Бар ғунчаи зебо шуда булбул ба таманно

Ҳанӯз муҳассили муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами даҳуми пойтахт будаму модарам рӯзи шашуми мартро фарорасии сарисолӣ мегуфтанду бо ҳидояти он кас рӯйи дастархонро хушрӯй оро медодем ва албатта, он шом хӯроки оши палав омода сохта, тибқи нишондоди модар ба ҳамсояҳо тақсим мекардем. Он замон аксари ҳамсояҳо миллатҳои гуногун буданду ҳангоми мурооти оши палав фаро расидани сари солиро мефаҳмондем.

Рӯзҳои 22, 23-юми мартро бошад, рӯзи Наврӯз мегуфтанду модарам боз густурдани дастархони пур аз анворо мефармуданд.

Дар он замон рӯзе савори нақлиёти мусофирбар чашмам ба пештоқи корхонаи Почтамт афтод, ки шиори «Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!» навишта шуда буд. Дигар дар кӯчаҳои пойтахт ягон тантанае ба ифтихори ин иди баҳор – рӯзи нав дида намешуд, аммо зери дастархони хонаводагӣ кулли душанбегиҳо ид доштанд, сурур доштанд, хӯрокҳои миллии пурлаззату кулчаву шириниҳо омода месохтанд.

Гирди дастархони оилавӣ модарам дар бораи иди Наврӯз, аз кадом сол ҷашн гирифтани он нақлу ривоятҳои ҷолиб менамуданд ва мо, фарзандон онро бодиққат гӯш мекардем.

Гуфтан мумкин, ки иди Наврӯз дар байни халқ буд, дар ҳалқаи оилавии ҳар як тоҷик қайд мегардид, аммо тантанаи он дар коргоҳу ташкилот дида намешуд. Вале боиси хурсандист, ки иди миллии тоҷиконро ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ҳифз карду он имрӯз ба шарофати пешниҳоди оқилонаи сарвари хирадманди миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдат  – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ҷаҳонӣ гашт.  Ҳоло дар Амрикову Япония, Русияву Ҳиндустон ва дигар қитьаҳои олам онро бо тантана, бо шодиву нишот ҷашн мегиранд.

Чанд сол қабл яке аз пайвандонамон дар Амрико мезисту аксҳои зиёд ва наворе тавассути паёмрасон ирсол кард. Чун фиристодаро аз назар гузаронидам, рӯзи нав, оламгир шудани Иди Наврӯзи оламафрӯзро дарк кардам. Ҳама дар бар либоси миллӣ – бонувону духтарон бо куртаи атласу адрасу чакан, ҷавонон бо ҷомаву тоқиҳои миллӣ сари дастурхони густурда нишастаанду рӯи мизро сумалаку самбӯсаву ширинӣ ва нонҳои болаззат оро медоданд. Зери мусиқии тоҷикии рӯҳнавоз ин мисраъҳо садо доданд:

Ин мулки адаб, мулки сухан, мулки шуарост,

Ин мулк Хуросон!

Хуршедсифат тоҷ барозандаи шерон,

Зебандаи авранг

Наврӯзи Хуросон!

Бо тавсияи Пешвои маҳбуби миллат Иди Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифту саросари олам – дар кишварҳои Осиё, Ховари Миёнаю Қафқоз, Балкану Белоруссия, Аврупову Африкову Амрико онро истиқбол мегиранд.  Дар сарчашмае чунин навишта: «Иди миллии мардуми тоҷикитабор ҳар сол 20 ё 21-уми март, мувофиқи хатти тақвимии григорианӣ баргузор мешавад, аз ин рӯ, оғози соли навро тибқи тақвими офтобӣ нишон медиҳанд».

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар саросари мамлакати офтобрӯя Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн мегиранд. Аз бонувони ҳаётдида, ки дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият бурдаанд, дар бораи Иди Наврӯз пурсон шудам. Инак, чакидае аз он суҳбати сарироҳӣ: 

Бонуи истаравшанӣ зимни пурсиш Иди Наврӯзро чунин шарҳ дод:

- Наврӯз, яъне чӣ? Мувофиқи номаш «рӯзи нав», фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин, оғози кишту кор барои марди деҳқон мебошад. Ин иди хосаест барои мардуми форсизабон ва дигар миллатҳои Осиёи Миёна, ки дар аксар маврид анъанаҳои муштарак доранд. Мардуми Осиёи Миёна идро таҷлил мекунанд ва боиси ифтихор аст, ки байни ин сокинон «Наврӯз» бо лаҳни тоҷикӣ, яъне рӯзи нав машҳур гардидааст.

Саломат Қобилова – сокини шаҳри Душанбе, собиқадори меҳнат, дар бораи таҷлили иди Наврӯз дар пойтахт чунин ибрози ақида намуд:

- Ба фикрам, иди Наврӯз дар Тоҷикистон, хосатан дар шаҳри зебои Душанбе хеле ботанатана ва бо шодмонӣ истиқбол мегиранд. Дар ин рӯз мардум ба хонаҳои ҳамдигар барои муборакбодӣ рафта, хӯроки миллӣ, аз ҷумлаи «Сумалак»-у «Чак – чак», «Оши палав» - у «Ширбиринҷ» ва дигар шириниҳои миллии омодакардаашонро меоранд ва бо шеъру таронаҳои наврӯзӣ аз омади рӯзи нав пайғом  меоранд. Наврӯз дар шаҳри Душанбе, ки халқҳои зиёд зиндагӣ доранд, ба як ҷашни пайвандашвии мардуми гуногунмиллат, барои кӯдакон, ки аламбардорони ҷомеаи пасованд ҳастанд, шодиву нишот мебахшад, яъне шукри ба рӯзи нав расидан, шукри оилаҳои тифоқ, хурсанд будан аз он ки боз ба баҳори нав расиданд, истиқбол мегиранд.

- Наврӯз рӯзест муборак, айёмест бедоршавии табиат, он ҷашни олист, зеро вақте ба меҳнати деҳқонони офтобхӯрда назар медӯзӣ, эҳсос мекунӣ, ки ин марди майдон табиатро барои фаслҳои минбаъда омода месозад, - гуфт бонуи хистеварзӣ Оиша – хола, ки бар соли хеш бо меҳнаташ дар майдони доманфарохи саҳро сол зам карда, ба мардуми вилоят ризқ расонидааст.

Иди Наврӯз дорои арзишҳои бузурги фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, сокинони кишвари офтобӣ ба ҳамдигар орзуҳои нек менамоянд.       

Устоде аз боргоҳи олии маърифат Наврӯзро тавлиди табиат номида гуфт:

- Одатан фарорасии субҳро ба тавлиди инсон шабоҳат медиҳанд, зеро тавлид мешавад. Боре дар фасли зебои сол дар фароғатгоҳе будам. Чун анъана фароғатгоҳро дар маконе бунёд мекунанд, ки обу ҳавои форам, табиати дилнишин ва ба табобат мувофиқ бошад. Осоишгоҳе, ки бунёд гардидааст, дар чунин мавзеи фиребангези дилрабо бунёд гардидааст. Соле қабл дар фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз чунин зебоиро дарёфтам: Дар бедоршавии субҳ берун омадаму онро бо чашм дидам, зуҳури он чӣ зебосту асрорангезу дилфиреб...

Бар ғунчаи зебо шуда булбул ба таманно,

Мутриби чаман нағма кунад, ваҳ, чи ғазалхон!

Аз ин рӯ, дамидани субҳро тавлид гуфтам ва онро муъҷизае номидам, ки аз омадани рӯзи нав дарак медиҳад. Ба осмон нигаристам. Ситораҳо гӯиё бо мавҷудоти олам хайрухуш мекунанду бо навбат нопадид мегарданд. Субҳ оламро фаро мегираду мавҷудоти олам – булбулони хушхону ҷонварони рӯи замин ва  инсонҳо якояк бедор мешаванд... Наврӯз омад...  

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh