Фестивал-озмуни «Либосҳои миллӣ»

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон эҳё гардида, тавассути таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани занону духтарон эҳё гардида, тавассути таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани занону бонувон мусоидат намуд.

Бо мақсади тарғиб ва муаррифии намудҳои гуногуни матоъҳои миллие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад, аз ҷумла, атлас ва адраси тоҷик, рушд ва истеҳсоли матоъҳои миллӣ ва ба ҳифзи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар миқёси вилоят фестивал-озмуни «Либосҳои миллӣ» эълон гардидааст. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрел Фестивали шаҳрии «Либосҳои миллӣ»-ро  бо риояи ҳамаи талаботҳо ташкил ва баргузор намуд. Озмун дар литсейи касбии саноатӣ - кишоварзии шаҳр баргузор гардида,  тарроҳони беҳтарин маҳсули меҳнати худро нишон доданд. Озмун аз рӯи 5 намуди либосҳои миллӣ – беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси расмӣ, беҳтарин либоси идона ва беҳтарин либоси қадимаи миллӣ ташкил гардида, 8 нафар тарроҳон аз ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ширкат варзиданд.   

Тарроҳи ҷавон Дилафрӯз Акбарова (аз Ҷамоати деҳоти Пӯлодон) ғолиби фестивал- озмун дониста шуд. Ҷои дуюм насиби Дилором Собирова (аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон) гардид ва мавқеи сеюмро Муқаддас Мардонова (аз ҳудуди шаҳр)  ишғол намуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Нодира Мирзозода иштирок намуда, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Конибодомро ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол  супурд.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh