Ҷоизаҳои ифтихорӣ иқдомҳои навро тақозо менамояд

Имрўз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муссир мерасонанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Барҳақ, матбуоти чопӣ дар ҳар давру замон ба обрӯву эътибору нуфуз соҳиб аст. Имрӯз, дар замони муосир низ матбуоти чопӣ ҳамчун сафарбаркунандаи ҷомеа, расонандаи иттилои тозаву фаврӣ нақши бориз дорад. Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, «Ҳақиқати Суғд» аз зумраи он рӯзномаҳое мебошад, ки ҳанӯз аввали солҳои сиюми асри мозӣ таъсис ёфта, то имрӯз баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа саҳми шоиста дорад.

Дар ин рӯзҳои таҷлили мутантани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо таъсисёбии нахустин ҷарида бо забони тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» вобастагии зич дорад, ҳайати эҷодии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ‐ «Ҳақиқати Суғд» ифтихормандии дучанд доранд. Рӯзнома барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шуд. Ин мукофоти баланд аввалан арҷгузорӣ ба заҳмати бошарафонаи аҳли қалами идораи рӯзнома бошад, аз ҷониби дигар баҳри ҳар як нафар узви ҷомеаи меҳнатии рӯзнома масъулияти дучанд баланд дар иҷрои рисолати қаламкашӣ, то ба мардуми вилоят расонидани иттилои навтарин ва баҳри фаъолияти созандаву бунёдкорона рӯҳбаланд намудани сокинони вилояти овозадори Суғди бостон мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо ибтикори созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади дастгирии воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, пур сохтани холигии фазои иттилоотӣ дар маҳал, ташаккули жанрҳои муаррифисози чеҳраҳо дар музофот, мусоидат дар рушди касбияти рӯзноманигори маҳаллӣ ва баланд гардонидани ҷолибияти эҷоди публитсистӣ дар фазои иттилоотии маҳал барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони мамлакат ба номи Асадулло Саъдуллоев озмуни «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» баргузор карда мешавад. Басо рамзиву саодатовар аст, ки соли равон нашрияи «Ҳақиқати Суғд» рӯзномаи муваффақ ва беҳтарини маҳаллӣ эътироф гардида, ба гирифтани ин Ҷоизаи бонуфузи Иттифоқи журналистони кишвар шарафёб гардид. Ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори бепоёни ҳар як нафар аҳли қалами рӯнома мебошад. Зеро барҳақ, тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, заҳмати созандаву бунёдкорона, заҳмат баҳри рушду пешрафти ин Ватани муқаддас ҳеҷ гоҳ аз назарҳо дур намемонад ва, албатта, қадршиносӣ мегардад.

Рӯзи 11 ‐ уми март дар “Кохи Суруш” ‐ и пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар тантанаҳои таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик мукофоти баланд, «сипоснома» и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири фарҳанги мамлакат Матлубахон Сатториён ба сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода супорида шуд. Ҳамчунин, озмуни «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» ҷамъбаст гардида, ин мукофот ба сармуҳаррири рӯзнома аз ҷониби раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи фармоиши №14 аз 5‐уми марти соли 2024 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» дода шуд, ки ин нишонро Вазири фарҳанги кишвар супорид.

Месазад зикр кард, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз, ба қавле, пири нашрияҳои мамлакат, зумраи фардони барӯманди сарзамини тоҷикон аз ҷумлаи Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров, олимони забардасти тоҷик бародарон Зариф ва Шариф Раҷабовҳо, устодони каломи бадеъ, адибони бузурги мамлакат Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Озод Аминзода, Қурбон Алӣ ва даҳҳои дигарон бошарафона фаъолият бурдаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар ҳар мавриди созгор аз меҳру муҳаббат ва садоқати бениҳояташон ба рўзнома аз самими қалб ва тафохури афзун изҳор медошт: «Фахр мекунам, ки дар қатори аввалин мухбирони ин газета будам...».

Устоди бузурги насри тоҷик Раҳим Ҷалил, ки баҳри равону хушсалиқа шудани забони нашрия нақши мондагор дошт, зикр карда буд, ки «Қалами чандин нависандагони бузурги тоҷик, аз ҷумла маро маҳфилҳои адабии газета рост кардааст...».

Зикри он нукта ҷоиз аст, ки дар даврони шӯравӣ барои саҳми арзандаву шоиста дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани тафаккури зеҳнии аҳли ҷомеа нашрия, ки он айём бо номи «Ҳақиқати Ленинобод» ба табъ мерасид, ба шарафи ҷашни 50 ‐ солагии таъсисёбӣ бо мукофоти баландтарини даврони шӯравӣ Ордени «Нишони фахрӣ» тақдиронида шуда буд.

Имрӯз, дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо шарофати арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли сухан ва фаврияти расонидани иттилоъ ба мардум даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои нав таъсис ёфтаанд ва баҳри ба мардум расонидани иттилои тозатарин саҳм мегузоранд, дар қатори зумраи бесобиқаи теъдоди матбуоти чопӣ рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» боз ҳам серхонандатарин, бонуфузтарин боқӣ мондааст.

Ин ҷо овардани як нукта ҷоиз аст, ки ин нашрия таърихи бошарафона дошта, имрӯз низ шӯҳраташ фузунтар аст. Таъсис ёфтани сомонаи нашрия боис гардид, ки теъдоди муштариён бамаротиб афзун гардад. Имрӯз агар теъдоди обуначиёни нашрия бештар аз ҳашт ҳазор нафарро ташкил намояд, пас хонандагону мухлисони он дар мамолики дунё беш аз даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин рақам шаҳодатгари он аст, ки маводҳои нашрияи мо хонданӣ, ҷолиб, эътимоднок ва саривақтӣ аст.

Ин ҷо овардани як нуқта ҷоиз аст, ки ҳарчанд ин нашрия таърихи бошарофонаи беш аз наваду чаҳорсола дорад, имрўз дар қатори зумраи собиқадорони рўзнома, аз ҷумла Сайидамин Умаров, Рафоат Мўъминова, Тавҳида Ҷўраева, Алиҷон Олимов, Гулҷаҳон Махкамова, ва дигарон чанд нафар журналистони ҷавони соҳибқалам, хатмкардагони бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сарбаландона фаъолият мебаранд, ки бо нақши эҷод, мўҳтавои маводашон ва қалами сабзи хеш ба рўзнома рўҳи тоза мебахшанд.

Ин қаламкашон асосан аз фаъолияти густарда ва кору пайкору рўзгори насли ояндасози ҷомеа‐ҷавонон мавод иншо карда, бо мўҳтавои навиштаҳои хеш насли ҷавонро ба зиндагонии огоҳона, донишандўзӣ, омўхтани ҳунарҳо, созандавгиву бунёдкорӣ ва саҳми шоиста гузоштан баҳри пешбурди ин Ватани азиз раҳнамун мешаванд.

Воқеан, нақши қалами яке аз рўзноманигорони рӯзнома – Сўҳроб Отазода ҷолибу созанда дониста шуда, ин рўзноманигори ҷавон иштирокчии озмун барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ гардид ва дар Рӯзи матбуоти тоҷик бо Дипломи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, Барандаи Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ дар соли 2023 дониста шуд.

Зикри он нукта ҷоиз аст, ки давоми чанд соли охир баҳри ҳавасмандгардонии журналистони кишвар, арҷгузории заҳмати хомаронӣ аз ҷониби созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода тадбирҳои мушаххасу судманд роҳандозӣ мешавад.

Ҳамчунин, мунтазам ошно гардидан аз вазъи фаъолияти рўзноманигорон дар минтақаҳо ва маҳалҳо, , вохўриву мулоқотҳои корӣ доир намудани раиси Иттифоки журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аст, ки баҳри инъикоси ҳамаҷонибаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фарогирии пурраи мавзўоти рўз ва муваффақ гардидани нашрияҳо мусоидат карда истодааст. Баланд гардидани диққату эътибори Раёсати Иттифоқи журналистони мамлакатро ба рўзноманигорон аз он низ дарк кардан мумкин аст, ки маҳз бо иқдоми раиси ИЖ Тоҷикистон сафари кории сармуҳаррирони нашрияҳои кишвар ба пойтахти мамлакат – Душанбеи ободу гулпўшу зебо ба роҳ монда шуд, ки ин сафар пур аз таассурот буд. Ҳамчунин, раиси журналистони кишвар ба қарибӣ бо гуруҳи калони қаламкашони маркази вилоят перомуни нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат дар Кохи матбуот мулоқот доир намуд, ки муҳтавои онро вазифагузориҳо дар назди рўзноманигорон дар партави дастурҳои Паём ташкил медод.

Ҳайати эҷодии «Ҳақиқати Суғд» аз ин мулоқот баҳри хеш бардоштҳо гирифтанд.

Дар пеш ҷашнҳои табаррук, санаҳои таърихӣ, рўйдод‐ҳои ҷолиб қарор доранд. Инҳо истиқболи сазовору шоистаи 35 ‐ солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат, 30‐солагии қабули Конститутсия, ободкориву созандагиҳо ба истиқболи ин ҷашнҳои азизи миллат мебошанд.

Ҳамаи ин аз мо, қаламкашон тақозо мекунад, ки дар ҷодаи инъикоси воқеъбинонаи ҳар рўйдоду воқеот нуктасанҷ бошем, ба фаврияти инъикоси иттилоот эътибори ҷиддӣ диҳем.

Соҳибқалам будан яъне дар паҳлӯи роҳбарияти олии давлат қарор доштан, рисолати хешро ҳамчун як нафаре, ки бо нерўи хома дар рушду пешрафти Ватани азиз саҳм мегузорад, адо намудан аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh