90‐солагии таъсисиёбии хешро ҷашн мегирад. Дарозои 90 сол инҷониб рӯзнома бо забони русӣ нашр шуда, дар тарғиби ғояҳои башардӯстонаву маърифатии ҷомеа саҳми босазо дорад.

Имрӯз низ дар саҳифаҳои рӯзнома тараннуми Ватан ва саодати ватандорӣ, таҳкими сулҳу суботи кишвар, ваҳдату ягонагӣ, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бозтоби мунир доранд. Мутахассисони варзида, рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар интишори ягона рӯзномаи русӣ дар миқёси вилоят заҳматҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Рӯзномаро “сиёҳнависи таърих” меноманд. Мурур ба бастаҳои шумораҳои рӯзномаи “Согдийская правда” бори дигар моро бо муҳимтарин ҳаводиси асри 20, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони шӯравӣ, дастовардҳои замони истиқлолият ошно мекунад.

Аслан, зимни омӯзиши таърихи мутбуоти тоҷик онро метавон ба ду марҳалаи муҳим ҷудо кард, ки матбуоти шӯравии тоҷик ва матбуоти нави замони истиқлол. Рӯзномаи “Согдийская правда” дар ҳарду марҳала дар рушди матбуоти тоҷик саҳми шоиста гузоштааст.

Агар ба таърихи 90 солаи рӯзнома назар дӯзем, мебинем, ки рӯзнома дар ин фурсат чор маротиба номи хешро иваз кардааст. Зимни омӯзиши таърихи матбуоти маҳаллӣ таърихшиносон Х.Ҳайдаров ва С.Абдуллоев дар мақолаи “Аз таърихи матбуоти маҳаллӣ”, ки дар шумораҳои 178, 179, 190 (10445‐446‐ 457) “Ҳақиқати Ленинобод “, ки санаҳои 11, 12, 27‐уми сентябри соли 1974 нашр шудааст, қайд кардаанд: “Моҳи марти соли 1934 дар Хуҷанд рӯзномаи дигар бо забони русӣ таҳти унвони “Рабочий Ходжента” ба чоп шурӯъ намуд”. Бино ба иттилои ин муаррихон дар кори ташкил ва инкишофи минбаъдаи газета “аъзо ва ҳайати таҳририя Назаренко, Абакумов, Кузьмин, Качурихина, Сапожников ва аввалин муҳаррири он Н.Войнович хизмати босазо карданд”.

Бино ба маълумоте, ки аз омӯзиши Н.Морозов бармеояд, “бо такя бо рӯйхати кормандони идора, аз моҳи ноябри соли 1934, ки дар архиви вилоятӣ маҳфуз мондааст, дар соли аввали нашри рӯзнома Николай Войнич‐муҳаррири масъул, 25 сола, А.П.Третяков, котиби масъул, 27 сола, А.Корчагир, мудири шуъбаи санот, 27 сола, Р.Гойхман, ходими адабӣ, 26 сола, А.Николаева, фаррош‐хаткашон, 35 сола фаъолият доштанд.

Х.Ҳайдаров ва С.Абдуллоев дар пажӯҳиши хеш қайд кардаанд, ки санаи 1‐уми январи соли 1939 номи рӯзнома “Рабочий Ходжента” ба “Стахановец” иваз мегардад ва соле 150 шумора бо тиражи умумии 120 ҳазор нусха чоп мешавад. Дар ин хусус Н.Морозов, ки вазифаи директори бойгонии давлатии вилояти Суғдро ба уҳда дошт, дар мақолаи “Бо роҳи бунёдкорӣ” (“Ҳақиқати Ленинобод”, №12 (16034), 11‐уми феврали соли 2004, саҳ. 3) андешаи дигареро пешниҳод намуда, қайд кардааст, ки “19 ‐уми январи соли 1936 “Рабочий Ходжента”‐ро ба “Стахановец” иваз кардаанд.

Рӯзнома дар ин солҳо чун ташкилотчӣ ва ташаббускор дар таблиғи ҳаёти сотсиолистӣ хидматҳо намудааст. Чунончӣ, дар инъикос ва тарғибу ташвиқи Канали калони Фарғона силсисламақола ва хабару гузоришҳои ҷолиберо нашр намуда, ин мавзӯъ то поёни сохтмони муҳим пайгирӣ шудааст.

Олимону нависандагон, донишҷӯён, коргарону колхозчиён бо рӯзнома робитаи мустаҳкам дошта, маводи онҳо пайваста дар саҳифаҳои рӯзнома нашр шудаанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои кормандони рӯзнома солҳои душвор, соли санҷиши матонат ва қаҳрамонӣ буд. Маводе, ки дар саҳифаҳои ин солҳо нашр шудаанд, (хушбахтона, бастаҳои ин марҳалаи таърих пурра дар бойгонии вилояти Суғд маҳфуз аст) аз касбияти рӯзноманигорони “Стахановец” дарак медиҳад.

Нашрия аз 1‐уми январи соли 1948 бо номи “Ленинабадская правда” ба табъ расидааст. Хабару мақола, гузоришу мухбирнома, таҳлилу таҳқиқе, ки дар ин солҳо дар саҳифаҳои рӯзнома интишор шудаанд, ҳаёти пурталотум ва мусобиқаҳои меҳнатии ҷомеаи шӯравиро инъикос кардааст.

Рӯзнома аз дастоварду муваффақият менавишт ва камбудиву мушкилотро ошкор ва зери тозиёнаи сахти танқид қарор медод ва дар ҳалли мушкили хонандагон бетараф набуд.

Рӯзнома дар тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми босазо гузошта, парвозгоҳи бузургон гардид. Чунончи Максим Геттуев‐ шоири халқии Кабардино‐Балкария фаъолияти кориро дар ҳамин даргоҳ оғоз кардааст. Шоири русзабон Альфред Антонов аз кормандони соҳибсабки рӯзнома буд.

Зимнан бояд қайд кард, ки рӯзнома бо сабаби барҳам хӯрдани вилояти Ленинобод аз моҳи апрели соли 1962 то оғози соли 1971 ҳамчун рӯзномаи шаҳрӣ нашр мешуд. То ин замон дар редаксия Б.Н.Пшеничный, Т.П.Каратыгина, Т.С.Зброжек кору фаъолият доштанд.

Баъди дубора таъсис шудани вилояти Ленинобод ва газетаи вилоятӣ эълон шудани “Ленинабадская правда” мутахассисони соҳибсабк, рӯзноманигорон Василий Бут, Гари Яшин, Рафаил Маргулис, Борис Есенков, Аза Иванова, Гений Малый дар нашри рӯзнома саҳми шоиста доштанд.

Дар марҳалаи дувуми рушди матбуоти тоҷик, замони соҳибистиқлолӣ рӯзнома нуфуз ва эътибори хешро аз даст надода, мунтазам интишор мешуд ва дар нашри он собиқадорони соҳа саҳми арзанда мегузоштанд.

Владимир Тарасов, Эргаш Сулайманов, Ҷалол Аҳмадов (равонашон шод бод!) Ҳафиз Сайфуллоев, Фаррух Ахроров, Файзулло Атохоҷаев, Мирзоаъзам Мақсудов дар ин марҳала аз чеҳраҳои шинохтаи рӯзнома буданд.

Соли 2008 бо қарори Раиси вилояти Суғд номи рӯзнома аз “Ленинабадскя правда” ба “Согдийская правда” иваз шудааст.

Рӯзномаи “Согдийская правда” аз рӯзҳои аввали нашри хеш ҳамкории судмандро бо рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” (рӯзнома аз 25‐уми марти соли 1930 нашр мешавад) ба роҳ монда, дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад. Ҳамкориҳои 90 солаи ду рӯзномаи куҳантарини вилоят ҳирфаӣ анҷом ёфта, дар муаррифӣ ва тарғиби ҳамдигар низ муносиботи муштарак анҷом додаанд. Яке аз куҳантарин робитае, ки айни ҳол дастраси мост, ин нашри Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи газетаи «Пролетари Хуҷанд», ки санаи 28‐уми январи соли 1935 ба тасвиб расидааст, дар рўзномаи «Рабочий Ходжента», шумораи №17 (72), аз 3‐юми феврали 1935 мебошад.

Рӯзнома ба хонандагони хеш аз дигаргуниҳои сохтории рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” (номи сеюми рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”) хабар дода, Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистонро нашр кардааст, ки аз ҷумла чунин омадааст:

О газете «Пролетарий Хаджента»

Постанавление Бюро ГК (б) Тадж. 28 янв. 1935 г.

1. Газету «Бо рохи Ленини» ликвидировать, объединив с газетой «Пролетарий Ходжента», передав редакции «Пролетарий Ходжента» весь актив и пассив, а также необходимый штат работников редакции «Бо рохи Ленини».

2. Предложит редакции газет введу ликвидации газеты «Бо рохи Ленини», в каждой газете выпускать специальный вкладыш крупным шрифтом для начинающих читателей.

3. Довести тираж газеты до 7000 экземпляров, о чем сообщать газ.бюро для обеспечения этого тиража.

4. Поручить партгруппе горсовета утвердить смету и штат редакции с вязи с увеличением тиража газеты.

5. В связи с ликвидацией политотдельской газеты «Бо рохи Ленини» и обслуживанием газетой «Пролетарий Ходжента» наровне с промышленностью и полностью сельского хозяйства,‐ назвать газету «Большевик Ходжента».

Ин ҳамкориҳо дар замони шӯравӣ бомаром идома пайдо карда, дар замони соҳибистиқлолии кишвар рушди бесобиқа пайдо кардааст. Аксар вақт дар арафаи иди матбуот ва таҷлили ҷашнҳо рӯзномаҳо ҳамдигарро шодбошӣ намуда, дар ташвиқи фаъолият хидмат кардаанд.

Чунончи, рӯзноманигори варзида Файзулло Атохоҷаев дар шумораи 17(16039) аз 28‐уми феврали соли 2004 дар мақолаи “Назаре ба як шумора” зимни таҳлили як шумораи рӯзнома, ки санаи 19‐ уми декабри соли 1982 нашр шудааст, аз муваффақиятҳои ҳамқаламон зикр намуда, кормандонро бо 70‐солагии ҷашни газета шодбош гуфта, қайд кардааст: “Ленинабадская правда” имрӯз ҳам ва давоми ҳафтод сол сухани таърих менависад. Мо ҷашни фархундаи рӯзнома ва ҳамқаламони худро бо Рӯзи саид истиқболи гарму нарм интизорӣ дорем. Пеш рав “Ленинабадская Правда”.

Дар мақолаи дигари хеш устод Файзулло Атохоҷаев, ки “ Журналист” унвон дорад ва дар шумораи 20 (16042) аз 10–уми марти соли 2004 нашр шудааст, дар бораи журналисти рӯзнома Владимир Тарасов қисса мекунад, қайд кардааст: “ Ленинабадская правда”, ки дар остонаи ҷашни 70‐солагиаш қарор дорад, ифодакунандаи умед, маром ва ормони меҳнаткашон буда, инъикоскунандаи рушди зиндагӣ, рӯзгори мардуми вилоят аст. Доираи амалиёташ васеътар буда, ҳайати эҷодии он ҳамеша мекӯшад, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аниқтару асосдор инъикос шаванд”.

Дар мусоҳибаи “Дар суҳбати сардабир”, ки ба қалами рӯзноманигор Саодатхон Каримова (равонашон шод бод!) тааллуқ дорад ва дар шумораи 12(16034), 11‐уми феврали соли 2004 –уми “Ҳақиқати Ленинобод” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд” нашр шудааст, Ҳафиз Сайфуллоев, ки он замон сармуҳарририи рӯзномаро ба зимма дошт, роҷеъ ба фаъолияти кормандони эҷодии рӯзнома, озодии баён, технолоияи муосир, дизайни замонавӣ ва нақши он дар рушди рӯзнома фикру андешаҳои ҷолиб баён намудааст.

Дар шумораи ҷашнии соли 2019, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” суҳбати сармуҳаррири рӯзнома Исҳоқҷон Зокиров роҷеъ бо фаъолияти 85‐ сола нашр шуда, идораи рӯзнома ҳамкасбони хешро ба ин санаи таърихӣ муборакбод гуфтааст.

Имрӯз рӯзнома ба роҳбарии журналисти варзида Исхоқҷон Зокиров мунтазам ва бо сифати баланд нашр мешавад. Дар саҳифаҳои рӯзнома набзи замон эҳсос мешавад. Дар ин росто хидматҳои кормандони идора Мунаввар Содиқов, Владимир Вяхирев, Хуршеда Содиқова, Геннадий Набиев, Абдумавлон Самеев, Фарҳод Қосимов, Сурайё Умарова, Лютфи Мамадҷонова, Наталя Кутузова, Мавзуна Дадобоева, Файзулло Ҳасанов, Абдуаҳад Дадобоев, Мадина Почоева, Бурҳон Аслонов, Зулфия Шеронова, Нилуфар Шарифова, Наргис Ҳомидова, Азиза Сатторова, Нигина Турдиева, Абдурауф Шарифов, Моҳӣ Ҳошимова, Дилдора Зокирова ва Нурбибӣ Бобоева шоистаи таҳсин аст.

Ҳамкориҳои судманди мухбирони ҷамоатии рӯзнома ва муаллифони фаъол амсоли собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Соболев Олег Дмитриевич (100 сола), Дилбар Хоҷаева, Заррина Аҷихалилова, Рита Тимофеева, Суман Раҳматуллаева, Гулола Ғоибова, Икром Мамадов, Зафар Розиқов, Далер Бабаев, Мухсинҷон Ёсинҷонов дар рангин намудани матолиби “Согдийская правда” назаррас аст.

Воқеан, “Согдийская правда” аз оuози фаъолият мактаби хешро таъсис дод ва дар тарбияи рўзноманигорони касбb саҳмгузор гашта, ин анъана аз насл ба насл идома меёбад.

Рӯзнома 90 сол инҷониб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон баробари иҷрои рисолати азалӣ нақши мунир дорад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh