Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Дар чорабинии наврӯзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилоят ширкат варзида, аз хаймаҳои наврӯзӣ ва барномаи фарҳангии пешниҳоднамудаи сарбозону афсарон дидан намуданд.

Хаймаҳои наврӯзӣ бо завқи баланд аз ҷониби ҳайати Раёсат ва зерсохторҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ омода гардида, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суханронӣ Раиси вилоят зикр намуд, ки иқдомоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳё ва густариши ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ мебошад.

Ҷашни Наврӯз имрӯз ба унвони рамзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву накӯкорӣ ва эҳтиром ба табиату неъматҳои он дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад ва аҳамияти бузурги фарҳангию маънавии худро ҳифз намуда, омили муҳими муттаҳидсозандаи миллатҳо ба шумор меравад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо афсарону сарбозон, онҳоро аз номи Пешвои миллат бо ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо орзу кард.

Чорабинии наврӯзӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ, иҷрои сурудҳои миллӣ, рақсу шодмонии сарбозону афсарон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh