Таҳаввулгари тақдири миллат

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд деворнигора созмон ёфтааст, ки аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол хабар медиҳад. Ин деворнигора аз 5 бахш иборат аст.

Дар бахши аввал аксҳое менамоянд, ки  замони нобоварӣ ба оянда, яъсу ноумедӣ, парешонҳолӣ ва тарки Ватан намудани мардумро ба бинанда пешорӯ меорад. Хусусан, аксҳои майдоннишинони Шаҳидон ва Озодӣ, силоҳбадастон, қурбониён тамошогаронро муассир сохта, ба андеша водор мекунанд, то ки ба қадри  замони имрӯзаи осоиштаи сериву пурӣ  расида, ба Ватани азиз хизмат намоянд. Бахши дуюм аз намои Қасри сарнавиштсози Арбоб ибтидо ёфта, гӯё офтоби Истиқлол аз он ҷо нур мепошад. Акси вакилони  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати ХII) дар маҷлисгоҳ, суханронии вакили Иҷлосия, Шаҳрванди фахрии Хуҷандшаҳр, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳон Набиев, китоб ва ҳуҷҷатҳои ӯ ба намоиш гузошта шудааст. ӯ аз аввалин вакилонест, ки  дар Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кардааст.

Камолоти Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ равшан зуҳур меёфт ва халқ дид, ки Сарвари давлат танҳо ба манфиати мардум кӯшишу ҳаракат дорад ва халқи қадршинос сарҷамъ гирди Сарвари худ шуданд, ки натиҷаи он бо аксҳо дар бахши сеюм дар толори «Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар маърази тамошо гузошта шудааст.

Бешубҳа, аксҳои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншоот ва коргоҳҳои нав ба амсоли корхонаи равғанбарории «Комрон Агрохолдинг», заводи таъмиро вагонҳои Маҳрами Конибодом, корхонаи муштараки Каобол тексттоҷиктайлз ва инчунин қадамҳои мубораки Ҷаноби Олӣ ба вилояти Суғд, аз ҷумла, ба гандумзори ноҳияи Мастчоҳ, «Иди зардолу»-и Конибодом, иштирок дар озмуни «Зардолуи шаҳдбор» ва сӯҳбат бо занбӯрправарони хоҷагии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишони ободӣ ва гулгулшукуфии диёр дар бахши чорум аст. 

    Бахши панҷум аксҳои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод дар нақби «Истиқлол»-и Анзоб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гувоҳи сиёсати дохиливу хориҷӣ аст.

 Кимиёхон АТОЕВА,
 ходими илмииОсорхона,
номзади илмҳои филология

Add comment


Security code
Refresh