Подоши заҳматҳо арҷгузорист

Инҷониб ба аҳли қаламу эҷод эҳтироми хоса дорам, зеро аз кӯдакӣ дар муҳити фарҳангӣ ба камол расида, ба заҳмати ҳама нашрияҳои мамлакат арҷ мегузорам, чунки аҳли қалами ҳама ҷаридаҳо баҳри беҳбудии фазои фарҳангии Тоҷикистони азиз сидқан заҳмат мекашанд, ҷаҳду талоши онҳо боиси эҳтиром ва қадршиносии ҳар яки мо бояд бошад.

Аз он, ки ҳар як шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд"‐ ро дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" ва нашри чопии онро пайваста пайгирӣ мекунам, хеле сарафрозам ва аз дуриҳои дур эҳсос мекунам, ки аҳли эҷоди ин даргоҳи мӯътабар аз сидқи дил заҳмат мекашанду фазои иттилоотӣ‐фарҳангии диёри азизамонро бо сеҳри қалами хеш гуҳарбор месозанд.

Имрӯз ба ифтихори 112‐ солагии Рӯзи матбуот дар маҷмааи "Кохи Сурӯш"‐и шаҳри Душанбе ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид, ки дар он як қатор собиқадорони матбуот бо мукофотҳо ва унвону ҷоизаҳои соҳавӣ қадр шуданд. Дар баробари қадршиносии рӯзномаву ҳафтаномаҳо кишвар нашрияи вилоятии рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" низ аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Матлубахон Сатториён бо Сипосномаи Вазорати фарҳанг инчунин аз ҷониби раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло Саъдуллоев сарфароз гардонида шуд.

Бо камоли эҳтиром ба аҳлиэҷоди рӯзнома ин муждаи некро ҳумоюну фархундаву фирӯз мегӯем.

Зикр намудан ба маврид аст, ки соли дуюм аст, ки рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешавад, ин муждаи нек шаҳодати он аст, ки подоши ҳама заҳмату талошҳои нек арҷгузорист.

Дӯстонамро дӯст медорам, аз он ҷумла дӯстони раҳдурамро зеро онҳо аз дуриҳои дур бо худ як ҷаҳон ёду хотираҳо меоранд.

Аз дидори мубораки сармуҳарририри рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" Аминҷон Абдуғаффорӣ Шарифзода сарам ба фарози осмон расид.

Акбар АБДУСАМАДОВ,

сардори шӯъбаи нозироти стандарти нашр

ва воридоти нусхаҳои ҳатмии

МД ʹʹХонаи китоби Тоҷикистон"‐и

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh