Намоиши асарҳои Аслиддин Калонов дар Арт-галереяи «Сомониён» ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассоми маъруф, узви Иттиҳодияи эҷодии Академияи бадеии Ӯзбекистон, аъзои Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон, профессор Аслиддин Калонов ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зимни боздид аз намоиш ва шиносоӣ бо асарҳои пурмазмуни мусаввир Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аҳамияти баланди санъати тасвириро ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими санъату ҳунар таъкид намуда, зикр кард, ки рушди он дар вилоят ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рассомону мусаввирон, меъморону ҳайкалтарошони Суғд дар форуму симпозиумҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷикро шоиста муаррифӣ менамоянд. 

Дар ин замина, ҳамкории мутақобила ва судманди аҳли эҷоду ҳунари вилоят бо ҳамтоёни хориҷӣ, аз ҷумла кишвари дӯст ва ҳамсояи Ӯзбекистон густариш ёфта истодааст. Баргузории чунин чорабиниҳо далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар се толори Арт-галереяи «Сомониён» зиёда аз 60 асари рассоми шинохтаи Ӯзбекистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Аслиддин Калонов асосан дар самти композитсия ва тафсири мавзӯъ дар сатҳи баланд эҷод мекунад. Осори ӯ фарогири мавзӯъҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ буда, мусаввир симои инсон ва нақши инсон дар ҷаҳон, рӯзгори хурраму осудаи мардум, муҳаббати поку самимӣ, зебоии табиати дилфиреб ва лаҳзаҳои ҷолиби таърихиро бо ҳунари воло инъикос менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки санъати тасвирӣ дар замони муосир ҷойгоҳи хосса дошта, баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди ин бахш, тарбияи завқи зебоипарастии ҷавонон ва бозёфтҳои тоза мусоидат менамояд. 

Намоишгоҳ то чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт ва дӯстдорону ҳаводорони санъати рассомӣ метавонанд аз он дидан намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh