Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамасола мардуми тоҷик санаи 22 – сентябрро ҳамчун рўзи бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Дар тақвими миллати мо ин санаи муборак рамзи ифтихор аз нобиғагону фарҳехтагони миллат аст, ки бо донишу заковат ва хиради оламгирашон дар саҳифаҳои таърихи башарият равзанаҳои тозаеро аз маънавияту инсонгароӣ, ваҳдату ягонагӣ, ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ боз намудаанд.

Хеле рамзист, ки Рўзи Рўдакӣ соли равон бо таҷлили бузургтарин дастоварди таърихи халқамон – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин нобиғаи оламшумул мавриди таваҷҷўҳ ва омўзиши хоса қарор гирифт.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷойгоҳи устод Рўдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик дуруст таъкид намудаанд: «Устод Рўдакӣ нахустин суханварест, ки ҳамаи дастовардҳои пешгузаштагони худро барои муосирон ва ояндагон ҷамъбаст намуд, адабиёти моро аз ҷиҳати шаклу мазмун пеш бурд ва тавре ки рўдакишиносон фармудаанд, ин адабиётро ба пояҳои баланд бардошта, ба тахт нишонд ва роҳи тараққиёти минбаъдаи онро муайян намуд».

Дар эҷодиёти устод Рўдакӣ мавзўъҳои панду насиҳат, зебоию зебоипарастӣ, сулҳу ваҳдат, бародарию баробарӣ чун рукни асосии зиндагӣ соддаю зебо ва барҷаста ифода ёфта, дар тарғиби дўстиву рафоқат, мардонагиву садоқат, ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии халқҳои олам нақши муҳим бозидаанд.

Гузашта аз ин, маҳз тавассути эҷодиёти устод Рўдакӣ забони ноби тоҷикӣ асолати азалии хешро то рўзҳои мо нигоҳ доштааст.

Шеъри устод Рўдакӣ пайвандгари дилҳост ва беш аз ҳазор сол аст, ки дар тарбия ва ҳувияти миллии мардум, хоса насли наврас саҳми арзанда мегузорад.

Бори дигар аҳли фарҳангу эҷод, кулли адибон, қаламкашону эҷодкорон ва ихлосмандони адабиёти пурғановати тоҷикро, ки анъанаҳои беҳтарини аҷдодонро идома медиҳанд, бо Рўзи Рўдакӣ табрику муборакбод намуда, барояшон комёбиҳо ва парвози баланди эҷодӣ таманно дорам.

Add comment


Security code
Refresh