Соҳибмаърифат будани шаҳрвандон зарур аст
- Details
- Published on Thursday, 14 March 2024 11:16
Инсоният бидуни хариду фурӯши молу маҳсулот ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад, зеро ӯ мебояд чизе истеъмол намояд, то зиндагӣ кунад, бояд либосе бихарад, то танашро аз гармиву сардӣ эмин дорад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани муносибати харидору фурӯшанда ва шахсони хизматрасонанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба тасвиб расидааст. Барои пиёда сохтани ҳар банду басти ин қонун ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, яъне ҳар яки мову шумо дар вилояти Суғд Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.
Дар арафаи рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо сардори Раёсати мазкур Азамат Азимӣ суҳбате доштем.
–Инак, ёздаҳ сол пур шуд аз он рӯзе, ки ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ иҷозат дода шуд. Лутфан мегуфтед, ки кай шаҳрвандон ҳамчун истеъмолкунанда баромад карда метавонанд ва ҳуқуқи онҳо аз чӣ иборат аст?
–Ҳар нафаре, ки маблағи зарурӣ дораду нияти чизе харидан ё фармоиш мекунад, ӯ истеъмолкунанда маҳсуб меёбад. Ин нукта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» низ оварда шудааст. Шахсе, ки ба ягон маркази савдо, бозору дигар нуқтаҳои мол ба фурӯшанда ҳамчун харидор муроҷиат мекунад, соҳиби чандин ҳуқуқ мебошад. Аз қабили ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳуқуқ ба маълумот дар бораи мол (кору хизматрасонӣ) ва ҳамчунин, доир ба истеҳсолкунандаи он. Ҳар соҳиби мол, ки фурӯшанда ва ё истеҳсолкунанда мебошад, вазифадор аст дар бораи маҳсулот маълумоти пурра пешниҳод намояд. Ҳуқуқ ба бехатарии мол, интихоби озоди мол, сифати муносиби мол, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, ҳимояи худ, таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятии худ, пешниҳод кардани дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол ин ҳама ҳуқуқҳоеанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъмолкунанда дода шудааст.
Аммо баъзан аз ҷиҳати шитобкорӣ ҳангоми харидани маводи озуқа, асбоби рӯзгор, сарулибос ва ё масолеҳи сохтмонӣ ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли озуқа, коршоямии асбобҳо, шинам будани либос ба андом ва сифатнокии масолеҳ аҳамият намедиҳанд. Ин аст, ки вақти ба худ мувофиқ пайдо кардан аз хариди худ пушаймон мешаванд. Вале бо истиҳолаи он, ки оё ӯ молашро бозпас мегирифта бошад ё не, баъзан ба нуқсони мол чашм мепӯшанд. Аммо агар мол арзиши қиматтаре дошта бошад, маҷбур мешаванд, ки ба мағоза рафта, молашро бозпас гардонанд. Ин ҷо масъалаи баҳсталабе ба миён меояд, ки онро танҳо дар доираи қонун ҳал кардан лозим меояд.
–Оё фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки моли фурӯхтаашро бозпас қабул накунад? Зеро дар аксар мағозаҳои шаҳр навиштаҷотеро дидан мумкин аст, ки дар он бо хати хоно «Молҳои фурӯхташуда бозпас қабул ва ё иваз карда намешаванд» насб шудааст.
–Чӣ хеле зикр кардем, фурӯшанда натанҳо ҳуқуқ надорад, балки уҳдадор аст, ки моли фурӯхтаашро иваз намояд ва ё бозпас гирад. Ҳастанд як‐ду ҳолате, ки ба таври истисно қабул шудаанд, вале он ба қисмати зиёди молҳо тааллуқ надоранд. Аммо мутаассифона, дар мағозаҳо, хусусан, дар нуқтаҳои савдое, ки либос ё либосворӣ фурӯхта мешаванд, навиштаи «Моли харида бозпас гирифта намешавад»‐ро мехонем, ки он тамоман ғайриқонунӣ аст. Мо то метавонем ба соҳибони ин нуқтаҳои савдо моҳияти қонунро фаҳмонида, навиштаҷоти мазкурро барканор созем. Ҳар фурӯшанда бояд донад, ки ҳамаи молҳо бозпас қабул карда мешаванд.
–Вақти бозпас гардонидани моли харидашуда харидор бояд ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо худ дошта бошад?
–Албатта, вақте амали харидориву фурӯшандагӣ ба вуқӯъ мепайвандад, он хоҳ‐нохоҳ бо маблағ пайванд мешавад. Аз ин рӯ, ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидоронро лозим аст, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва сарфаи маблағҳояшон як қатор корҳоро ба анҷом расонанд. Харидор бояд чеки маводи дастраскардаашро талаб намояд, зеро фурӯшанда танҳо дар он сурат талаботи харидорро қонеъ месозад, ки агар истеъмолкунанда молро истифода набурда, борпеч ва тамғаи (этикетка) молро нигоҳ дошта бошад ва аз ҳама муҳимаш чеки назоратиашро ҳам бо худ гирад. Вагарна ба харидор исбот кардани харидорӣ шудани мол аз ҳамин мағоза мушкил мешавад.
–Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кадом корҳоро ба анҷом мерасонад?
–Ҳанӯз ҳамасола ҳамроҳ бо Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон дар байни донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти олию миёна вохӯриҳои судманд анҷом дода мешаванд, ки иштирокдорон аз маслиҳату дастури ин мақомоти ваколатдор бархурдор гарданд. Иштирокдорон оид ба муаммоҳои ҷойдошта дар хариди молу маҳсулот дар бозору марказ ва нуқтаҳои фурӯш чеки назоратӣ, хизматрасониҳои идора суол дода, посухҳои саҳеҳ мегиранд.
Зарур аст қайд кунем, ки баҳри бархурдор гардидани аҳолӣ аз санаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон тариқи телевизионҳо наворҳо намоиш дода шуданд, дар мавзеъҳои шаҳр ба қадри имкон лавҳаю овеза паҳн гаштанд, буклетҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯи мазкур таҳия ва нашр гашта, дастраси аҳолӣ шуданд. Мақсади асосӣ он, ки ҳар сокин, ҳар харидор ҳуқуқи худро донад, аз он истифода барад. Соли ҷорӣ сенздаҳсолагии таҷлили Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сурат мегирад ва тӯли ин муддат Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар маҷмуъ дар 55 муассисаи таҳсилоти давлатию ғайридавлатӣ, дар 18 коллеҷи тиббию омӯзгорӣ ва литсейҳои касбӣ‐техникӣ, 5 мактаби олӣ семинар‐машваратҳо доир кард, ки дар ин вохӯриҳо беш аз 15 ҳазор нафар иштирок карда, маърифати истеъмолии худро баланд бардоштанд.
–Чун ҳар як нафар дар навбати худ ҳамчун истеъмолкунанда баромад карда метавонад, ҳангоми бо фурӯшандагон сар задани нофаҳмиҳо ба куҷо бояд муроҷиат кунад?
–Дар ҳолати риоя нагаштани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда аз тарафи фурӯшанда шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба телефони боварии (83422) 4‐06‐06, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» муроҷиат карда, ба суолу муаммоҳои пешомадаи худ ҷавоб бигиранд. Барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя гаштани қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят «Марказҳои машваратӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ» таъсис дода шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза фаъолият бурда, қонуншиканиҳоро рафъ месозанд.
–Барои суҳбат ва маълумот миннатдорӣ арз мекунем.
–Саломат бошед.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»