Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон дар радифи тамоми форсизабонони олам бузургдошти мутафаккир ва суханвари бузурги миллати тоҷик – Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ботантана таҷлил менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили зодрўзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфон ва дар ҳамин замина дар зеҳну шуури ҳамватанон тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии кишварро ташкил додааст.

Шоистаи таъкид аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих ба тамаддуни башарӣ нобиғагон ва донишмандони зиёдеро эҳдо намудааст, ки дар ин миён ориф ва сӯфии маъруфи асри Х11 Ҷалолуддини Балхӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Мавлоно аз шахсиятҳои истисноии адабу фарҳанги тоҷик аст, ки осору афкораш роҳнамои ҷомеаи башарӣ буда, дар ҳалли бисёр муаммоҳои ҳаёти инсоният кӯмак мерасонад. Шоҳкори ҷовидонии шоир - «Маснавии маънавӣ», ки чанд соли охир аз пурхонандатарин китоб дар кишварҳои Ғарб  эътироф гардидааст, далели равшани ин иддао мебошад.

Ба шарофати баргузории ин санаи фархунда имрўз саросари кишвари азизамонро рўҳияи идона ва шукўҳу фараҳ фаро гирифтааст, зеро масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳод ва инсондӯстӣ, ки дар ашъори ҷовидонии Мавлоно Ҷалолуддин ситоиш гардидаанд, ба оромию осудагии ҷомеаи Тоҷикистон ва ба кишвари озоду обод ва  пешрафта табдил ёфтани он мусоидат менамояд.

Итминони комил дорам, ки эҷодиёти ин шоири бузург барои боз ҳам густариш ёфтани анъанаҳои неки миллӣ, рушди забони модарӣ ва дар маҷмӯъ тақвият ёфтани асосҳои бунёдии ҷомеаи аз ҷиҳати маънавӣ пешрафта нақши муҳим мегузорад.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh