Ҳамкории якҷояву пайваста баҳри рушди ҷомеа
- Details
- Published on Monday, 14 April 2025 10:08
Санаи 9-уми апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят бо иштироки аъзои Шӯро, ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Тибқи Низомномаи Шӯро ҷаласаро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода раисӣ намуд. Дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020, таҳти №206 “Дар бораи барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 17-уми марти соли 2009, таҳти №72 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома корманди Раёсати фарҳанги вилоят Набиҷон Ҷӯразода баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади иҷрои қарори номбурда дар бораи “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳо ба иҷро расиданд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандӣ таваҷҷуҳ зиёд гардида, намудҳои маъмули ҳунарҳои миллии маҳаллӣ эҳё ва рушд карда истодаанд.
Дар ин давра намудҳои мухталифи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили сарояндагии анъанавӣ, дойранавозӣ, карнайнавозӣ, дӯзандагӣ, кешбофӣ, зардӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, лӯхтаксозӣ ва гулбофӣ рӯ ба рушд доранд.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳанги истифодаи либосҳои миллӣ, бахусус адрасу атлас ва чакан чун анъана ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашнҳои “Рӯзи Модар” ва “Наврӯзи Аҷам” озмунҳои “Атласи тоҷик”, “Сад ранги чакан”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Таомҳои миллӣ” ва “Кадбонуи беҳтарин” дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқии «Бозори ҳунар» дар минтақаҳои кишвар ба рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳо дар раванди тарбияи наврасону ҷавонон, қавӣ намудани эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушду тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, танзими анъана ва расму ойинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мусоидат менамояд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят «Феҳристи ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо» аз рўи намудҳои мухталифи ҳунармандӣ таҳия шудаанд.
Аз ҷониби кормандони осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати муайянсозӣ, тарғиб ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, эҳёву бақайдгирии мероси ғайримоддӣ дар ҳамкорӣ бо масъулони соҳа низ корбарӣ ба роҳ монда шуда, гўшаи доимоамал таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфта, дар онҳо маҳсули эҷодии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Боиси зикр аст, ки ду бахши озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман»–«Санъати тасвирӣ» ва «Дизайн» унвон гирифта, иштирокдорон метавонанд маҳсули ҳунарии худро дар самти кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чўб, бофандагӣ, гаҷкорӣ ва наққошӣ пешкаши ҳакамон намоянд.
Айни ҳол дар вилоят 6 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 11 ансамбли шашмақомсароён, 2 гурўҳи ҳаҷву мутоиба фаъолият доранд. Боиси ифтихор аст, ки соли 2023 «Шашмақом» ва соли 2021 «Фалак» ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати иҷрои бандҳои Барномаи мазкур корбариро ба роҳ мемонад, гуфт Н.Ҷӯразода.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода баромад намуда, иброз дошт, дар доираи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба рушди самтҳои гуногуни соҳа амалӣ гардида, ба устувор нигоҳ доштани сурати рушди соҳа мусоидат намуда истодаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 22 миллиарду 387 миллиону 945,3 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро ташкил мекунад.
Аз ҷумла нисбат ба соли пешин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 15 милларду 471 миллиону 609,5 ҳазор сомонӣ, 113,9 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 6 миллиарду 916 миллиону 335,8 ҳазор сомонӣ, 111 фоиз, моҳипарварӣ 22 миллиону 343,7 ҳазор сомонӣ, 100,1 фоиз таъмин карда шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 433924,4 тонна, аз ҷумла гандум 188265,7 тонна, пахта 86100, картошка ба 654474,4, сабзавот 686824,6, полезиҳо 236005,1, меваҷот 253945,4, ангур 62710,2, гӯшт 92838,4, аз ҷумла гӯшти паранда 19331,6, шир 311091,4, тухм 768 миллиону 905 ҳазор дона, пашм 1698,7 тонна, пилла 108,6 ва асал ба 1603,4 тонна баробар гашт.
Афзоиши аксарияти номгӯи нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа аз 100,3 то 2 баробар таъмин карда шуд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 62,7 ва бахши аҳолӣ 37,3 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ ба миқдори 2381,2 тонна пахтаи тухмӣ захира гардидааст. Барои таъмини хоҷагиҳои пахтакори вилоят соли ҷорӣ бо чигити тухмии аълосифати элита ва репродуксионӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят аз ҳисоби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24,03 тонна чигити тухмӣ ворид карда шудааст, ки асосан навъҳои «лазер», «лима» ва «рамсес» мебошад.
Дар самти картошкапарварӣ низ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ду марҳала ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 284,55 тонна картошкаи тухмии навъҳои «эволюшен», «пикассо» ва «аризона» дастрас шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои картошкапарварии вилоят захираи тухмии картошка 125 ҳазору 64 тоннаро дарбар мегирад.
Дар вилоят 3 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ, аз ҷумла Кооперативи тиҷоратии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара, «Нуробод» ва Саидқурғон»-и ноҳияи Спитамен ба истеҳсоли гандум, инчунин 8 хоҷагӣ ба истеҳсоли гандум ва пахта фаъолият бурда, дар таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо гандуми тухмии хушсифат ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.
Кишоварзони вилоят минбаъд низ барои амалисозии сиёсати аграрии мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд, гуфт А.Маҳмудзода.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро Аҳмадҷони Раҳматзода, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мирзоанвар Ахмедов, раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Турсунбой Раҳматов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва Биҳоҷал Раҳимова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар интиҳо муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода оид ба масъалаҳои баррасишуда назару андешаҳои хешро ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ва ҳамкории якҷояву пайвастаи аҳли аъзои Шӯро ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуд ва ҷаласа бо қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои баррасишуда ва муайян намудани масъалаҳои минбаъд матраҳшаванда анҷом пазируфт.
Аминҷон Шарифзода,
“Ҳақиқати Суғд”