Асадбек Пўлодов: Санъати миллиро нигоҳ медорем!

Раванди ҷаҳонишавӣ ва тараққиёти бесобиқаи илму техника ба он оварда расонд, ки бархе аз паҳлўҳои фарҳанги мардумӣ дар меҳвари нобудшавӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, нигоҳ доштани санъати миллӣ ва арзишҳои волои он як рукни ҳифз намудани забон ва фарҳанги ниёгон мебошад.

Дар ин росто саҳми фарҳангиён, бахусус ҳунармандон хеле калон аст. Ансамбли «Навои Бадахшон» аз зумраи дастаи ҳунарие мебошад, ки барои пос ва беолоиш маҳфуз доштани санъати волои мардуми кўҳистон ҳиссаи арзанда дорад. Сўҳбати ихтисосии мо бо роҳбари ансамбли «Навои Бадахшон» Асадбек Пўлодов перомуни фаъолият, эҷодиёт, ҳунарварӣ ва дигар паҳлўҳои муҳими он сурат гирифт.

- Бигўед, ки дар кадом замина зарурати таъсиси ансамбли «Навои Бадахшон» ба миён омад?

- Дар замони Истиқлолият ба хотири рушду нумўи санъати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои фарҳангӣ, такмилу рушд додани фолклор ва этнографияи миллӣ ва бо ин васила баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ миёни ҷомеа тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Ба ин хотир соли 2000-ум зарурати таъсиси ансамбли «Навои Бадахшон» ба миён омад. Беҳтарин ҳунармандон дар асоси озмун ба ансамбл ҷалб гардиданд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ба мерос мондани арзишҳои суннатӣ барои ояндагон муҳим ва саривақтист. Ҳунармандони ансамбл барои ҳифз намудани фарҳанги ниёгон ҳама вақт аз тақлид ба либосу усули бегона дар каноранд. Ансамбли «Навои Бадахшон» кўшиш ба харҷ додааст, то либосҳои анъанавии миллиро дар такя ба фолклору санъати этнографӣ барои аҳли мардум муаррифӣ намояд.

- Умуман, ҳамчун санъатшинос ба ҳунарнамоии санъаткорони ансамбл чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Имрўз ансамбли «Навои Бадахшон» дар доираи дувоздаҳ нафар ҳофиз, гурўҳи рақсӣ иборат аз ҳашт кас, шаш нафар ромишгар ва гурўҳи сабти овозу танзимгарон фаъолият менамояд. Беҳтарин ҳунармандон, аз ҷумла ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Паллаев, ҳунарманди шинохта Абдулшаҳид Саодатшоев, ҳофизони мумтоз, ба монанди Иқбол Саидиков, Аҳмад Саидиков, Аҳмад Ёрбеков, Гуландом Борониева, Насиба Давлатхоҷаева, Муқаддас Элчибекова, Маъруф Шобеков, ромишгарон Худопаноҳ Бердов, Мамадодӣ Сафаров, Алим Девлохов, Тоҳир Саъдоншоев ва дигарон бо ҳунари волояшон санъати пурғановати мардуми кўҳистонро муаррифӣ менамоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки соли 2010 зимни ҷашнгирии иди умумиҷумҳуриявӣ, 13-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар вилоят, ансамбли «Навои Бадахшон» барномаи ҷолиби фарҳангиро пешкаши мардуми кишвар гардонд. Дар тантанаи идона, ки бо иштироки Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда буд, ҳунармандони ансамбл бо ҷолибтарин навовариҳои фарҳангӣ баромад намуданд. Суруди «Ориёиям», ки бо овози ҳунарманди асил Аҳмад Саидиков ва оҳанги Мухтор Муборакқадамов садо дод, ба як гимни ватанпарастӣ ва худшиносӣ табдил гашт ва имрўз ҳам миёни ҷомеаи ҳунарӣ ва мардуми ҷумҳурӣ маҳбубияти хосаеро касб намудааст.

- Кадом лаҳзаҳоро метавонед ёдоварӣ кунед, ки дар фаъолияти ҳунармандони ансамбл хотирмон буданд?

- Ҳар боре, ки дар саҳнаи ҳунар барномаи фарҳангиеро матраҳ менамоем ва аз ҷониби мардум истиқболи гарм эҳсос мекунем, дар хотир нақш мегузорад. Як гурўҳе аз ҳайати ансамбли «Навои Бадахшон» берун аз хориҷи кишвар ба Амрико сафари ҳунарӣ доштанд. Барномаи консертии ҳунарманди мумтоз Абдулшаҳид Саодатшоев бо Хосият Вализода, баромади ҳунарии ансамбли «Навои Бадахшон» дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе, Кўлоб ва Ваҳдат низ аз зумраи лаҳзаҳои беҳтарини ин ҳунармандон ва гурўҳи эҷодӣ мебошад.

Вале, ҷолибтарин лаҳзае, ки барои банда ва дастаи эҷодии ансамбли мо ҳамчун хотираи фаромўшнашаванда боқӣ мемонад, баргузории рўзҳои фарҳангии Ба- дахшон дар шаҳри Душанбе буд. Ҳунарнамоии дастаи ҳаваскорон даст дод, то барномаи фарҳангӣ бо фарогирии беҳтарин ҳунармандони вилоят боиси пазироии самимии сокинони пойтахт гардад.

- Имсол ҷашни ҷумҳуриявии 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилоят таҷлил мегар-дад. Ба пешвози ин санаи муҳими таърихӣ ансамбли «Навои Бадахшон» чӣ армуғонеро омода намудааст?

- Барои таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ аз имрўз диққати асосӣ дода мешавад. Баргузории Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилоят масъулияти бузургеро аз тамоми кормандони эҷодию техникии мо тақозо дорад. Дар ин самт аллакай сенарияи баргузории чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба пешвози ин санаи муҳим тартиб дода шудааст. Ин пайраҳа бисёр нозук аст ва мо кўшиш менамоем, то беҳтарин ва ҳассостарин суруду тарона, рақсу намоишҳои театрикунонидашударо дар такя ба фарҳанги пурғановати ниёгонамон манзури меҳмонони олиқадр гардонем.

Дар пешорўи таҷлили ин иди бошукўҳ рўзҳои фарҳанги вилоят- ҳои Суғду Хатлон дар Бадахшон гузаронида мешавад. Мо, умед дорем, ки ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Саъдоншоҳи ҶАНОБИЛШОҲ

 

Add comment


Security code
Refresh