Муаррифгари ҳунарҳои қадима
- Details
- Published on Tuesday, 23 July 2024 10:22
Дар зиндагӣ инсонҳое вомехӯранд, ки бо кору пайкор ва амали некашон дар ҳар ҷода муваффақ шудаанду барои атрофиён намунаи ибрат. Ҳар инсон дар сурате ба мақсади ҳаётиаш муваффақ шуда метавонад, ки агар барои ба даст овардани он ҷидду ҷаҳд намояд.
Шарифҷон Сангинов. Ин ном барои онҳое, ки ӯро мешиносанду ҳамроҳаш дар зиндагӣ устуворона қадам гузоштаанд, басо азиз аст. Зеро ин ҷо сухан дар бораи шахсе меравад, ки меҳри касби интихобкардаашро дар қалб ҷо дода, чиҳил сол инҷониб фаъолияти пурсамар дорад.
Миллати тоҷик соҳиби фарҳанги бой, маданияту ҳунари ҳунармандони машҳур аст. Наққошони тоҷик анъанаҳои беҳтарини ҳунармандони гузаштаро эҳтиромона давом дода истодаанд. Мутахассиси варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ, рассоми пуртаҷриба Шарифҷон Сангинов, ки тамоми ҳаёти пурсамари худро сарфи хизмат ба мардум кардааст, то расидан ба соҳибобрӯӣ зинаҳои гуногуни ҷодаи интихобкардаашро тай намудааст. Мавсуф 11-уми июни соли 1953 дар оилаи зиёии шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, таҳсили ибтидоиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-уми маркази вилоят гирифтааст.
Шуғли писандидаи ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакию наврасӣ кашидани расми манзараҳои гирду атроф, меваҳои шаҳдбори кишвари азизаш ва симоҳои шахсиятҳои гуногун буд. Нахустин расми кашидаи ӯ чеҳраи модари хушназараш буд, ки рассом то ҳанӯз онро дар бойгониаш маҳфуз медорад, зеро маҳз ҳамин расм ӯро ҳидоятгари парвозҳои навин дар ҷодаи касби интихобкардааш гардонд.
Шарифҷон Сангинов ҳамарӯза шукргузор аз он аст, ки дуои модари фариштахисолаш фарзандашро ҳамеша раҳнамуни ҳаёт аст.
Дарозои чаҳор соли таҳсил дар Омӯзишгоҳи касбҳои техникии ба номи Юрий Алексеевич Гагарин ӯ тавонист дар бораи ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик огоҳ бошад, аз нозукиҳои ҳар ҳунар дар алоҳидагӣ бохабар шуд, ки дар роҳи минбаъдаи ҳаёташ ба кор омадаанд.
Баъди як соли фаъолият дар идораи дорусозии ҳудуди вилоят Шарифҷон Сангинов дарк намуд, ки дониши андӯхтааш барояш басанда нест, аз ин рӯ бо мададу маслиҳати устодони омӯзишгоҳ ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи қабули Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Киров супурд.
Нишастан ба партаи донишҷӯӣ барои рассоми оянда бахти бузург буд. Устодони факултаи рассомӣ-графикии мактаби олӣ дарозои таҳсил барои гирифтани сабақи зиндагӣ ба Шарифҷону ҳамсолонаш ёрии калон расониданд. Аллакай аз замони донишҷӯӣ расмҳои шогирдонаи ӯ дар намоишгоҳҳои донишгоҳиву берун аз он ҳаводорони худро доштанд.
Шарифҷон Сангинов фаъолияти хешро ба ҳайси рассом-ороишгар дар фонди бадеии шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида, наздик сӣ сол дар ин боргоҳи ҳунар кор кардааст. Дарозои фаъолият ӯ тавонист ҳамчун рассоми муваффақ байни ҳампешагонаш шинохта шаваду дар баробари ин дар тарбияи шогирдони арзанда саҳми босазо гузорад.
Нақшҳои кашидаи ин марди ҳунарманд парвозҳои баланди эҷодӣ доштанд. Акнун номашро натанҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз он мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Фармоишгарон аз маъмурияти фонди бадеӣ дархост мекарданд, ки фармоишашонро маҳз Шарифҷон Сангинов ба ҷо орад.
Нахустин кори эҷодӣ-кундалкории рассоми мониқаламро ҳаводоронаш дар сақфи ошёни якуми қасри “Хуррамшаҳр” – и шаҳраки Данғара дида, барояш баҳои сазоворро муносиб донистанд. Минбаъд парвозҳои баланди ҷодаи рассомӣ насиби ӯ мегаштанд.
Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2011-2013 сохтмони “Кохи Наврӯз”- и маркази пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе ба итмом расида, корҳои ороишии бино ба дӯши рассомону наққошон вогузор гардида буд. Заҳмати беандозаи ҳунармандон баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани ин кохи муҳташам беҳудуд буд.
Дар расмикушоди ин бинои аҳамияти таърихидошта аз ҷониби Сарвари давлат Шарифҷон Сангинов ва ҳамроҳонаш низ иштирок доштанд. Иштирокдорон ба сақфи бинои таърихӣ менигаристанду аз зебоии он чашм канда наметавонистанд. Ҳамаи он маҳсули дастони зебоиофари ҳунармандони тоҷикро шаҳодатгар буд, ки ҳунари қадимаи халқи тоҷикро бо рангу усулҳои хос нақш баста буданд.
Маҳорати баланди наққошӣ, услубу тарзи нигориши нақшҳо барои пайдо кардани мактаби касбии рассом мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ба рассом лозим омад, ки дар баробари фаъолият дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва ороиши сақфи толори илмӣ – адабии ин маҷмааи таърихӣ маҳорати баланди ҳунармандии худро нишон дода, байни ҳамагон соҳибобрӯ гардад. Агар гузоратон ба маҷмаа афтода бошад, боре ба сақфи хонаи оҳангарон назар афканед, бешубҳа ба сеҳри дастони рассому наққош Шарифҷон Сангинов ва ҳамроҳонаш аҳсан хоҳед гуфт.
Наққош ҳамчунин муаллиф ва ҳаммуаллифи корҳои ороиши амалии иншоот ва биноҳои маданиву маърифатии чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд, осорхонаи заводи пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов, қаҳвахонаи мавзеи Панҷшанбе, сақфи чойхонаи нуқтаи пахтақабулкунии Куркати ноҳияи Спитамен, сақфи осорхонаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №44-уми ба номи Ю.Гагарини шаҳри Хуҷанд, наққошӣ ва кошинкории қаҳвахонаи мавзеи Гулбаҳор, кошинкорӣ бо санги табиӣ дар девори муҷассама ба хотири ҷанговарони солҳои 1941-1945 дар деҳаи Куркати ноҳияи Спитамен, кошинкорӣ дар истгоҳи нақлиёти мусофиркашонии гардиши Гулистон, қаҳвахонаи “Чумчуқ арал”, кинотеатри “Пахтакор”-и ноҳияи Спитамен, девори ошхонаи Комбинати шири шаҳри Хуҷанд, наққошии илмӣ (вассаҷуфт)-и осорхонаи Эргашбойбача, қаҳвахонаи “Ғунча”-и шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллии “Бободеҳқон”, сақфи чойхонаи “Азизон”-и мавзеи Панҷшанбе, токчакории оинабандӣ дар ҳавлиҳои истиқоматии сокинони маҳалҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи мамлакат буда, тавассути ҳунари аҷдодӣ тавонистааст муаррифгари ҳунарҳои қадимаи тоҷикон дар замони имрӯз бошад.
Ҳамчунин, Шарифҷон Сангинов иштирокчӣ ва ғолиби озмуну намоишгоҳҳо буда, бо асарҳои пурмуҳтавояш байни мухлисони санъати тасвирӣ ном баровардааст. Асарҳои эҷодии рассомию наққошии ӯ таҳти намояҳои “Наҳорӣ”, “Баҳор”, “Пахта”, “Меҳроб”, “Кундал”, “Товусҳо”, “Давра”, табақҳои сафолин манзури тамошобинон гашта, ҳайрати онҳоро ба муъҷизаи дастони ҳунарманд бештар гардонидааст.
Агар ба маҳорати хосаи рассом баҳо доданӣ шавед, метавонед, онро харидорӣ низ намоед, зеро аллакай маҳсули дастонашро намояндагони давлатҳои хориҷа, аз қабили Ҷопон, Непал, Чин ва Федератсияи Русия харидаанд, то ҳамватанонашонро аз сеҳри дастони ҳунармандони тоҷик бохабар намоянд. Маҳсули меҳнати чандинсолаи ҳунармандро метавон дар осорхонаи Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия мушоҳида намуд.
Гузашта аз ин, Шарифҷон Сангинов тӯли фаъолияти бисёрсолааш як зумра шогирдонро тарбия намуда, баҳри баланд бардоштани санъати тасвирии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.
Бешак, ин марди ҳунарманд барои шомил шудан ба узвияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ арзанда аст.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”