Маънавиёти баланд аз фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад
- Details
- Published on Friday, 14 June 2024 13:11
Истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳим барои миллати тоҷик ба шумор рафта, он ба таҳким ва тақвият бахшидани дигар бахшҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри беҳбудии тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбиру чораҳои судманд андешида шуда, ҳамзамон фарҳангиёни кишвар ба дастоварду комёбиҳои шоиста ноил гардидаанд.
Дар ин замина, баҳри беҳбуд бахшидани фарҳангу ҳунару санъат ва дигар бахшҳои муҳими маънавиёт як зумра сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барои рушду нумӯи соҳа бошад, як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Қабл аз ҳама, қабул шудани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ барои батанзимдарории фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, тақвияти заминаи моддию техникии онҳо, бунёди инфрасохтори нави фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати озодона истифода кардани дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё сохта, ба рушду нумуи фарҳанги миллӣ мусоидат карданд.
Дар ҳошияи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат соҳаи фарҳанг дар вилояти Суғд сол то сол рушду нумӯъ намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбиру чораҳои судманд андешида мешаванд.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки сарварии онро бонуи кордону собиқадор Моҳрӯ Қосимова ба зимма дорад, баҳри ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ барои баргузории чорабиниҳо бахшида ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Баргузории як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Тоҷикон”–оинаи таърихи миллат” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Дар ҳошияи чораҳои судманди фарҳангӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри рушди фарҳангу маънавиёт як қатор тадбирҳо андешида шуда, фарҳангиёни ноҳия ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 31 китобхона, 19 муассисаи клубӣ, 1 мактаби санъат, ансамбли «Шашмақомхонон» ва ансамбли созию овозӣ ва рақсии «Бунафша» фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ маҳфилҳои гуногун амал менамояд.
Баҳри баланд бардоштани маънавиёт, маърифат ва савияи дониши хонандагон дар муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ноҳия чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва шабнишиниҳо бо иштироки шахсони барӯманд, фаъолон, шоирону нависандагон гузаронида мешаванд.
Инчунин, дар ҳудуди ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳолии ноҳия бо иштироки намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо доир карда мешаванд. Аз ҷумла, оид ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ силсилаи чорабиниҳо, сӯҳбат ва вохӯриҳо таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат–номаи тақдирсози халқи тоҷик» ташкил шудаанд.
Ҷиҳати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва мусоидат ба довталабон ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикон”–оинаи таърихи миллат” моҳи феврали соли ҷорӣ даври минтақавии озмун доир гашт, ки мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон 6 нафар ғолиби даври минтақавӣ дониста шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мансурҷон Пӯлотов, Фотима Бердиева ва Юнусбой Ашрапов сазовори ҷойи сеюм гардида, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ тақдиронида шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баъди рақобат Муҳаббат Хоҷаева, Ойдиной Насриддинова, Шаҳноза Ҳамидзода дар даври вилоятии озмун ширкат варзиданд.
Дар ин радиф як қатор вохӯриву мулоқот оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», дар бораи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ташаккул ва тафаккури созандаву ояндабинии мардум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии шаҳрвандон, риояи анъанаҳои миллии либоспӯшӣ, симои зоҳирӣ ва рафтори шаҳрвандон, никоҳи хешутаборӣ, оиди мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли гузашта парда аз рӯи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров бардошта шуд.
Инчунин, Осорхонаи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии МИҲД-и вилояти Суғд пурра таъмир ва азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар даварони соҳибитсиқлолӣ дар панҷ ҷамоат- Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Ҳайдар Усмонов, Ғозиён, Хистеварз, Овчӣ Қаълача ва соли 2023 дар шаҳраки Ғафуров, маркази ноҳия боғи Парчам ва нишон кушода шуд, ки дар расмикушоди он Сарвари давлат ширкат доштанд. Айни замон ин хиёбонҳои обод макони сайру гашти мардуми ноҳия қарор гирифтааст. Шоёни зикр аст, ки ҳамаи муассисаҳои фарҳангии ноҳия аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявию вилоятӣ минбаъд низ бахши фарҳанги ноҳия дар асоси Низомномаи бахш фаъолият бурда, барномаҳои рангину ҷолибро таҳия хоҳад кард ва фаъолияти худро таҳким хоҳад бахшид.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”