Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон

Рӯзҳои 2-юм то 9-уми апрел дар миқёси шаҳр Фестивали ҷумҳуриявии «ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардида, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ дар китобхона-филиалҳо бо иштироки дӯстдорони китобу адабиёт гузаронида шуданд.

Рӯзи аввал ва тантанаи ифтитоҳи фестивал 4-уми апрел дар дохили боғи истироҳатии шаҳр, назди чойхонаи «Дилписанд» бо иштироки аҳли зиё, ровиёни шеъру сухан ва хонандагони фаъоли китобхона-филиалҳо сурат гирифт. Дар он намоиши  китобҳои тозанашри бачагона, адабиёти хонданбоби назмиву насрӣ, китобҳо оид ба «Соли фарди солим» пешкаши  ҳозирин гардонида шуд. Рӯзи  нахустини Фестивал ба 80-солагии шоири бачаҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон бахшида шуда, дар ин хусус аз ҷониби иштирокдорони Фестивал баромадҳои ҷолиб пешкаш гардид. Дар ҷараёни Фестивал сарвари МТМУ №3 Т.Ғаниев, собиқадори соҳаи маориф Р.Иномӣ дар бораи китобу мутолиа ва ба китобхониву адабиёт ҷалб намудани кӯдакону наврасон ҳарф зада, ба эҷодиёти А.Бобоҷон бахшида шудани рӯзи аввали фестивалро басо муфид арзёбӣ намуд ва хонандагонро ба дӯст доштани китоб, Ватан, хушахлоқиву некрафторӣ ва  эҳтироми калонсолон даъват намуданд.

Дар доираи фестивал инчунин дар китобхона-филиали №10 якҷоя бо китобхона-филиали №8 субҳи адабӣ бо иштироки хонандагони МТМУ№25 баргузор гардид, ки он ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, таҳти унвони «Месарояд дил суруди шоди Истиқлол» сурат гирифта, зиёда аз 30 нафар тамошобин иштирок намуданд. Дар идомаи фестивал дар китобхона-филиали №4 вохӯрӣ бо корманди тиб М.Маҳмудова намоиши китобҳо ва хулосаи китобшиносӣ бахшида ба Соли фарди солим баргузор гардид.

Дар рӯзи шашуми фестивал дар китобхона-филиали №3 бо иштироки хонандагони МТМУ№4 маҳфили адабӣ-бадеии навқаламон бо номи «Китоб -калиди илму дониш» баргузор гардид.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh