Оила - равшангари дилҳо

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳои ҷавон санаи 14-уми майи соли равон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила – равшангари дилҳо» маҳфил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят оилаҳои барўманд, ҷавонони навхонадор ва оилаҳои намунавии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва фарҳанг ширкат варзида, доир ба оилаву оиладорӣ сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, оилаи Ҳобиловҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки омўзгор ҳастанду 40 сол ин ҷониб зиндагии якҷоя доранд, доир ба мустаҳкамию пойдории оилаҳои ҷавон ва оилаи Ашўровҳо аз шаҳри Истаравшан, ки дар солҳои аввалини соҳибистиқлолии кишвар хонадор шудаанд, бо шукрона иброз доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин давлати орому осоишта умр ба сар мебаранд.

Инчунин, оилаи Абдуллоевҳо аз шаҳри Гулистон, ки ба хонадоршавиашон акнун 25 рўз шуда буд, барои маслиҳатҳои беғаразонаи оилаҳои намунавию барўманд ташаккури худро расониданд.

Ҳамзамон, оилаи табибон Раҳимовҳо аз шаҳри Хуҷанд оид ба эълон гардидани «Соли 2016 – Соли фарди солим» сухан ронда, доир ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ маслиҳатҳои муфид дода, оилаи Ўруновҳо аз шаҳри Конибодом ва оилаи Ҷумъаевҳо аз ноҳияи Мастчоҳ (кишоварзон) шукронаи даврони Истиқлолиятро намуданд, ки соҳиби заминҳои корам гардидаанд.

Оилаи Файзиддиновҳо аз шаҳри Исфара, ки падару писар ҳунарманданд, сирри хушбахтии зану шавҳарро дар ҳамдигарфаҳмӣ медонанд. Иштироки ҳунармандону санъаткорони номии вилоят ба чорабинӣ шукўҳу шаҳомати хоса бахшид.

Чорабиниҳои маърифатӣ – фароғатӣ, силсилаи семинар – машварати минтақавӣ таҳти унвони «Соли 2016 – Соли фарди солим», «Ҳаёти солим – боигарии миллат» ва «Оилаи солим – ҷомеаи солим» бахшида ба Рўзи байналмилалии оила бо ҷалби оилаҳои намунавӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардиданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Add comment


Security code
Refresh