Таҷлили Иди Наврӯз дар деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом

Дар деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом тантанаҳои наврузӣ баргузор гардида, сокинон Иди байналмилалии Наврӯзро бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифтанд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзӣ иштирок намуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро табрик гуфт. 

Қайд карда шуд, ки Наврўз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рўз шабу рўз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.

Мардум дар даврони мухталифи таърихӣ ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд ва минбаъд Наврўз дар миёни халқҳои дигар паҳн гардида, маҳбубият пайдо намуд ва ҷузъи тамаддуни ононро ташкил дод.  

Наврўз ҳар сол ба сарзамини тоҷикон орзуҳои нав меорад. Ин ҷашни қадимаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мазмуни тоза ба тоза боз ҳам ғанитар гардидааст. Ин гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумати мо ба фарҳангу таърихи пурғановати миллати куҳанбунёдамон арҷ гузошта, барои пойдории истиқлолу озодӣ ва сарҷамъию муттаҳидӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳри Конибодом аҳлона меҳнат намуда, ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд. 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои наврӯзӣ, ки дар он маҳсули дастии ҳунармандон, таомҳои миллии хоси Наврӯз ва дигар маҳсулот гузошта шуда буд, боздид карда, ба кӯдакону хурдсолон ва маъюбон туҳфаҳои идона супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh