Осори мурдадафнкунӣ дар хум

Моҳи ноябри соли 2015 дар ҳудуди деҳоти Сандағундаки ноҳияи Истаравшан аз ҷониби толибилмони синфи 10-уми МТМУ №47-и деҳа, Санҷар Рустамов ҳангоми

чаппагардонии қитъаи замин аз ду ҷой ду хуми устухони одам доштаро дарёфт намуд. Дар ин хусус масъулони деҳа Э.ҳоҷиев, А.Табуров ба маъмурияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

Масъулини осорхона М.Бойматов, И.Турсунов бо сарварии профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон С.Марофиев ба мавзеи деҳоти номбурда сафар намуда, макони бозёфтро аз назар гузарониданд. Дар ҷойи бозёфт қаблан замин чаппагардон ва ҳамвор карда шуда буд. Аз гуфти шоҳидон устухонҳо ва пораҳои хум дар як гeшаи бинои кумитаи деҳа муваққатан нигоҳ дошта мешуд. Пас аз шиносоӣ бо сафолпораҳои хум ва устухонҳо лозим дониста шуд, ки бояд устухонҳо дар қабристони деҳа гeр карда шаванд ва хумпораҳо барои таҳқиқ ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ интиқол гардад.

Дар хусуси бозёфти нав аз мавзеи деҳаи Сандағундак метавон гуфт, ки чунин бозёфтҳои шабоҳат дошта дар манотиқи гуногуни Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт гардида аз ҷониби бостоншиносон мавриди омeзиш қарор дода шудаанд.

Соли 1970 дар наздикии ёдгории бостонии Ситорактеппаи деҳоти Пош ва Росровути ноҳияи Ғончӣ чунин бозёфти мурдадафнкунӣ дар хум ёфт шуда буд. Бостоншиноси гурeҳи экспедитсияи археологии Тоҷикистони Шимолӣ (СТАКЭ) П.Т.Самойлик баъд аз таҳқиқи ҷойи бозёфт ба хулоса омадааст, ки чор адад хум бо устухони одам аз нишебии хоктеппа дарёфт карда шуда, аз ҷиҳати хусусияти шакл, сохт ва чамбараки даҳанаи хумҳо ба асрҳои V-VIII мелодӣ тааллуқ доранд.

Бостоншинос Т.Беляева ҳангоми ҳафриёт дар шаҳраки бостонии Нуртеппаи ноҳияи Истаравшан соли 1982 якчанд қабрҳоро пайдо намуд, ки дар он тарзи мурдадафнкунӣ дар хум мавҷуд буданд.

Дар хумҳо устухонҳои кeдакон аз 1,5 сола то 5-сола вуҷуд дошта, андозаҳои хумҳо гуногун, буданд. Шакли хумҳо байзамонанд буда, нишонаҳои гуногун доштанд. Ба ақидаи Т.Беляева чунин тарзи мурдадафнкунӣ дар хум дар асрҳои V-VIII мелодӣ хеле паҳн гардидааст.

Тибқи назари бостоншинос В.И.Козенкова чунин тарзи мурдадафнкунӣ дар хум ба асри VIII мелодӣ мансубият доранд ва дар он давра ҳанeз дини ислом қатъиян ҷорӣ нагардида буд. Илова бар он, назаре дорад, ки хислатҳои хоси фарқкунандаи гурeҳи муайяни равия, мазҳабу шохаҳои дину оини зардуштӣ  эҳтимол водор менамуданд, ки чунин тарзи мурдадафнкуниро пеша кунанд.

Дар хусуси бозёфт аз деҳаи Сандағундак метавон гуфт, ки ду хуми устухони одам дошта, аз рeи маълумоти ахборотдиҳандагон аз чуқурии 1метр аз нишебии теппаи баландиаш тахминан 10-15м, заминаш зардхок дарёфт шуда, дар ҳолати хумпораҳо ба мо манзур гардиданд.  Ғайр аз пораҳои хум ва устухонҳо дигар ашёҳо мушоҳида нагардиданд.

Ба мо муяссар гардид, ки бо кeмаки рассоми осорхонаи мазкур А.Ҷабборов аз пораҳои хуми мавҷуда танҳо як хумро қисман барқарор намоем. Тахминан баландии хум 1,10м. бараш 0,74м. ва шаклаш байзамонанд аст. Қиёсан андозаи хуми мазкур назар ба хумҳои дар боло зикргардида калонтаранд.

Бозёфтҳо ва маълумоти мeътамади дар боло ишора гардида, аз он далолат медиҳанд, ки осори мурдадафнкунӣ дар хум, ки аз ҳудуди деҳаи Сандағундак дарёфт шудаанд, ба бозёфтҳои солҳои қаблӣ шабоҳат доранд. Бешубҳа метавон гуфт, ки он ба асрҳои V-VIII мелодӣ мутааллиқанд.

Хулас, бозёфти мазкур осори моддӣ-фарҳангӣ ва бостонии давраи то исломӣ маҳсуб ёфта, он аз таърихи қадимаи Истаравшан, маросими як навъи дафнкунии диниву оини зардуштии асрҳои  V-VIII мелодӣ маълумот медиҳад ва ба масъалаҳои зиёди саҳфаҳои нокушодаи таърихи кишварамон рeшанӣ меандозад.

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh