Раиси вилоят ҳайати намояндагони санъати Афғонистонро ба ҳузур пазируфт
- Details
- Published on Monday, 03 October 2016 16:28
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони санъати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки барои иштирок дар чорабинии “Шоми дӯстӣ” ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, доир ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла санъат изҳори андеша намуд. Таъкид шуд, ки санъати муштарак муносибатҳои ду кишварро боз ҳам мустаҳкам ва робитаҳои фарҳангиро қавӣ мегардонад.
Зимни сӯҳбат роҳбари ҳайат Амирҷон Сабурӣ, оҳангсоз ва сарояндаи шинохтаи афғон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, аз муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор ёдоварӣ кард.
Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои санъати кишвари Афғонистон имрӯз, 3 октябр дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд