Мавзеи ҳайратбарангези Шайх Маслиҳатдин

Масҷиди Бадеуъззамон Шайх Маслиҳатдин дар Осиёи Миёна қадимтарин масҷид аст ва дар шафати бозори Панҷшанбе ҷойгир буда, аз лиҳози санъати меъморӣ яке аз шоҳкориҳоест, ки ибтидо аз асри 12 то ба замони мо ҳамчун мероси миллию динӣ омада расидааст.

Он дар аҳди қадим ҳамчун як мавзеъи зиёрату ибодат ҳисобида шуда, ҳатто замони режими сахти коммунистии Шӯравӣ низ натавонист, ки дари ин ибодатгоҳ ва зиёратгоҳро ба рӯйи ибодаткунандагон ва зойирин бубандад. Тибқи маълумотҳои расида, Масҷиди Шайх Маслиҳатдин (дар баъзе сарчашмаҳо Шайх Муслиҳиддин) дар қаламрави Осиёи Миёна яке аз бузургтарин масоҷид ба ҳисоб рафта, номгузории он ба шарафи яке аз симоҳои барҷастаи шариатшинос,  астроном, фақеҳ, олим, мутафаккир Бадеуззамон Шайх Маслиҳатдин баргузида шудааст.

Зеро дар шафати масҷид марқади марҳум воқеъ гардида, аз лиҳози санъати меъморӣ яке аз ҳунарҳои мардумиест, ки аз ҳунарвару санъатдӯст будани мардуми Хуҷанд огоҳӣ медиҳад.

Ривоят мекунанд, ки олими фақиди шариатшинос аз аҳли барҷаставу намоёни тариқати тасаввуф ба шумор рафта, ҳатто тибқи ривоятҳо дорои мӯъҷизаҳо низ будааст. Ин аст, ки дар баъзе китобиёт ва таърихномаҳо омадааст, ки гӯё аввалин марқади ӯ дар деҳаи Унҷӣ буда, сониян дар ибтидои асрҳои 13 хоки ӯ ба ин мавзеъ кӯчонида шудааст.

Ҳамчунин, дар нигораҳои таърихӣ исми Шайх Маслиҳатдин ҳамчун шоир ва шаҳрдори Хуҷанд низ омадааст, ки дар асри 12 зисту иқомат намудааст. Тарҷумаи ҳоли ин марди Худо дар бойгонии бебозгашти миллат мулаққаб ба «Маноқиб» низ ишора шудааст.

Ривоят мекунанд, дар замони ҳанӯз зинда будани Бадеуззамон айнан дар ҳамин мавзеъ масҷиди бузурге бо санъати кошинкориву кандакорӣ ва гулкориву чӯбкорӣ бино шуда будааст, ки назираш танҳо дар Бухорову Самарқанд будааст. Аммо тохтутози аҳриманонаи лашкари Чингиз дар асри 13 аксарияти шаклу намои экспозитсияи таърихии онро хароб карда, сониян дар асри 15 аз ҷониби мардуми бумии Хуҷанд ва ҳунарварону соҳибкоронаш иқдоми дубораи таҷаддуди бино сурат гирифта будааст.

Дар шафати масҷид аз замонҳои қадим мадрасае вуҷуд дошта, ки яке аз марказҳои илми илоҳиётшиносӣ ва ҳандасаи Мовароуннаҳр маҳсуб мешудааст.

Тармими дубораи он дар асри 16 дубора аз сар гирифта, тарҳи нав андохта шуда, кошинкориҳои ҳайратбарангези то ба ҳол боқимондаи он асосан маҳсули ҳамин давра ҳисоб мешавад. Манораи дар даромадгоҳи масҷид қарор дошта, мутааллиқ ба ҳунарварии охири асри 19 мебошад.

Дар моварои ду хонақоҳи кӯҳна дар замони истиқлолият бо санъати гаҷкории беназир ва ҳошияҳои тиллокории он бунёд гаштани як бинои асосии ибодатгоҳ низ бори дигар сайёҳонро ба тааҷҷуб гузошт, ки воқеан мардуми Хуҷандзамин аз рӯи ирсу варосат ҳанӯз низ созандагону бунёдкоронаи мӯъҷизаофар будаанд.

Ин аст, ки дар ҳузури он ҳар сол ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ аксбардорӣ менамоянд ва дар сафҳаҳои интернетии худ бо шавқу шараф ва ифтихор аксашонро мегузоранд.

Шаҳноза Ҳомидова

 

Add comment


Security code
Refresh