«Риштаҳои тиллоӣ»-и бонувони Андароб

Ба асоси арқоми расмӣ дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ тайи солҳои охир дар ВМКБ бештар аз 3200 бонуи хонашин соҳиби ҷои кор гардиданд. Бештари бонувон ба шуғлҳои бофандагӣ машғул буда, маҳсулоташон ба мисли ҷўробу ҷемпер ва рўймолу попўшҳои мардона ва занонаи рангорангашон бозоргир ва муштариёни зиёд доранд.

Вале ба бовари бонувони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим имконияти рушди шуғлҳои қадимӣ ҳанўз зиёд буда, танҳо аз ҳисоби содироти риштаи тайёршуда аз пашми бузҳои нодири кашмирӣ даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.

Ҷаҳоннамо аз хурдӣ дастёри падари чўпонаш буду барояш гоҳе ба ферма ва гоҳе чарогоҳ чойю ғизо мебурд. Масъулини хоҷагӣ одатан аз он сухан мекарданд, ки агарчанде кишоварзон саъй меварзанд, вале бинобар хароҷоти зиёд маҳсулоти чорводорӣ ва зироаткорӣ даромади кам медиҳад.

Дар соли 1980-ум ба манзури рушди кишоварзӣ ва афзун гардондани даромаднокии воҳиди кишоварзӣ қарор дода шуд, ки Ҷамоати деҳоти Андароб ба парвариши бузҳои маҳинпашм махсус гардонда шавад. Ин намуди бузҳоро аз кишвари Олтойи Федератсияи Россия оварданд. Бузҳои ҷингиламўй ба ҷойи нав зуд одат карданд. Ҷаҳоннамо бузҳоро сила мекарду дасташ аз пашми нарму нафис ҳаловат мебурд. Мушоҳида мекард, ки ба виҷа фасли зимистон ҳаво ҳар чӣ сардтар мешуд, мўинаи даруни пашми бузҳо нарм-тар ва зиёдтар мегардид. Баҳор бузҳоро метарошиданду пашму мўинаашонро якҷоя дар ҷуволҳо андохта, шаҳрҳои дур мебурданд. Вай эҳсос кард, ки пас аз чанд соли содироти ашёи хом фаъолияти иқтисодии хоҷагидорӣ беҳбудӣ ёфт.

-Иқлими ноҳия барои парвариши бузҳои олтойӣ ва ё кашмирӣ бисёр ҳам мусоид аст. Вале бузҳои маҳинпашм, асосан дар фермаҳои деҳоти поёнии ноҳия ҷой дода шуданд. Ба фикри мутахассисон ҷангалзорҳои ноҳия, ки пас аз Ҷамоати деҳоти Андароб доман паҳн карда буданд, чарогоҳҳои хуб барои рамаи маҳаллӣ маҳсуб мешаванд, вале ҳангоми сар даровардани бузҳои зотӣ ба ҷангал мўинаи қимматнокашон ба хору хас мечаспиду талаф меёфт ва фоиданокии иқтисодии бузҳоро кам мекард.

Саршумори бузҳои зотӣ дар Ҷамоати деҳоти Андароб ба бештар аз 5 ҳазор сар расонда шуда, пашм ва мўинаашон ба шаҳрҳои Оренбурги Федератсияи Россия ва Марви Туркманистон интиқол меёфту дар он ҷо аз ашёи хом қолин, рўймол, ҷемпер ва намуди дигари маҳсулот мебароварданд.

Бештари ҳамсабақони Ҷаҳоннамо пас аз хатми мактаб барои таҳсил роҳи донишкадаҳои олиро пеш гирифтанд. Вале вай ҳамроҳи падар монд, зеро аз заҳмати чорводорӣ ҳам дар хонаашон шароит муҳайё буду ҳам хоҷагӣ даромад мегирифт ва падар ба дастёр ниёзи сахт дошт. Дере нагузашта, таъсири тўфонҳои сиёсӣ ба кўҳистон ҳам расид ва хоҷагиҳои фермерӣ барҳам дода шуда, чорво ба мардум тақсим гардид. Мўина ва пашм бехаридор дар анборҳо мехобиду акнун бузҳои зотӣ ҳам дар баробари чорвои маҳаллӣ асосан барои гўшташон ба фурўш бароварда мешуданд. Вале савдогарони қирғиз, ки аз ҳар имконияти пулёбӣ истифода мекунанд, фоидаи пашми бузҳои зотиро дарк намуда, роҳи фурўшашро пайдо намуданд ва ҷувол – ҷувол бо нархи арзон онро аз мардум харид менамуданду мебурданд. Дидани ин ҳолат дили Ҷаҳоннаморо сахт ба дард оварда буд.

Хушбахтона, чанд сол пеш бо ибтикори як созмони байналмилалӣ дар доираи мусоидат ба корёбии занони деҳот иҷрои барномаи эҳёи бузҳои зотӣ дар ВМКБ ва тайёр намудани риштаи хушсифат аз пашм онҳоро рўйи даст гирифта шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Андароб интихоби роҳбари гурўҳ бар сари Ҷаҳоннамо афтод, ки дар парвариши бузҳои зотӣ таҷрибаи зиёд дошт. Бо маблағи аввалия ва кўмаки шавҳараш Хушқадам Паҳлавоншанбиев таҷҳизоти сохти шўравиро такмил дода, барои ресандагӣ мутобиқ сохтанд. Акнун корхонаи ресандагии «Ҷаҳоннамо» 22 нафар ҳунармандонро аз қишлоқҳои гуногун муттаҳид менамояд. Риштаи тайёршудаи ресандагон аз пашм ва мўинаи бузҳои зотӣ ба Амрико бурда мешавад. Ба ғайр аз хароҷот аз ҳар килограми ришта ба буҷаи хонаводагии ресандагони корхона қариб 500 сомонӣ ворид мешавад. Вале, кор ҳанўз ҳам, асосан бо усули дастӣ анҷом мешаваду маҳсулнокӣ кам аст. Ҷаҳоннамо дар доираи табодули таҷриба усули коркарди пашми бузҳои зотиро дар корхонаҳои Файзобод ва ҳироти давлати ҳамсоя дида, рўзеро орзу дорад, ки чунин таҷҳизоти тозакунии пашм ва ресандагӣ дар бинои сехе ҳам, ки сохтмони он дар деҳа оғоз гардидааст, гузошта мешавад. Ҷой барои сохтмони сехро мақомоти маҳаллӣ ҷудо намуд.

Раиси кумитаи занҳои вилоят Сайёрамо Замирова риштаи хушсифати аз бузҳои зотии кашмирӣ тайёрнамудаи ҳунармандони Андаробро «тиллоӣ» унвон мекунад. Ба гуфтаи вай дар вилоят 97 ҳазор сар буз парвариш меёбаду саршумори аз ҳама бештар – 22 ҳазор сар ба ноҳияи Ишкошим рост меояд. ҳамасола 7 - 8 тонна пашм ва мўинаи бузҳои зотиро ҷамъоварӣ ва аз он 2 – 3 тонна риштаи хушсифат тайёр намудану аз фурўши он 150 – 200 ҳазор доллар даромад гирифтан мумкин аст. Дар сурати ба кор андохтани корхона дар Андароб то 80 нафар бонуи ҳунарманди деҳотро ба ҷойи кор таъмин кардан мавҷуд буда, имконияти коркарди ин намуди ашёи хом дар вилоят ҳавасмандӣ ба парвариши бузҳои зотӣ меафзояд.

Бонувони ноҳияи дигари калонтарин оид ба бузпарварӣ - Роштқалъа низ бо тайёр намудани «риштаҳои тиллоӣ» аз пашми бузҳои зотӣ тахассус пайдо мекунанд ва фоидаи онро аллакай эҳсос намудаанд.

Шарф ва рўсариҳои аз мўинаи бузҳои кашмирӣ тайёршуда гарм, нозук ва нафис буда, ҳар яки онро бемалол аз мобайни ҳалқаи ангуштарӣ гузаронидан мумкин аст ва барои нодир буданашон нархи гарон доранд.

Ҷаҳоннамо ба ҳамкории судманди мақомоти маҳаллӣ бо сармоягузорони байналмилалӣ ва дар натиҷаи он бароварда шудани орзуи бонувони Андароб бовар дорад.

 М.САИД

Add comment


Security code
Refresh