Дасти гулкори бинокорон

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ пас аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд. Маҷмааро бинокорони Идораи сайёри механиконидаи № 115 бо тарзи замонавӣ таъмиру тармим намуда, саҳни онро бо фаввораю чароғакҳо оро ва майдончаҳояшро сабзпўш намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси вилоят  Заробиддин Файзуллозода ширкат варзида, чунин иқдомро дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ибрат ва дастгирӣ донист.

Дар чорабинӣ санъаткорони ноҳия бо суруду таронаҳои хеш дили ҳозиринро шод гардониданд.

Маҳмудҷон Ҳусейнзода,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh