Таърихшиноси маъруф

Аҳрор Мухторов 5-уми ноябри соли 1924 дар шаҳри Ӯротеппа (алҳол Истаравшан) дида ба олами равшан кушодааст. Ӯ соли 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т.Шевченко) гардид. Соли 1942 ихтиёран ба набардгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва баъди анҷоми он то соли 1947 дар хидмати ҳарбӣ монд.

Баъди хидмат муддате дар донишкада дарс дод, баъдтар ба ҳайси мудири шуъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашид. Котиби илмӣ, директор мудири бахши таърихи асрҳои миёна, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон адои вазифа намуд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Аҳрор Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст. Аҳрор Мухторов дар илми таърихи миллатамон аввалин нафарест, ки даст ба мавзуи ниҳоят муҳим - омӯзиши катибаҳо зад, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шуд. Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов «ганҷи парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонид». Олим бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайраро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расониданд. Олим бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфияи рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузбударо омӯхта, дар асоси онҳо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид.

А.Мухторов ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷуҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлӯҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, 1810 дар Бухоро, 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт.

Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул, Ҷалолобод, Буст, Лашкаргоҳ, Балх ва ғайра аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Қобилияти илмии ин донишманди пухтакор дар ҷодаи илми таърихи халқи тоҷик, ки қисми ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳонист, сазовори эътирофи умум гашт.

Институти библиографии Амрико соли 1994 олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсони машҳури ҷаҳон» ворид сохт, ҳамин Институт вайро «Олими сол-1995» эълон намуд.

Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияҳои мамолики ҷаҳон – ИМА, Англия, Олмон, Россия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил кард.

Қобилияти табиӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, ба илм, дар иҳотаи олимони машҳури давр - Б.Ғафуров, Б.Искандаров, А.Семёнов, А.Мирзоев ва дигарон қарор доштан имкон доданд, ки дар рушду камоли илми таърихи миллати хеш ин марди фозилу нексиришт саҳм гузорад. Ахрор Мухторов иштирокдори симпозиуму конфронсҳои минтақавию байналмилалист, дасти бисёр ҷавононро дар ҷодаи таърихи миллат рост кардааст.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ бар асари як бемории тӯлонӣ даргузашт. Ҷисми зиндаёд Мухторов дар оромгоҳи Лучоб, воқеъ дар шимоли ғарбии Душанбе, ба хок супурда шуд.

 С.ИСМОИЛОВ,

устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Add comment


Security code
Refresh