Сипосномаи Бунёди Саъдии Шерозӣ ба олимаи тоҷик
- Details
- Published on Saturday, 08 March 2025 14:18
Вақте 23-юми феврали соли равон ба сарходими илмии ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», профессор Замира Ғаффорӣ Сипосномаи Бунёди Саъдии Шерозиро супориданд, тавассути расонаҳои иттилоотӣ аз он огоҳ гаштам. Ифтихорманд аз он гардидам, ки донишманди закитабъ, ҳиндушиноси шинохта, олими варзида Замира Ғаффорӣ пайрави кори қиблагоҳиаш - ҳиндушиноси мумтози тоҷик, шодравон Абдуллоҷон Ғаффоров ҳасту бо ин пайроҳа қадам гузошта, тавре хоҳараш олима, профессор Умеда Ғаффорова мегӯяд, «роҳи нотамоми падарашро бо сарбаландӣ идома бахшид».
- Хоҳари дилбандам Замира Ғаффорӣ ҳар вақте ки дар роҳи илм муваффақ мешавад, ин байтро замзама мекунад:
Коре, ки кунам, давоми кори падар аст,
Роҳе, ки равам, давоми роҳи падар аст.
Воқеан, санаҳои 22 - 24- уми феврали соли равон дар Донишгоҳи Ҷомия Миллия Исломияи шаҳри Деҳлӣ Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд доир гардид. Ва маросими супоридани Х – умин давраи Ҷоизаи ба номи Саъдии Шерозӣ барои пажӯҳишҳои назарраси муҳаққиқони Ҳиндустон, ки роҷеъ ба адабиёти форсизабони Ҳинд пажӯҳиш мебаранд, муқаррар шудааст.
Дар маросими тантанавии мукофотсупорӣ Раиси Фарҳангистони Ҷумҳурии исломии Эрон, дар баробари ҳамин Раиси Бунёди Саъдии Шерозӣ ҷаноби Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил сарходими илмии ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» профессор Замира Ғаффориро барои таҳқиқоти пурарзишаш роҷеъ ба адабиёти форсизабони Ҳиндустон бо Сипосномаи Бунёди Саъдии Шерозӣ сарфароз гардонид. Дар Сипоснома омадааст: «Устоди гиромӣ, саркорхонум доктор Замира Ғаффорӣ, бо салом ва эҳтиром. Боландагии забони форсӣ дар сарзамини Хинд марҳуни кӯшишҳои фарҳехтагон аст, ки таҳқиқу иртибототи фарҳангиро нурафшон нигоҳ доштаанд. Донишварони тоҷик дар ин миёна саҳме босазо доранд. Дар даврони ҷадид саркорхонуми олӣ парчамбардори ин талошҳои пурсамар будаед. Бадин васила аз кӯшишҳои маҷидона аз саркорхонум дар ин ҳавза қадрдонӣ мешавад…»
Профессор Замира Ғаффорӣ ҳиндшиноси номвари тоҷик аст, ки дар Ҳиндустон чаҳор китоби ӯ – «Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме» (Деҳлӣ, соли 2011, 278с.), «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот –уш-шуро» ва «Сафинаи Хушгӯ» (Алигарҳ, 2017, 278 саҳ.), «Ҷамоли Деҳлавӣ ва маснавии «Меҳру Моҳ» (Алигарҳ, 2019, 335 саҳ) ва «Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои ХУ1-ХУ11» (Алигарҳ, 2019, 550 саҳ) ба хатти форсӣ чоп шудааст. Ҳамчунин маҷаллаи «Қанди порсӣ» (фаслномаи фарҳанг ва забону адаби форсӣ), ки дар Деҳлӣ нашр мешавад, соли 2017, шумораи 71-72-ро бо номи «Вежаномаи устод Замира Ғаффорова» дар ҳаҷми 505 саҳифа чоп намуд, ки фарогири мақолаҳои Замира Ғаффорӣ роҷеъ ба адабиёти форсизабони Хиндустон мебошад. Нашр гардидани мақолаҳои Замира Ғаффорӣ дар маҷаллаи номбурда далеи эътироф шудани хизматҳои ин олим аз ҷониби ҳавзаи эроншиносии Шибҳи қораи Ҳинд аст. Беш аз 80 мақолаи илмии ин олими ҳиндушинос дар маҷаллаҳои гуногуни Ҳиндустон ба табъ расидаанд.
Ҳангоми омода сохтани мавод паёме расид - дар маҳфиле, ки дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид, доктори илми филологӣ, профессор, ҳиндушинос Замира Ғаффорӣ бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш – фарорасии фасли арӯси сол - баҳор ва Рӯзи Модар бонуи ҳамадон, зани фариштахӯ, модари дилбанд ва олимаи варзида Замира Ғаффориро муборакбод менамоем.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»