Қадрдонии аҳли қалам

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва рӯзноманигорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр аҳли қаламро бо Иди касбиашон табрик гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки матбуот ва воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои дуруст додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рўшан карда буданд, то ба имрўз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад”.

Зикр гардид, ки дар марҳалаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма маҳз аз ҳақиқатнигорӣ ва инъикоси воқеии ҳаводиси ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.

Дар охири суханронии худ раиси шаҳр изҳори боварӣ намуд, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Пешвои миллат саҳм мегузорад.

Сипас, аз ҷониби раиси шаҳр ба як қатор рӯзноманигорони фаъол Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҷовиди Аштӣ, намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вилоят барои таманниёт ва қадршиносии журналистон ба раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода арзи миннатдорӣ намуд.

Нодир ТУРСУНОВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh