Ҳафт рӯзи намоиши китоб

Санаи 2 апрели соли равон дар толори  китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи  Аминҷон  Шукӯҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»   ва намоиши васеи китоб таҳти унвони «Китоб- ганҷи инсон» оғоз ёфт.

Тавре директори китобхонаи бачагонаи вилоятии  ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муаззама Расулова мегӯяд, ин фестивал тӯли ҳафт рӯз идома ёфта, бахшҳои гузаронидани фестивал ҳар рӯз бо ширкати шоирону нависандагон, публитсистон ва адибон, алоқамандону хонандагони бешумор баргузор мегардад.

-Фестивал аз 2 апрел то 9 апрел баргузор гашта, ҳадаф аз баргузории он тавсеа бахшидани робитаи байни адибон ва хонандагон,  дар ин зимн дар зеҳни мардум ҷойгузин намудани муҳаббати китобу китобхонӣ мебошад. Албабатта ин иқдом бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда истодааст, ки умедворем самараи хубе ба бор меоварад,-мегӯяд Муаззама Расулова.

Лозим ба таъкид аст, фестивали мазкур  дар бахшҳои «Китоб – ганҷи инсон», «Умре, ки сарфи шеър аст», «Дунёи шоир –дунёи роз аст», «Ҳама гул ҳама тарона», «Ашъори пур аз меҳру вафо», «Табиб – вориси арзандаи Сино», «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» дар толори китобхона доир мегардад ва ҳаводорон метавонанд аз он дидан намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh