Дар зодгоҳи аллома Иқбол

Боиси хурсандист, ки ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳои дўстонаи кишвари мо бо кишварҳои дуру наздик густариш ёфта истодааст. Яке аз кишварҳои ба мо дўсту ҳамкор- Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад.

Имрўз Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг, туризм ва ғайра муносибатҳои густурдаи дўстонаро ба роҳ мондаанд. Солҳои охир мавҷуд набудани хатсайри мустақим то андозае ба рушди ҳамкориҳо мушкил эҷод мекард. Вале хушбахтона, 6-уми майи соли равон аз ҷониби ширкати ватании «Сомон Эйр» ба шаҳри Лоҳури Покистон хатсайри мустақим ифтитоҳ гардид. Мусофирони ин хатсайри нахустин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон буданд.

Лоҳур дуюмин шаҳри калонтарини Покистон буда, аҳолияш бо атрофаш ҳудуди  7-8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Лоҳур дар қисмати шимолу шарқии Покистон, дар соҳили дарёи Равӣ воқеъ буда, ба сарҳади ҳиндустон хеле наздик аст. Пойтахти музофоти Панҷоб буда, маркази фарҳангию саноатии Покистон мебошад. Дар шаҳр саноати нассоҷӣ, кимиёвӣ, коркарди металл, мошинсозӣ ва ғайра тараққӣ кардааст.

Соли 1947 пас аз тақсимоти худуди ҳиндустон ва Покистон Лоҳур ва Панҷоб муддате чун минтақаҳои задухўрдҳои калон боқӣ монданд. ҳиндуҳо ва синхҳо шаҳрро тарк намуда, чойи онҳоро мусулмонҳои панҷобӣ гирифтанд.  Лоҳурро пойтахти фарҳангии Покистон меноманд. ҳамасола дар ин шаҳр конфронсҳои байналхалқӣ, фестивалҳои театрӣ ва мусиқавӣ, намоишгоҳҳо ва ярмаркаи китобҳо барпо мешаванд.  Соли 1968 ба хотири  ба имзорасидани Созишномаи Лоҳур  дар шаҳр ёдгории Манораи Покистон бунёд шуд, ки  он ба рамзи шаҳр табдил ёфтааст.

Қалъаи Лоҳур, ки ба рўйхати ёдгориҳои меъмории ЮНЕСКО  ворид мебошад, дар асри ҶVI бунёд шудааст. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур дар ҳайъати Империяи Бузурги муғулҳо буда, чанд муддат пойтахти он низ маҳсуб меёфт.

Масчиди Подшоҳӣ- аз калонтарин масчидҳои натанҳо Покистон, балки  дунё мебошад. Вай дар наздикии Боғҳои Шолимар ва Қалъаи Лоҳур ҷойгир шуда, солҳои 1673-1674 бо фармони Султон Муҳаммад Аврангзеб бунёд шудааст.

Мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ- шоир, мутафаккир ва файласуфи барҷастаи покистониро ҳамарўза ҳазорон нафар ихлосмандонаш зиёрат мекунанд. Хишти аввалин барои бунёди он соли 1938 гузошта шуда, сохтмон 13 сол давом кард. 

Дар наздикии Лоҳур, дар сарҳади ҳиндустону Покистон ҳар бегоҳ маросими кушодани дарвозаҳои сарҳади Покистону ҳиндустон баргузор мешавад, ки аз ҳарду кишвар хазорҳо нафар тамошобин ҷамъ меоянд. Ин маросим ба як намоиши театронидашуда монанд буда, ҳайъати тоҷикистонӣ аз тамошои он таассуроти бисёр бардоштанд. Дар дил ва чашми покистониён ҳисси баланди ифтихор ва ватандўстӣ ҷўш мезад. Аз як тараф нидои «Покистон зинда бод» боз ва аз тарафи дигар нидои «ҳиндустон зинда бод» такрор ба такрор ба гўш мерасид.

Зимни сафари гурўҳи хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри Лоҳур бо масъули Вазорати иттилооти Покистон Амир Малик вохўрӣ доир гардид. Номбурда афзуд, солҳои 70-80-и асри гузашта туризм дар Покистон хеле рушд ёфта буд. 

- Вале, айни замон шумораи сайёҳон то 40-50 фоиз  коҳиш ёфтааст. Яке аз сабабҳои ин нашр шудани ахбори бардурўғ дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ аст, ки имиҷи Покистонро ҳамчун кишвари ҷангзада нишон додан мехоҳанд. Аммо, дар баробари ин, маҳз ВАО қодир аст, ки барои тарғиботи ҳар як кишвар нақши сазовор гузорад. Новобаста аз ин Покистон талош дорад, то туризмро рушд диҳад. Покистон ба он хотир барои хориҷиён ҷолиб аст, ки табиати нодиру нотакрор, таъриху фарҳанги бою рангин ва хатсайрҳои мусоиди сайёҳӣ дорад, - гуфт А.Малик.               

Лоҳур ҳанўз аз соли 1976 бо пойтахти мо- Душанбе аҳди бародаршаҳрӣ бастааст. Боз шудани хатсайри аввалин ба Покистон аз ҷониби ширкати ҳопаймоии «Сомон Эйр» қадами неку муборак барои рушди муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Покистон мебошад.

Мутриба ТЎЙЧИЗОДА,
Душанбе-Лоҳур-Душанбе

Add comment


Security code
Refresh