Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» доир гардида, масъулини вилоят ва шаҳри Хуҷанд ҷавонони иштирокчиро дар саҳни Қалъаи Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол намуданд. 

Сипас, дар толори зебову боҳашамати Чойхонаи Қалъаи Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати ҷавонони хориҷӣ- иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҷавонон дидору суҳбат намуданд.

Раиси вилояти Суғд ҷавонони иштирокчии фестивали байналмилалиро ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, қудуми онҳоро ба мамлакати офтобии Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд самимона хайрамақдам намуд.

Ҳамзамон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат барои устуворгардонии пайванди дӯстӣ байни ҷавонони кишварҳои олам ва гузаронидани ин фестивали сатҳи баланди байналмилалӣ изҳори ташаккур намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳамкорию ҳамоҳангӣ дар баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” арзи сипосу миннатдорӣ намуда, ба кори фестивал барор таманно намуд.

Зимнан, роҳбарони ҳайатҳои ҷавонони кишварҳои иштирокчии фестивал низ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати мамлакат барои дар чунин фазои хубу гуворои идонаи баҳорӣ ба ҳам овардани қалбҳои ҷавонон бо мақсади таҳкими сулҳу дӯстӣ дар байни ҷавонони кишварҳои иштирокчӣ изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh